Марқӯс* 12
12
Масал дар бораи иҷоракорон
1Баъд Исо ба мардум бо масалҳо гап заданро сар кард: «Марде токзоре бунёд карда, дар гирдаш девор сохт. Сипас, ҳавзчае барои фишурдани ангур тайёр кард ва як дидбонгоҳ сохт. Баъд токзорашро ба чанд нафар иҷора дода, ба кишвари дигар сафар кард.
2Дар мавсими ҳосилғундорӣ соҳиби токзор хизматгорашро назди токпарварон фиристод, то ки ҳаққи худро аз он токзор бигирад. 3Вале онҳо он хизматгорро гирифта заданду бо дасти холӣ баргардонданд. 4Соҳиби токзор хизматгори дигарро фиристод, вале онҳо ба сари вай зада, ҳақорат карданд. 5Баъд боз хизматгори дигарро фиристод, лекин ӯро куштанд. Бисёр хизматгорони дигареро ҳам, ки мефиристод, ё мезаданд ё мекуштанд.
6Ҳамин тавр, дар хонаи соҳиби токзор ба ғайр аз писари азизаш каси дигаре намонд. Оқибат „писарамро ҳатман иззату эҳтиром мекунанд“ гуфта, писарашро фиристод. 7Вале токпарварон ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва соҳиби мерос мешавем!“ 8Сипас, ӯро дошта куштанд ва ҷасадашро берун аз токзор партофтанд.
9Акнун соҳиби токзор чӣ гуна рафтор мекунад? Баргашта он токпарваронро мекушад ва токзорро ба дигарон медиҳад.
10Оё шумо дар навиштаҷот нахондаед:
„Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд,
санги асосии таҳкурсии бино гардид.
11Ин кори Худованд аст
ва ба назарамон аҷиб менамояд“».#12:11 Забур 117:22-23
12Азбаски роҳбарони дин фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо буд, кӯшиш карданд, ки Ӯро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд, бинобар ин Ӯро ба ҳоли Худ гузошта рафтанд.
Савол дар бораи супоридани андоз
13Дертар чанд нафар аз фарисиён ва тарафдорони Ҳиродус ба назди Исо фиристода шуданд, то ки Ӯро бо сухан ба дом афтонанд. 14Онҳо омада гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Ту ростқавл ҳастӣ ва ба фикри одамон эътибор надода, бе хушомадгӯйӣ роҳҳои Худоро аз рӯйи ҳақиқат таълим медиҳӣ. Бигӯ, ки оё ба шоҳаншоҳи Рум андоз супорем ё не?» 15Исо, ки аз дурӯягии онҳо бохабар буд, чунин гуфт: «Чаро мехоҳед Маро ба дом афтонед? Ба Ман як тангаи динорро биёред, ки бинам».
16Вақте динорро ба Ӯ доданд, пурсид: «Дар ин танга акс ва номи киро мебинед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Шоҳаншоҳро».
17Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Он чи аз они шоҳаншоҳ аст, ба шоҳаншоҳ бидиҳед ва он чи аз они Худост, ба Худо». Онҳо аз ҷавоби Исо дар ҳайрат монданд.
Савол дар бораи зиндашавӣ
18Сипас, баъзеҳо аз равияи саддуқиён, ки зиндашавии мурдагонро рад мекарданд, ба назди Исо омада пурсиданд: 19«Устод, Мусо дар шариат ба мо навиштааст, ки „агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад“#12:19 Такрори Шариат 25:5. 20Инак, ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ зан гирифт, аммо фарзанд надида, аз олам чашм пӯшид. 21Баъд бародари дуюм ҳамсари ӯро ба занӣ гирифта, ӯ ҳам фарзанде ба дунё наоварда вафот кард. Бо бародари сеюм ҳам ҳамин тавр рӯй дод. 22Бо ҳамин сурат ҳамаи ҳафт бародарон бефарзанд вафот карданд. Баъд аз ҳама он зан ҳам аз олам чашм пӯшид. 23Пас рӯзе, ки мурдаҳо зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!»
24Исо ҷавоб дод: «Хатои шумо дар он аст, ки на маънои навиштаҷотро медонеду на қудрати Худоро. 25Вақте ки мурдаҳо зинда мешаванд, онҳо на зан мегиранду на шавҳар мекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд. 26Вале дар бораи зинда шудани мурдаҳо магар аз китоби Мусо дар ҳикояи бутта нахондаед, ки чӣ тавр Худо ба Мусо гуфтааст: „Ман Худои Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам“#12:26 Хуруҷ 3:6. 27Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Шумо хатои калон мекунед».
Муҳимтарин қонуни Худо
28Яке аз устодони шариат ба назди онҳо омада баҳсу мунозираашонро шунид. Вақте ӯ дид, ки Исо ба онҳо чӣ ҷавоби хубе дод, пурсид: «Аз тамоми фармоишҳои Худо кадомаш аз ҳама муҳимтар аст?»
29Исо ҷавоб дод: «Аввалин фармоиши муҳим ин аст: „Эй қавми Исроил, гӯш кунед! Худованд Худои мо Худованди яккаву ягона аст. 30Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷон ва бо тамоми ақлу ҳуш ва бо тамоми қуввати худ дӯст дор“#12:30 Такрори Шариат 6:4-5. 31Дуюмаш чунин мебошад: „Дигаронро мисли худ дӯст дор“#12:31 Ибодат 19:18. Ҳеҷ фармоише аз ҳардуи ин бузургтар нест».
32Устоди шариат гуфт: «Устод, ҳақ ба ҷониби Туст. Ту бисёр хуб гуфтӣ, ки фақат як Худо вуҷуд дорад ва ғайр аз Ӯ Худои дигаре нест. 33Инчунин Худоро бо тамоми дил ва бо тамоми ақлу ҳуш ва бо тамоми қувват дӯст доштан ва дигаронро ҳам мисли худ дӯст доштан муҳимтар аз ҳадяҳои сӯхтанӣ ва ҳама намуди қурбонӣ мебошад».
34Исо дид, ки устоди шариат оқилона сухан меронад, бинобар ин ба ӯ гуфт: «Шумо ба Подшоҳии Худо наздик ҳастед». Пас аз он дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Исо саволе диҳад.
Масеҳ Писари кист?
35Вақте Исо дар маъбади Худо ба мардум таълим медод, аз онҳо пурсид: «Барои чӣ устодони шариат мегӯянд, ки Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо писари шоҳ Довуд аст? 36Дар ҳоле ки худи Довуд бо таъсири Рӯҳулқудс чунин гуфта буд:
„Худованд ба Худованди ман гуфт:
«То даме ки душманонатро зери пойҳоят нагузорам,
аз дасти ростам бишин»“#12:36 Забур 109:1.
37Худи Довуд Масеҳро „Худованд“ номид, пас чӣ тавр Вай писари шоҳ Довуд шуда метавонад?»
Мардуми зиёде суханони Ӯро бо хушнудӣ гӯш мекарданд.
38Сипас, Исо онҳоро таълим дода гуфт: «Аз устодони шариат эҳтиёт бошед. Ба онҳо маъқул аст, ки либосҳои қимат пӯшида гарданд ва мардум дар бозорҳо ба онҳо салом диҳанд. 39Онҳо дӯст медоранд, ки дар ҷойҳои беҳтарини ҷамоатхонаҳо бишинанд ва дар базмҳо болонишин бошанд. 40Онҳо намоишкорона дурудароз дуо мехонанд, вале дар асл молу мулки бевазанонро хӯрда ғорат мекунанд! Онҳо барои ин корҳояшон ҷазои сахттар мебинанд».
Ду тангаи бевазан
41Баъд Исо рӯ ба рӯйи сандуқи хайрия нишаста, ба сандуқ пул андохтани мардумро тамошо мекард. Баъзеҳо, ки сарватманд буданд, пули зиёде хайр мекарданд.
42Ҳамин вақт як бевазани камбағал низ омада, ду тангаи хурди мисинро, ки арзиши кам дошт, ба сандуқ андохт. 43Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани бечора аз ҳама зиёдтар хайрот кард. 44Чунки онҳо аз зиёдатии сарваташон садақа карданд, вай бошад, ҳамаи он чизеро, ки дошт, яъне тамоми ризқу рӯзиашро дод».
Pilihan Saat Ini:
Марқӯс* 12: KMO
Sorotan
Berbagi
Salin

Ingin menyimpan sorotan di semua perangkat Anda? Daftar atau masuk
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад