Марқӯс* 13

13
Азобу уқубатҳои дарпешистода
1Вақте Исо аз маъбади Худо мебаромад, яке аз шогирдонаш гуфт: «Устод, бубин, ин биноҳои маъбади Худо чӣ қадар боҳашамат ҳастанд! Чӣ сангҳои бузурге доранд!»
2Исо ҷавоб дод: «Шумо ин биноҳои бузургро мебинед? Санг бар болои санг намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад».
3Ҳангоме ки Исо дар кӯҳи Зайтун рӯ ба рӯйи маъбади Худо менишаст, Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: 4«Ба мо бигӯ, ки ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва иҷро шудани ҳамаи инро аз кадом аломат мефаҳмем?»
5Исо ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ кунад. 6Зеро бисёр касон ба номи Ман омада мегӯянд, „Ман ҳамонам“ ва мардуми бисёрро гумроҳ мекунанд. 7Вақте ки садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад. 8Як халқ бо халқи дигар ва як давлат бо давлати дигар меҷангад. Дар ҳар ҷо заминҷунбиҳо мешавад ва гуруснагӣ меояд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо монанди дардҳои аввалини зоидан мебошанд.
9Худатонро эҳтиёт кунед, зеро шуморо ба назди қозӣ бурда, дар ҷамоатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд ва ба хотири Маро пайравӣ карданатон шумо дар назди ҳокимону подшоҳон истода шаҳодат хоҳед дод. 10Пеш аз ҳама хушхабар бояд ба тамоми халқҳо эълон карда шавад.
11Вақте шуморо дастгир карда ба ҷавобгарӣ мекашанд, ғам нахӯред, ки чӣ бояд бигӯед. Ҳар чи ки он вақт ба дилатон андохта мешавад, ҳамонро бигӯед, чунки он вақт на шумо, балки Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо ба воситаи шумо сухан меронад.
12Бародар бародари худро ва падар фарзанди худро ба қатл мерасонад. Фарзандон ба падару модари худ муқобил мебароянд ва онҳоро ба дасти марг месупоранд. 13Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт.
Харобазори нафратангез
14Аммо вақте ки харобазори нафратангезро дар ҷое мебинед, ки набояд бошад (ба ин диққат диҳед), он вақт агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. 15Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе пойин нафарояд ва ба хона надарояд. 16Агар касе дар саҳро бошад, барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад. 17Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва модароне, ки кӯдаки ширхӯр хоҳанд дошт!
18Пас дуо кунед, ки ин ҳодиса дар вақти зимистон рӯй надиҳад. 19Зеро дар он айём чунон азобу даҳшате рӯй медиҳад, ки аз рӯзи офариниши дунё то ба имрӯз монанди он ҳеҷ рӯй надодааст ва дигар рӯй нахоҳад дод. 20Аммо Худованд он рӯзҳои азобро кӯтоҳ кардааст, чунки агар кӯтоҳ намекард, дар рӯйи замин касе зинда намемонд. Вале ба хотири интихобкардагонаш Худованд он рӯзҳоро ҳатман кӯтоҳ хоҳад кард.
21Ҳамон вақт агар касе ба шумо гӯяд, ки „Бинед, Масеҳ дар ин ҷост“ ва ё „Нигоҳ кунед, Ӯ дар он ҷост“, бовар накунед. 22Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Масеҳ ва пайғамбар меноманд. Онҳо муъҷизаю аломат нишон медиҳанд, то агар имкон бошад, интихобшудагони Худоро ҳам гумроҳ кунанд. 23Инак, бохабар бошед. Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам.
Омадани Писари Одамизод
24Дар ҳамон рӯзҳо, баъд аз он мусибатҳо,
офтоб тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад,
25ситораҳо аз осмон фурӯ мерезанд
ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд.
26Он вақт мардум Писари Одамизодро мебинанд, ки болои абрҳо бо қудрату ҷалоли бузург меояд.#13:26 Дониёл 7:13-14 27Ӯ фариштаҳоро мефиристад, то интихобшудагони Худро аз чор тарафи дунё ва аз тамоми гӯшаву канори замину осмон гирд оваранд.
Масал дар бораи дарахти анҷир
28Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғҷа карда, барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд. 29Айнан ҳамин тавр, ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки вақт наздик аст, дар паси дар аст. 30Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меояд. 31Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
Рӯзу соати омадани Писари Одамизод
32Лекин кай фаро расидани он рӯз ё он соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар.
33Пас ҳушёру бохабар бошед, зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад. 34Ин монанди он аст, ки марде ба сафар рафта, хонаи худро ба хизматгорон месупорад ва ба ҳар як хизматгори худ вазифаи махсусе медиҳад. Ба дарвозабон бошад, мефармояд, ки посбонӣ кунад.
35Пас ҳушёр бошед, чун намедонед, ки соҳиби хона кай бармегардад, бегоҳӣ ё нимаи шаб, вақти ҷеғзании хурӯс ё бомдодон. 36Мабодо ӯ ногаҳон баргашта шуморо дар хоб ёбад. 37Он чи ба шумо мегӯям, ба ҳама дахл дорад: ҳушёр бошед!»

Pilihan Saat Ini:

Марқӯс* 13: KMO

Sorotan

Berbagi

Salin

None

Ingin menyimpan sorotan di semua perangkat Anda? Daftar atau masuk