Инҷили Луқо 11
11
БОБИ ЁЗДАҲУМ
Исо ба шогирдон дуо гуфтанро таълим медиҳад.
1Рӯзе Ӯ дар ҷое дуо мегуфт, ва ҳангоме ки тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ, чунон ки Яҳьё низ ба шогирдонаш ёд додааст».
2Ба онҳо гуфт: «Вақте ки дуо мегӯед, чунин бигӯед:
„Эй Падари мо, ки дар осмонӣ!
Исми Ту муқаддас бод;
Малакути Ту биёяд;
иродаи Ту,
чунон ки дар осмон аст,
дар замин ҳам ба амал ояд;
3Ризқу рӯзии моро ҳар рӯз ба мо бидеҳ;
4Ва гуноҳҳои моро биомурз,
зеро ки мо низ ба ҳар қарздори худ мебахшем;
ва моро ба озмоиш дучор накун,
балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ“».
Масал дар бораи дӯсти шилқин.
5Ва ба онҳо гуфт: «Фаразан, яке аз шумо, ки дӯсте дошта бошад, нисфи шаб пеши ӯ омада, гӯяд: „Эй дӯст! Ба ман сето нон қарз деҳ,
6Зеро ки як дӯстам аз роҳ назди ман даромадааст, ва ман чизе надорам, ки пешаш бимонам“;
7Ва ӯ аз дарун дар ҷавоби вай гӯяд: „Маро ташвиш надеҳ; дари хонаам баста, ва бачаҳоям бо ман дар ҷогаҳ хобидаанд; наметавонам бархоста, ба ту чизе диҳам“, —
8Ба шумо мегӯям, ки ҳар чанд аз рӯи дӯстӣ бархоста ба вай надиҳад ҳам, лекин ба сабаби шилқинии вай бархоста, ҳар қадар, ки пурсад, ба вай хоҳад дод.
9Ва Ман ба шумо мегӯям: биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд;
10Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ бичӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.
Масал дар бораи падари некдил.
11Ва кист аз шумо, ки падар бошад, ва писараш аз ӯ нон биталабад, ва санге ба вай бидиҳад? Ё моҳӣ биталабад, ва ӯ, ба ҷои моҳӣ, море ба вай бидиҳад?
12Ё, агар тухме биталабад, каждуме ба вай бидиҳад?
13Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод».
Исоро айбдор намуда, мегӯянд, ки Ӯ девҳоро ба воситаи Баал‐Забул берун мекунад.
14Боре Ӯ як девро, ки гунг буд, берун кард; ва ҳангоме ки дев берун шуд, гунг ба гап даромад, ва мардум дар ҳайрат монданд.
15Лекин баъзе аз онҳо гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи Баал‐Забул, калони девҳо, берун мекунад».
16Ва дигарон, озмуданӣ шуда, аз Ӯ аломати осмонӣ талаб мекарданд.
17Вале Ӯ фикру хаёли онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад, ва ҳар хонае ки аз ҳам ҷудо шавад, фурӯ меғалтад.
18Ва агар шайтон низ аз ҳам ҷудо шавад, салтанати вай чӣ гуна устувор истода метавонад? Зеро шумо мегӯед, ки Ман девҳоро ба воситаи Баал‐Забул берун мекунам.
19Агар Ман девҳоро ба воситаи Баал‐Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кӣ берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо хоҳанд шуд.
20Лекин агар Ман девҳоро бо ангушти Худо берун мекарда бошам, пас Малакути Худо ба шумо омада расидааст.
21Вақте ки марди пурзӯр хонаи худро бо яроқ нигаҳбонӣ мекунад, дороии вай дар амон аст,
22Вале вақте ки шахси аз вай пурзӯртар ба вай ҳуҷум карда, ғолиб мебарояд, он гоҳ тамоми яроқи вайро, ки ба он умед баста буд, кашида мегирад ва дороии вайро ба тороҷ медиҳад.
23Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман муқобил аст; ва ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, вай пароканда мекунад.
Баргаштани рӯҳи палид.
24Вақте ки рӯҳи палид аз одам берун меояд, дар ҷустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва, чун наёфт, мегӯяд: „Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам“.
25Ва гашта омада, онро ҷорӯбзада ва ороста меёбад;
26Он гоҳ рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва дохил шуда, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад».
Зан модари Исоро ҷалол медиҳад. Ҷавоби Исо.
27Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро мегуфт, як зан аз байни мардум овозашро баланд карда, ба Ӯ гуфт: «Хушо шикаме ки Туро ҳамл кардааст, ва пистонҳое ки Туро шир додааст!»
28Лекин Ӯ гуфт: «Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд».
Мардум аломати осмонӣ металабанд.
29Вақте ки мардум бештар ҷамъ омадан гирифтанд, Ӯ ба сухан оғоз карда, гуфт: «Ин насл насли шарир аст; вай аломате металабад, ва ба вай, ҷуз аломати Юнуси набӣ, аломате дода нахоҳад шуд;
30Зеро, чунон ки Юнус аломате барои мардуми Нинве буд, ҳамчунин Писари Одам низ барои ин насл хоҳад буд.
31Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бо мардуми ин насл бархоста, онҳоро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омад; ва инак, дар ин ҷо аз Сулаймон бузургтар аст.
32Мардуми Нинве дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳанд кард, зеро ки онҳо аз мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо аз Юнус бузургтар аст.
Масал дар бораи шамъе ки даргиронда шудааст.
33Ҳеҷ кас шамъро даргиронда, дар чои ниҳоне ё дар зери зарфе намегузорад, балки бар шамъдон мегузорад, то онҳое ки ба хона медароянд, рӯшноиро бубинанд.
34Чароғи бадан чашм аст; пас, агар чашмат солим бошад, тамоми баданат низ равшан хоҳад буд; аммо агар он хира бошад, баданат низ торик хоҳад буд.
35Пас, ҳазар намо: мабодо нуре ки дар туст, зулмот бошад.
36Вале агар баданат комилан равшан буда, ҳеҷ як қисми торике надошта бошад, он тамоман нуронӣ хоҳад буд, ба монанди он ки чароғе бо дурахши худ туро мунаввар карда бошад».
Исо фарисиёнро маҳкум мекунад.
37Вақте ки Ӯ ин суханонро гуфт, як фарисӣ Ӯро ба хонаи худ ба хӯрок таклиф кард; Ӯ омада, назди суфра нишаст.
38Фарисӣ чун дид, ки Ӯ пеш аз хӯрок даст нашуст, мутааҷҷиб шуд.
39Лекин Худованд ба вай гуфт: «Ҳоло шумо, фарисиён, беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, аммо даруни шумо аз дуздӣ ва шарорат пур аст.
40Эй беақлон! Оё Ҳамон ки берунро офаридааст, дарунро низ наофаридааст?
41Беҳтар аст, ки аз он чи доред, садақа диҳед: он гоҳ ҳама чиз барои шумо тоза хоҳад буд.
42Аммо вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки аз наъно, садоб ва ҳар навъ сабзавот ушр медиҳед, вале ба адолат ва муҳаббати Худо беэътиноӣ мекунед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед.
43Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки дӯст медоред дар куништҳо болонишин бошед ва дар кӯчаю бозорҳо салому табрикҳо бишнавед.
44Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки шумо ба қабрҳои аз назар пинҳон монанд ҳастед, ки мардум дар болои онҳо роҳ мераванд ва инро намедонанд».
Исо шариатдононро маҳкум мекунад.
45Дар ҷавоб яке аз шариатдонон ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Бо ин суханонат моро низ таҳқир мекунӣ».
46Аммо Ӯ гуфт: «Вой бар ҳоли шумо низ, эй шариатдонон, ки борҳои душворро бар дӯши мардум мегузоред, лекин худатон як ангуштро ҳам ба он борҳо намерасонед.
47Вой бар ҳоли шумо, ки мақбараҳои анбиёро бино мекунед, ва ҳол он ки падарони шумо онҳоро куштаанд;
48Бо ҳамин шумо шоҳид ва шарики аъмоли падарони худ мегардед, зеро ки онҳо анбиёро куштаанд, ва шумо мақбараҳошонро бино мекунед.
49Барои ҳамин ҳам ҳикмати Худо гуфтааст: „Ба наздашон анбиё ва ҳаввориёнро мефиристам, ва аз онҳо баъзеро хоҳанд кушт, ва баъзеро таъқиб хоҳанд кард“;
50То ки хуни тамоми анбиё, ки аз аввали офариниши ҷаҳон рехта шудааст, ба гардани ин насл гузошта шавад:
51Аз хуни Ҳобил то хуни Закарьё, ки вай дар миёни қурбонгоҳ ва маъбад кушта шудааст. Оре, ба шумо мегӯям, ки он ба гардани ин насл гузошта хоҳад шуд.
52Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон, ки шумо калиди донишро гирифтаед: худатон надаромадед ва ба онҳое ки даромадан мехостанд, монеъ шудед».
53Вақте ки Ӯ ин суханонро ба онҳо мегуфт, китобдонон ва фарисиён бошиддат Ӯро фишор дода, боз бисьёр чизҳоро аз Ӯ пурсидан гирифтанд,
54Ва мунтазир буданд, то ки аз забонаш чизе бишнаванду Ӯро айбдор кунанд.
Currently Selected:
Инҷили Луқо 11: KM92
Tõsta esile
Share
Kopeeri

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.