YouVersioni logo
Search Icon

Инҷили Луқо 10

10
БОБИ ДАҲУМ
Исо ҳафтод шогирдонро мефиристад, то ки башорат диҳанд.
Нубувват дар бораи кори миссионерӣ.
1Баъд аз ин, Худованд боз ҳафтод нафари дигарро баргузид, ва онҳоро чуфт‐чуфт пешопеши Худ ба ҳар шаҳр ва ҷое ки Худаш рафтанӣ буд, фиристод,
2Ва ба онҳо гуфт: «Дарав бисьёр аст, лекин коргарон кам; пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад.
3Биравед! Инак, шуморо монанди баррагон ба миёни гургон мефиристам.
4Ҳеҷ ҳамьёне, тӯрбае ва чоруқе бо худ набаред, ва ба ҳеҷ кас дар роҳ салом нагӯед.
5Ба ҳар хонае ки медароед, аввал гӯед: „Салом бар ин хона бод!“
6Агар дар он ҷо писари осоиштагӣ бошад, саломи шумо бар вай қарор мегирад; вагар на, сӯи шумо бармегардад;
7Дар ҳамон хона бимонед ва аз он чи доранд, бихӯред ва бинӯшед: зеро ки меҳнаткаш сазовори музди худ аст. Аз хона ба хона нагузаред.
8Агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул кунанд, аз он чи пеши шумо мемонанд, бихӯред;
9Ва беморонеро, ки дар он ҷо ҳастанд, шифо диҳед, ва ба онҳо бигӯед: „Малакути Худо ба шумо наздик шудааст“.
10Ва агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул накунанд, ба кӯчаҳои он баромада, гӯед:
11„Ҳатто ғубореро, ки аз шаҳри шумо бар мо нишастааст, бар шумо меафшонем; лекин бидонед, ки Малакути Худо ба шумо наздик шудааст“.
12Ба шумо мегӯям, ки ҳолати Садӯм дар он рӯз#10:12 Дар он рӯз — рӯзи доварӣ дар назар дошта шудааст. аз ҳолати он шаҳр сабуктар хоҳад буд.
Исо бар шаҳрҳо доварӣ эълон мекунад.
13Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт‐Сайдо! Эеро, агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд;
14Лекин дар рӯзи доварӣ ҳолати Сӯр ва Сидӯн аз ҳолати шумо сабуктар хоҳад буд.
15Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дӯзаҳ сарнагун хоҳӣ шуд.
16Ҳар кӣ шуморо шунавад, Маро мешунавад, ва ҳар кӣ шуморо рад кунад, Маро рад мекунад; ва ҳар кӣ Маро рад кунад, Фиристандаи Маро рад мекунад».
Баргаштани ҳафтод нафар.
17Он ҳафтод бо шодмонӣ баргашта, гуфтанд: «Худовандо! Девҳо низ бо зикри исми Ту ба мо итоат мекунанд».
18Ба онҳо гуфт: «Ман шайтонро мисли барқ аз осмон афтода дидам;
19Инак, ба шумо қудрат медиҳам, ки морон ва каждумон ва тамоми қуввати душманро поймол кунед, ва ҳеҷ чиз ба шумо зарар нахоҳад расонд;
20Аммо аз он шод нашавед, ки арвоҳ ба шумо итоат мекунанд; балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудааст».
Ҷалол додани Падар.
21Дар ҳамон соат Исо аз Рӯҳулқудс ба ваҷд омада, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ; оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту чунин буд».
22Ва ба шогирдон рӯй оварда, гуфт: «Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст; ва ҳеҷ кас, ҷуз Падар, намедонад, ки Писар кист; ва ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад».
23Ва алоҳида ба шогирдони Худ рӯ оварда, гуфт: «Хушо чашмоне ки он чиро, ки шумо дида истодаед, мебинад!
24Зеро ба шумо мегӯям, ки басе анбиё ва подшоҳон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, бишнаванд, ва нашуниданд».
Шариатдон Исоро озмоиш мекунад.
25Ва инак, як шариатдон бархост ва Ӯро озмуданӣ шуда, гуфт: «Эй Устод! Чӣ кунам, ки вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?»
26Ба вай гуфт: «Дар Таврот чӣ навишта шудааст? Ва ту чӣ тавр мехонӣ?»
27Дар ҷавоб гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми қуввати ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор, ва ёри худро мисли худ дӯст бидор».
28Ба вай гуфт: «Дуруст ҷавоб додӣ; чунин бикун, ва хоҳӣ зист».
29Вале вай, ки меҳост худро сафед кунад, ба Исо гуфт: «Пас ёри ман кист?»
Масал дар бораи сомарии некдил.
30Исо дар ҷавоб гуфт: «Як мард, ки аз Ерусалим ба Ериҳӯ мерафт, ба дасти дуздон афтод; онҳо либосашро кашиданд, ӯро маҷрӯҳ карданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд.
31Тасодуфан коҳине аз он роҳ равона буд, ва ӯро дида, аз пешаш гузашта рафт.
32Ҳамчунин марде аз сибти Левӣ, ки дар он ҷо роҳгузар буд, наздик омада, ӯро дид ва аз пешаш гузашта рафт.
33Аммо як шахси сомарӣ, ки аз он роҳ мегузашт, ба ӯ дучор шуда ва аҳволи ӯро дида, дилаш сӯхт
34Ва наздик омада, ба захмҳои ӯ равған ва шароб рехту ҷароҳатбандӣ кард; ва ӯро ба маркаби худ савор карда, ба корвонсарое овард ва ба ӯ ғамҳорӣ намуд;
35Ва фардои он, пеш аз рафтанаш, ду динор бароварда, ба соҳиби корвонсарой дод ва ба вай гуфт: „Ба ин мард нигоҳубин бикун; ва агар аз ин зиёдтар харҷ кунӣ, ҳангоми баргаштанам ба ту хоҳам дод“.
36Пас, ба фикри ту, кадоме аз ин се нафар ёри он марде буд, ки ба дасти дуздон афтод?»
37Гуфт: «Ҳамон ки ба ӯ марҳамат кард». Исо ба вай гуфт: «Бирав, ва ту низ чунин бикун».
Хизматгузории Марто ва Марьям.
38Ва дар аснои роҳ Ӯ вориди қасабае шуд, ва зане ки Марто ном дошт, Ӯро дар хонаи худ пазироӣ намуд;
39Вай Марьям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойҳои Исо нишаста, каломи Ӯро гӯш мекард.
40Лекин Марто ба хизматгузорӣ банд буд, ва наздик омада, гуфт: «Худовандо! Оё Туро парвое нест, ки хоҳарам маро вогузоштааст, ки танҳо хизмат кунам? Ба вай бигӯй, ки ба ман ёрдам диҳад».
41Худованд дар ҷавоби вай гуфт: «Марто! Марто! Ту дар хусуси чизҳои бисьёр ғамхорӣ ва давутоз мекунӣ,
42Аммо фақат як чиз лозим аст. Марьям қисмати некӯро баргузидааст, ки он аз вай кашида гирифта намешавад».

Tõsta esile

Share

Kopeeri

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in