Инҷили Луқо 12
12
БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Огоҳонидан аз риёкории фарисиён. Тарғиби эътирофи ҷасурона.
1Дар ин миён, вақте ки ҳазорон одамон ҷамъ омаданд, ба тавре ки якдигарро фишор медоданд, Ӯ ба сухан оғоз намуда, аввал ба шогирдони Худ гуфт: «Аз хамиртуруши фарисиён, ки риёкорист, ҳазар кунед.
2Ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад.
3Бинобар ин, он чи шумо дар торикӣ гуфтаед, дар рӯшноӣ шунида хоҳад шуд; ва он чи шумо дар хона ба гӯш гуфтаед, дар болои бомҳо зълон карда хоҳад шуд.
4Ва Ман ба шумо, эй дӯстонам, мегӯям: аз кушандагони ҷисм, ки қодир нестанд баъд аз он ягон кори дигаре бикунанд, натарсед;
5Лекин ба шумо нишон медиҳам, ки аз кӣ тарсидан лозим аст: аз Ӯ ҳаросон бошед, ки баъд аз куштан қодир аст ба дӯзаҳ андозад; оре, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ тарсед.
6Оё панҷ гунҷишк ба ду фулус фурӯхта намешавад? Ва ягонтои онҳо аз назари Худо намеафтад.
7Ва ҳатто ҳамаи мӯйҳои сари шумо шумурда шудааст. Пас, натарсед: шумо аз бисьёр гунҷишкон бартарӣ доред.
8Ва Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Маро дар назди мардум зътироф кунад, Писари Одам низ вайро дар назди фариштагони Худо зътироф хоҳад кард;
9Лекин ҳар кӣ Маро дар назди мардум инкор кунад, вай дар назди фариштагони Худо инкор карда хоҳад шуд.
10Ва ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гӯяд, ба вай омурзида мешавад; лекин ҳар кӣ бар зидди Рӯҳулкудс куфр гӯяд, ба вай омурзида нахоҳад шуд.
11Ҳар гоҳ шуморо ба куништҳо ва назди сардорон ва ҳокимон баранд, андеша накунед, ки чӣ гуна ё чӣ ҷавобе бояд бидиҳед ва ё чӣ сухане бояд бигӯед;
12Зеро ки дар он соат Рӯҳулқудс шуморо таълим хоҳад дод, ки чӣ бояд гуфт».
Огоҳонидан аз тамаъкорӣ.
13Шахсе аз миёни мардум ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ба бародарам бигӯй, ки меросро бо ман тақсим кунад».
14Ба вай гуфт: «Эй одамизод, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё ҳакам таъин кардааст?»
15Ва ба онҳо гуфт: «Зинҳор, аз тамаъкорӣ ҳазар кунед, зеро ки ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест».
Масал дар бораи сарватдори беақл.
16Ва масале ба онҳо гуфт: «Киштзори як марди сарватдор ҳосили фаровоне овард;
17Ва дар дили худ андеша карда, гуфт: „Чӣ кунам, модоме ки барои анбор кардани ҳосилоти худ ҷое надорам?“
18Ва гуфт: „Чунин мекунам: анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро бино мекунам, ва дар он ҷо тамоми ғалладона ва тамоми дороии худро ҷамъ меоварам.
19Ва ба ҷони худ мегӯям: Эй ҷони ман! Дороии бисьёре барои чандин сол дорӣ: фароғат кун, бихӯр, бинӯш ва димоғчоқӣ кун“.
20Вале Худо ба вай гуфт: „Эй нодон! Худи имшаб ҷонатро аз ту талаб мекунанд; пас, он чи захира кардӣ, насиби кӣ мешавад?“
21Чунин аст ҳоли касе ки барои худ ганҷҳо ғун мекунад, вале пеши Худо сарвате надорад».
Ғамхории сохта ва дуруст.
22Ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои ҳаёти худ ғамҳорӣ накунед, ки чӣ бихӯред, низ барои ҷисми худ, ки чӣ бипӯшед:
23Ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар аст.
24Ба зоғон нигоҳ кунед: онҳо на мекоранд, на медараванд; на ганҷинае доранд, на анборе, ва Худо ба онҳо рӯзӣ мерасонад; пас шумо аз паррандагон чӣ кадар бештар арзанда ҳастед!
25Ва кист аз шумо, ки бо ғамхории худ қоматашро як зироъ баланд карда тавонад?
26Пас, агар шумо аз ӯхдаи чунин кори, хурдтарин баромада натавонед, чаро ба дигараш ғамхорӣ мекунед?
27Ба савсанҳо назар кунед, ки чӣ гуна нашъунамо меёбанд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд; лекин ба шумо мегӯям, ки Сулаймон ҳам бо тамоми ҷалоли худ чун яке аз онҳо либос напӯшидааст.
28Пас, агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту фардо ба танӯр андохта мешавад, чунин бипӯшонад, шуморо, эй сустимонҳо, чӣ қадар аз он беҳтар пӯшонда метавонад!
29Ва шумо дар ҷустуҷӯи он набошед, ки чӣ бихӯред ё чӣ бипӯшед, ва аз ғам осуда бошед,
30Чунки қавмҳои ҷаҳон дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд; лекин Падари шумо медонад, ки шумо ба ин чизҳо эҳтиёҷ доред;
31Балки Малакути Худоро биталабед, ва ҳамаи ин барои шумо илова хоҳад шуд.
32Натарс, эй рамаи хурд! Зеро ки Падари шумо таваҷҷӯҳ намудааст, ки Малакутро ба шумо ато кунад.
33Дороии худро бифрӯшед ва садақа диҳед. Барои худ ҳамьёнҳои кӯҳнанашаванда, ганҷи бепоён дар осмон муҳайё созед, ки дузд ба он наздик намешавад, ва куя онро намезанад;
34Зеро ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо хоҳад буд.
Дар бораи интизорӣ ба омадани Масеҳ.
35Камарҳотон баста ва чароғҳотон фурӯзон бошад;
36Ва ҳудатон монанди касоне бошед, ки ба оғои худ интизорӣ доранд, то ки ҳангоми аз тӯи арӯсӣ омада дарро кӯфтанаш дарҳол барояш воз кунанд.
37Хушо ҳамон ғуломоне ки оғояшон, дар вақти омаданаш, онҳоро бедор меёбад; ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вай камари худро баста, онҳоро назди суфра хоҳад шинонд ва пеш омада, ба онҳо хизмат хоҳад кард.
38Ва агар дар поси дуюм#12:38 Поси дуюм — аз соати нӯҳи шаб то соати дувоздаҳ. ва дар поси сеюми#12:38 Поси сеюм — аз соати дувоздаҳи шаб то соати се. шаб омада, онҳоро чунин ёбад, хушо он ғуломон!
39Лекин ҳаминро шумо медонед, ки агар соҳиби хона медонист, ки дар кадом соат дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки ба хонааш нақб занад:
40Пас, шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд».
41Петрус гуфт: «Худовандо! Оё ин масалро барои мо гуфтӣ, ё барои ҳама?»
Масал дар бораи гумошта.
42Ҳудованд гуфт: «Кист он гумоштаи мӯътамад ва доно, ки оғояш вайро бар хизматгорони худ таъин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад?
43Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад;
44Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъин хоҳад кард.
45Лекин агар он ғулом дар дили худ гӯяд, ки „оғои ман ба зудӣ намеояд“, ва ба задани ғуломону канизон ва ба хӯрдану нӯшидану маст шудан шурӯъ кунад,
46Оғои он ғулом дар рӯзе ки ӯ мунтазир нест, ва дар соате ки гумон надорад, хоҳад омад, ва ӯро ду пора карда, қисматашро ба хоинон баробар хоҳад кард.
47Ва он ғулом, ки иродаи оғои худро медонист, вале тайёр нашуд ва мувофиқи иродаи вай амал накард, шаттаи бисьёре хоҳад хӯрд;
48Аммо он ки намедонист ва корҳои сазовори ҷазо кард, камтар шатта хоҳад хӯрд. Ба ҳар касе ки бисьёр ато шуда бошад, аз вай бисьёр талаб карда мешавад; ва ба ҳар касе ки амонати бисьёр супурда шуда бошад, аз вай бисьёртар талаб мекунанд.
Исо ҷудоии одамонро пешгӯӣ мекунад.
49Ман омадаам, то ки оташе бар замин фурӯд оварам, ва хеле иштиёқмандам, ки он ҳоло фурӯзон шавад!
50Маро таъмиде дар пеш аст, таъмиде ки бояд биёбам; ва чӣ қадар дар изтироб ҳастам, то даме ки ин ба амал ояд!
51Оё шумо гумон мекунед, ки Ман омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам? Не, мегӯям ба шумо, балки барои он ки ҷудоӣ биёрам;
52Зеро ки минбаъд панҷ нафар дар як хона аз ҳам ҷудо хоҳанд буд: се аз ду, ва ду аз се;
53Падар аз писар ва писар аз падар, модар аз духтар ва духтар аз модар, модаршӯ аз келин ва келин аз модаршӯ ҷудо хоҳад буд».
Аломоти замон наҷоти ҷонро ба хотир меоварад.
54Ба мардум низ гуфт: «Вақте ки абри аз ғарб пайдошударо мебинед, дарҳол мегӯед: „Борон хоҳад борид“; ва чунин мешавад;
55Ва ҳангоме ки боди ҷанубӣ мевазад, мегӯед: „Гармо хоҳад омад“; ва меояд.
56Эй риёкорон! Киёфаи замину осмонро шинохта метавонед, пас чӣ гуна ин замонро шинохта наметавонед?
57Пас, чаро шумо аз пеши худ хукм намекунед, ки адолат чист?
58Вақте ки ту бо даъвогари худ назди сардорон меравӣ, дар аснои роҳ саъю кӯшиш намо, ки аз вай халос шавӣ, то ки вай туро назди қозӣ набарад, ва козӣ туро ба мулозим насупорад, ва мулозим туро ба зиндон наандозад;
59Ба ту мегӯям, ки то фулуси охиринро адо накунӣ, аз он ҷо берун нахоҳӣ рафт».
Currently Selected:
Инҷили Луқо 12: KM92
Tõsta esile
Share
Kopeeri

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.