1
Инҷили Луқо 11:13
Китоби Муқаддас 1992, 1999
Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод».
Compare
Avasta Инҷили Луқо 11:13
2
Инҷили Луқо 11:9
Ва Ман ба шумо мегӯям: биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд
Avasta Инҷили Луқо 11:9
3
Инҷили Луқо 11:10
Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ бичӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.
Avasta Инҷили Луқо 11:10
4
Инҷили Луқо 11:2
Ба онҳо гуфт: «Вақте ки дуо мегӯед, чунин бигӯед: „Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд
Avasta Инҷили Луқо 11:2
5
Инҷили Луқо 11:4
Ва гуноҳҳои моро биомурз, зеро ки мо низ ба ҳар қарздори худ мебахшем; ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ“».
Avasta Инҷили Луқо 11:4
6
Инҷили Луқо 11:3
Ризқу рӯзии моро ҳар рӯз ба мо бидеҳ
Avasta Инҷили Луқо 11:3
7
Инҷили Луқо 11:34
Чароғи бадан чашм аст; пас, агар чашмат солим бошад, тамоми баданат низ равшан хоҳад буд; аммо агар он хира бошад, баданат низ торик хоҳад буд.
Avasta Инҷили Луқо 11:34
8
Инҷили Луқо 11:33
Ҳеҷ кас шамъро даргиронда, дар чои ниҳоне ё дар зери зарфе намегузорад, балки бар шамъдон мегузорад, то онҳое ки ба хона медароянд, рӯшноиро бубинанд.
Avasta Инҷили Луқо 11:33
Home
Bible
Plans
Videos