YouVersion Logo
Search Icon

Ҳастӣ 22

22
БОБИ БИСТУ ДУЮМ
Ба қурбонӣ овардани Исҳоқ.
1Ва воқеъ шуд баъд аз ин ҳодисот, ки Худо Иброҳимро озмуда, ба ӯ гуфт: «Эй Иброҳим!» Гуфт: «Лаббай!»
2Ва гуфт: «Писари худро, ки ягонаи туст, ва ӯро дӯст медорӣ, яъне Исҳоқро бигир; ва ба замини Мӯриё бирав, ва дар он ҷо ӯро бар яке аз кӯҳҳое ки ба ту хоҳам гуфт, барои қурбонии сӯхтанӣ барор».
3Ва Иброҳим бомдодон бархоста, хари худро зин кард, ва ду нафар аз ғуломбачагонаш ва Исҳоқ писарашро ҳамроҳи худ гирифт; ва ҳезум барои қурбонии сӯхтанӣ шикаст, ва бархоста, сӯи маконе ки Худо ба ӯ гуфт, равона шуд.
4Дар рӯзи сеюм Иброҳим чашм андохта, он маконро аз дур дид.
5Ва Иброҳим ба ғуломбачагони худ гуфт: «Шумо дар ин ҷо бо хар бимонед; ва ман бо писар ба он ҷо рафта, ибодат мекунем, ва назди шумо бармегардем».
6Ва Иброҳим ҳезуми қурбонии сӯҳтаниро гирифта, бар писари худ Исҳоқ бор кард; оташ ва кордро ба дасти худ гирифт, ва ҳар ду якҷоя равона шуданд.
7Ва Исҳоқ ба падари худ Иброҳим сухан ронда, гуфт: «Эй падарам!» Гуфт: «Лаббай, писарам!» Гуфт: «Инак оташ ва ҳезум, пас барраи қурбонӣ куҷост?»
8Ва Иброҳим гуфт: «Эй писарам, Худо барраи қурбониро барои Худ ҳозир хоҳад кард». Ва ҳар ду якҷоя рафтан гирифтанд.
9Ва ба маконе ки Худо ба ӯ гуфт, расиданд; ва Иброҳим дар он ҷо қурбонгоҳе бино кард, ва ҳезумро чид, ва писари худ Исҳоқро баста, бар қурбонгоҳ болои ҳезум гузошт.
10Ва Иброҳим дасти худро дароз карда, кордро гирифт, то ки писари худро забҳ кунад.
11Вале фариштаи Худованд аз осмон ӯро хонда, гуфт: «Иброҳим! Иброҳим!» Гуфт: «Лаббай!»
12Ва гуфт: «Дасти худро ба писар дароз накун ва ба ӯ чизе накун; зеро акнун донистам, ки ту аз Худо метарсӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, аз Ман дареғ надоштӣ».
13Ва Иброҳим чашм андохта, дид: инак, дар қафо қӯчқоре бо шохҳояш дар бешае андармон шудааст; ва Иброҳим рафта, қӯчқорро гирифт, ва дар ивази писараш онро барои қурбонии сӯхтанӣ баровард.
14Ва Иброҳим номи он маконро Адӯной‐йирэ#22:14 Худованд ҳозир хоҳад кард. хонд; бинобар ин то имрӯз гуфта мешавад: «Дар кӯҳи Худованд бояд ҳозир шавад».
Тасдиқ шудани аҳди Худо бо Иброҳим.
15Ва дуюмбора фариштаи Худованд Иброҳимро аз осмон хонд,
16Ва гуфт: «Ба Зоти Худ қасам ёд мекунам, мегӯяд Худованд, азбаски ту ин корро кардӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, дареғ надоштӣ, —
17Туро бисьёр баракат хоҳам дод ва насли туро бағоят афзун хоҳам кард, мисли ситорагони осмон ва мисли реге ки дар соҳили баҳр аст; ва насли ту шаҳрҳои душманони худро мусаххар хоҳад кард;
18Ва ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост, барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ».
19Ва Иброҳим назди ғуломбачагони худ баргашт, ва онҳо бархоста, яқҷоя ба Беэр‐Шобаъ равона шуданд; ва Иброҳим дар Беэр‐Шобаъ иқомат кард.
20Ва воқеъ шуд баъд аз ин ҳодисот, ки ба Иброҳим хабар дода, гуфтанд: «Инак, Милко низ ба бародарат Ноҳӯр писарҳо зоид, ки инҳоянд:
21Нахустзодаи ӯ Ус, бародараш Буз, Қамуил падари Арам,
22Касад, Ҳазӯ, Филдош, Идлоф ва Батуил».
23Ва Батуил Ривқоро ба дуньё овард. Ҳамин ҳаштро Милко ба Ноҳӯр бародари Иброҳим зоид.
24Ва суррияи ӯ, ки Реумо ном дошт, вай низ Табаҳ, Ҷаҳам, Таҳаш ва Маъкоро зоид.

Currently Selected:

Ҳастӣ 22: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in