1
Ҳастӣ 22:14
Китоби Муқаддас 1992
Ва Иброҳим номи он маконро Адӯной‐йирэ хонд; бинобар ин то имрӯз гуфта мешавад: «Дар кӯҳи Худованд бояд ҳозир шавад».
Compare
Explore Ҳастӣ 22:14
2
Ҳастӣ 22:2
Ва гуфт: «Писари худро, ки ягонаи туст, ва ӯро дӯст медорӣ, яъне Исҳоқро бигир; ва ба замини Мӯриё бирав, ва дар он ҷо ӯро бар яке аз кӯҳҳое ки ба ту хоҳам гуфт, барои қурбонии сӯхтанӣ барор».
Explore Ҳастӣ 22:2
3
Ҳастӣ 22:12
Ва гуфт: «Дасти худро ба писар дароз накун ва ба ӯ чизе накун; зеро акнун донистам, ки ту аз Худо метарсӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, аз Ман дареғ надоштӣ».
Explore Ҳастӣ 22:12
4
Ҳастӣ 22:8
Ва Иброҳим гуфт: «Эй писарам, Худо барраи қурбониро барои Худ ҳозир хоҳад кард». Ва ҳар ду якҷоя рафтан гирифтанд.
Explore Ҳастӣ 22:8
5
Ҳастӣ 22:17-18
Туро бисьёр баракат хоҳам дод ва насли туро бағоят афзун хоҳам кард, мисли ситорагони осмон ва мисли реге ки дар соҳили баҳр аст; ва насли ту шаҳрҳои душманони худро мусаххар хоҳад кард; Ва ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост, барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ».
Explore Ҳастӣ 22:17-18
6
Ҳастӣ 22:1
Ва воқеъ шуд баъд аз ин ҳодисот, ки Худо Иброҳимро озмуда, ба ӯ гуфт: «Эй Иброҳим!» Гуфт: «Лаббай!»
Explore Ҳастӣ 22:1
7
Ҳастӣ 22:11
Вале фариштаи Худованд аз осмон ӯро хонда, гуфт: «Иброҳим! Иброҳим!» Гуфт: «Лаббай!»
Explore Ҳастӣ 22:11
8
Ҳастӣ 22:15-16
Ва дуюмбора фариштаи Худованд Иброҳимро аз осмон хонд, Ва гуфт: «Ба Зоти Худ қасам ёд мекунам, мегӯяд Худованд, азбаски ту ин корро кардӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, дареғ надоштӣ,
Explore Ҳастӣ 22:15-16
9
Ҳастӣ 22:9
Ва ба маконе ки Худо ба ӯ гуфт, расиданд; ва Иброҳим дар он ҷо қурбонгоҳе бино кард, ва ҳезумро чид, ва писари худ Исҳоқро баста, бар қурбонгоҳ болои ҳезум гузошт.
Explore Ҳастӣ 22:9
Home
Bible
Plans
Videos