Ҳастӣ 21
21
БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Таваллуд ёфтани Исҳоқ.
1Ва Худованд Сороро, чунон ки гуфта буд, тафаққуд намуд; ва Худованд он чи ба Соро гуфта буд, ба амал овард.
2Ва Соро ҳомила шуда, ба Иброҳим дар пириаш писаре зоид, дар мӯҳлате ки Худо ба ӯ гуфта буд.
3Ва Иброҳим писари мавлуди худро, ки Соро ба ӯ зоид, Исҳоқ ном ниҳод.
4Ва Иброҳим писари худ Исҳоқро дар ҳаштрӯзагиаш хатна кард, чунон ки Худо ба ӯ фармуда буд.
5Ва Иброҳим дар вақти таваллуди писараш Исҳоқ садсола буд.
6Ва Соро гуфт: «Худо барои ман ханда сохт, ва ҳар кӣ бишнавад, ба ман ханда хоҳад кард».
7Ва гуфт: «Кист, ки ба Иброҳим мегуфт: „Соро кӯдаконро хоҳад маконид“? Зеро ки писаре дар пириаш зоидаам».
8Ва он писар калон шуд, ва ӯро аз сина ҷудо карданд; ва дар рӯзе ки Исҳоқро аз сина ҷудо карданд, Иброҳим зиёфати калоне дод.
Ронда шудани Ҳоҷар ва писари вай.
9Ва Соро дид, ки писари Ҳоҷари мисрӣ, ки ба Иброҳим зоида буд, ханда мекунад.
10Ва ба Иброҳим гуфт: «Ин канизро бо писараш пеш кун; зеро ки писари ин каниз бо писари ман Исҳоқ ворис нахоҳад буд».
11Вале ин сухан дар назари Иброҳим дар ҳаққи писараш хеле бад омад.
12Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Ин амр дар ҳаққи писарат ва канизат дар назари ту бад наояд; ҳар он чи Соро ба ту мегӯяд, ба суханаш гӯш андоз; зеро ки насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд.
13Ва аз писари каниз низ халқе ба вуҷуд меоварам, чунки ӯ насли туст».
14Ва бомдодон Иброҳим бархост, ва нон ва машки обе гирифт, ва ба Ҳоҷар дода, бар китфи ӯ гузошт, ва ӯро бо писар равона кард; ва ӯ бирафт, ва дар биёбони Беэр‐Шобаъ роҳро гум кард.
15Ва чун оби машк тамом шуд, писарро зери буттае гузошт.
16Ва ба масофати тиррас дур рафта, дар рӯ ба рӯи вай нишаст, зеро ки гуфт: «Мурдани писарро набинам». Ва дар рӯ ба рӯи вай нишаста, овози худро баланд кард ва бигирист.
17Ва Худо овози бачаро шунид; ва фариштаи Худо аз осмон Ҳоҷарро нидо карда, ба вай гуфт: «Эй Ҳоҷар, туро чӣ шуд? Натарс; зеро ки Худо овози бачаро аз он ҷое ки ҳаст, шунид.
18Бархез ва писарро бардошта, дасташро бигир; зеро ки аз вай халқи азиме ба вуҷуд хоҳам овард».
19Ва Худо чашмони ӯро воз кард, ва ӯ чоҳи обе дид, ва пеш рафта, машкро об пур кард, ва бачаро нӯшонид.
20Ва Худо бо он бача буд; ва ӯ калон шуда, сокини биёбон гашт; ва камонкаш шуд.
21Ва дар биёбони Форон иқомат дошт; ва модараш зане аз замини Миср барои ӯ гирифт.
22Ва воқеъ шуд дар он замон, ки Абималик бо Фикӯл, ки сипаҳсолори ӯ буд, ба Иброҳим рӯ оварда, гуфт: «Дар ҳар коре ки мекунӣ, Худо бо туст;
23Ва акнун барои ман дар ин ҷо ба Худо қасам ёд кун, ки ба ман ва ба набераву абераи ман осебе нахоҳӣ расонд, балки дар ҳаққи ман ва дар ҳаққи замине ки дар он манзил кардаӣ, мувофиқи эҳсоне ки бо ту кардам, рафтор хоҳӣ кард».
24Ва Иброҳим гуфт: «Ман қасам ёд мекунам».
25Ва Иброҳим Абималикро мазаммат намуд аз боиси чоҳи обе ки ғуломони Абималик бо зӯрӣ гирифта буданд.
26Вале Абималик гуфт: «Намедонам, кист, ки ин корро кардааст, ту низ ба ман нагуфтаӣ; ман низ то имрӯз нашнидаам».
27Ва Иброҳим гӯсфандон ва говон гирифта, ба Абималик дод, ва ҳар ду иттифоқ бастанд.
28Ва Иброҳим ҳафт барраи модаро аз рама ҷудо кард.
29Ва Абималик ба Иброҳим гуфт: «Ин ҳафт барраи мода, ки дар ин ҷо ҷудо кардӣ, барои чист?»
30Гуфт: «Ин ҳафт барраи модаро аз дасти ман бигир, то барои ман шаҳодате бошад, ки ин чоҳро ман кандаам».
31Аз ин сабаб он маконро Беэр‐Шобаъ номид; зеро ки дар он ҷо ҳар дуяшон қасам ёд карданд.
32Ва дар Беэр‐Шобаъ иттифоқ бастанд; ва Абималик бо сипаҳсолори худ Фикӯл бархост, ва ба замини фалиштиён баргаштанд.
33Ва дар Беэр‐Шобаъ ниҳолҳои газ шинонд, ва дар он ҷо исми Худованд Худои ҷовидониро хонд.
34Ва Иброҳим дар замини фалиштиён айёми зиёд чун мусофире зиндагӣ кард.
Currently Selected:
Ҳастӣ 21: KM92
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in