YouVersion Logo
Search Icon

Ҳастӣ 20

20
БОБИ БИСТУМ
Иброҳим дар Чарор сустӣ зоҳир менамояд.
1Ва Иброҳим аз он ҷо сӯи замини ҷанубӣ кӯч кард, ва дар миёни Қодеш ва Шур маскан гирифт, ва дар Ҷарор манзил кард.
2Ва Иброҳим дар ҳаққи зани худ Соро гуфт: «Ӯ хоҳари ман аст». Ва Абималик подшоҳи Ҷарор одам фиристода, Сороро гирифт.
3Ва Худо пеши Абималик дар хоби шаб омада, ба ӯ гуфт: «Инак, ту мемирӣ аз боиси ин зан, ки гирифтаӣ; зеро ки вай зани шавҳардор аст».
4Ва Абималик ҳанӯз ба вай наздикӣ накарда буд, ва гуфт: «Худоё! Наход ки халқи одилро низ бикушӣ?
5Магар ӯ ба ман нагуфт: „Вай хоҳари ман аст“? Худи вай ҳам гуфт: „Ӯ бародари ман аст“. Ба соддадилӣ ва покдастии худ ин корро кардам».
6Ва Худо ба ӯ дар хоб гуфт: «Ман низ медонистам, ки ба соддадилии худ ин корро кардӣ, ва Ман низ туро нигоҳ доштам, то ки пеши Ман гуноҳкор нашавӣ; аз ин сабаб нагузоштам, ки ба вай даст бирасонӣ.
7Ва акнун занро ба шавҳараш баргардон: зеро ки ӯ пайғамбар аст, ва барои ту дуо хоҳад гуфт, ва ту зинда хоҳӣ монд; вале агар барнагардонӣ, бидон, ки ту ва ҳар кӣ аз они туст, ҳатман хоҳед мурд».
8Ва Абималик бомдодон бархоста, тамоми ғуломони худро хонд, ва ҳамаи ин суханонро ба самъашон расонд; ва ин одамон хеле ҳаросон шуданд.
9Ва Абималик Иброҳимро хонда, ба ӯ гуфт: «Чӣ кор аст, ки ба мо кардӣ? Ба ту чӣ гуноҳ кардам, ки бар ман ва бар мамлакати ман гуноҳи азиме овардӣ? Корҳои накарданӣ ба ман кардӣ».
10Ва Абималик ба Иброҳим гуфт: «Чиро дар назар доштӣ, ки ин корро кардӣ?»
11Ва Иброҳим гуфт: «Гумон кардам, ки худотарсӣ дар ин макон нест, ва аз боиси занам маро хоҳанд кушт.
12Ва дар ҳақиқат низ вай хоҳари ман аст: духтари падарам, аммо на духтари модарам; ва зани ман шуд.
13Ва инак, ҳангоме ки Худо маро аз хонаи падарам ба роҳи мусофират андохт, ба вай гуфтам: эҳсоне ки ба ман бояд бикунӣ, ин аст, ки ҳар ҷо биравем, дар ҳаққи ман бигӯӣ: „Ӯ бародари ман аст“».
14Ва Абималик гӯсфандон, ва говон, ва ғуломон, ва канизон гирифта, ба Иброҳим бахшид, ва занаш Сороро ба ӯ баргардонд.
15Ва Абималик гуфт: «Инак, замини ман пеши туст; ҳар ҷо, ки писанди назарат афтад, сокин шав».
16Ва ба Соро гуфт: «Инак, ҳазор сиккаи нуқра ба бародарат додам; инак, ин барои ту чашмбанд аст пеши ҳамаи касоне ки бо ту ҳастанд, ва пеши ҳама бегуноҳият исбот шуд».
17Ва Иброҳим пеши Худо дуо гуфт, ва Худо Абималик, ва зани ӯ, ва канизони ӯро шифо бахшид, ва онҳо зоён шуданд.
18Зеро ки Худованд батни тамоми аҳли байти Абималикро аз боиси Соро, зани Иброҳим, сахт баста буд.

Currently Selected:

Ҳастӣ 20: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in