Ва Худо ба ӯ дар хоб гуфт: «Ман низ медонистам, ки ба соддадилии худ ин корро кардӣ, ва Ман низ туро нигоҳ доштам, то ки пеши Ман гуноҳкор нашавӣ; аз ин сабаб нагузоштам, ки ба вай даст бирасонӣ.
Ва акнун занро ба шавҳараш баргардон: зеро ки ӯ пайғамбар аст, ва барои ту дуо хоҳад гуфт, ва ту зинда хоҳӣ монд; вале агар барнагардонӣ, бидон, ки ту ва ҳар кӣ аз они туст, ҳатман хоҳед мурд».