Ҳастӣ 19
19
БОБИ НУЗДАҲУМ
Ҳалокати Садӯм.
1Ва он ду фаришта бегоҳирӯзӣ ба Садӯм омаданд, ва Лут назди дарвозаи Садӯм нишаста буд. Ва чун Лут онҳоро дид, ба пешвози онҳо бархост, ва рӯй бар замин ниҳода, саҷда кард.
2Ва гуфт: «Эй оғоёни ман! Ба хонаи бандаи худ биёед, ва шабро гузаронед, ва пойҳои худро бишӯед, ва бомдодон бархоста, роҳи худро пеш гиред». Вале гуфтанд: «Не, шабро дар кӯча мегузаронем».
3Ва чун онҳоро бисьёр илтиҷо намуд, назди ӯ равона шуда, ба хонааш даромаданд. Ва ӯ онҳоро зиёфат дод, ва фатир пухт; ва онҳо тановул карданд.
4Ҳанӯз ба хоб нарафта буданд, ки сокинони шаҳр, мардони Садӯм, аз ҷавон то пир, тамоми халқ аз ҳар ҷониб хонаро иҳота карданд.
5Ва Лутро ҷеғ зада, гуфтанд: «Куҷоянд он касоне ки имшаб назди ту омаданд? Онҳоро назди мо берун овар, то ки бо онҳо бихобем».
6Ва Лут назди онҳо дар пеши остона берун омад, ва дарро аз ақиби худ бибаст,
7Ва гуфт: «Эй бародаронам, зинҳор, бадӣ накунед.
8Инак, ман ду духтар дорам, ки бокира ҳастанд; беҳтар, ки онҳоро назди шумо берун оварам, ва он чи дар назари шумо писанд ояд, бо онҳо бикунед; фақат ба ин мардон ҳеҷ коре накунед, зеро ки онҳо зери сояи сақфи ман омадаанд».
9Ва гуфтанд: «Дафъ шав!» Ва гуфтанд: «Ин яке барои иқомат омад, ва мехоҳад довар бошад? Акнун ба ту, назар ба онҳо, бадтар муомила мекунем». Ва бо шиддат ба ин мард, яъне ба Лут, ҳамла оварда, наздик шуданд, то ки дарро бишкананд.
10Вале он мардон дастҳои худро дароз карда, Лутро назди худ ба хона дароварданд, ва дарро бастанд.
11Ва мардумеро, ки назди дари хона буданд, аз хурд то калон, ба кӯрӣ гирифтор карданд, ба тавре ки онҳо аз ёфтани дар оҷиз монданд.
12Ва он мардон ба Лут гуфтанд: «Оё каси дигаре дар ин ҷо дорӣ? Домодон, ва писарон, ва духтарони худ, ва ҳар киро, ки дар шаҳр дорӣ, аз ин макон берун овар.
13Зеро ки мо ин маконро маҳв хоҳем кард; чунки фиғон аз дасти онҳо пеши Худованд бисьёр шудааст, ва Худованд моро фиристод, ки онро маҳв созем».
14Ва Лут берун рафта, бо домодонаш, ки духтарони ӯро гирифтанӣ буданд, гап зад, ва гуфт: «Бархезед, аз ин макон равед; зеро ки Худованд ин шаҳрро маҳв мекунад». Вале ба назари домодонаш чунин намуд, ки ӯ ҳазлбозӣ мекунад.
15Ва ҳангоми дамидани субҳ он фариштагон Лутро шитоб кунонда, гуфтанд: «Бархез, зани худро бо ду духтаре ки пешат ҳастанд, бигир, то ки аз боиси гуноҳи ин шаҳр нобуд нашавӣ».
16Ва чун дер мекард, он мардон дасти ӯ, ва дасти занаш, ва дасти ду духтарашро гирифтанд, — чунки Худованд бар ӯ шафқат кард, — ва ӯро бароварда, дар беруни шаҳр гузоштанд.
17Вақте ки онҳоро берун оварданд, гуфт: «Ҷони худро раҳо кун; ба ақиб нигоҳ накун, дар ҳеҷ ҷои ин водӣ наист; ба кӯҳ гурехта рав, то ки нобуд нашавӣ».
18Вале Лут ба онҳо гуфт: «Не, Худоё!
19Инак, бандаат дар назарат илтифот ёфтааст, ва эҳсони азиме ба ман кардӣ, ки ҷонамро раҳоӣ додӣ; вале ман кудрати он надорам, ки ба кӯҳ гурехта равам, мабодо балое ба сарам ояду бимирам.
20Инак, он шаҳр барои гурехта рафтан наздик аст, ва ин чизи андак аст; ба он ҷо гурехта равам — ин, охир, чизи андак аст, — ва ҷонам зинда мемонад».
21Ва ба ӯ гуфт: «Инак, дар ин бобат ҳам туро рӯихотир мекунам: шаҳреро, ки гуфтӣ, вожгун намесозам.
22Шитобон ба он ҷо гурехта рав; зеро ки то ба он ҷо нарасӣ, чизе карда наметавонам». Аз ин сабаб он шаҳр Сӯар номида шудааст.
23Офтоб бар замин тулӯъ кард, вақте ки Лут ба Сӯар расид.
24Ва Худованд бар Садӯм ва Амӯро кибрит ва оташ аз ҷониби Худованд аз осмон боронид.
25Ва он шаҳрҳоро, ва тамоми водиро, ва ҳамаи сокинони шаҳрҳо ва набототи заминро вожгун сохт.
26Вале зани Лут аз ақиби ӯ нигарист, ва сутуни намак гардид.
27Ва бомдодон Иброҳим бархоста, сӯи маконе рафт, ки он ҷо пеши Худованд истода буд.
28Ва чун ба ҷониби Садӯм ва Амӯро ва тамоми замини водӣ назар андохт, дид, ки инак, дуди он замин чун дуди хумдон боло меравад.
29Ва ҳангоме ки Худо шаҳрҳои водиро маҳв мекард, Худо Иброҳимро ба хотир овард, ва Лутро аз миёни он харобӣ берун кард дар ҳини вожгун сохтани шаҳрҳое ки Лут дар онҳо иқомат дошт.
Гуноҳи духтарони Лут.
30Ва Лут аз Сӯар баромад, ва бо ду духтари худ дар кӯҳ маскан гирифт: зеро ки аз сокин шудан дар Сӯар тарсид, ва бо ду духтараш дар мағорае сукунат ихтиёр кард.
31Ва духтари калонӣ ба хурдӣ гуфт: «Падари мо пир шудааст, ва марде бар рӯи замин нест, ки аз рӯи одати тамоми замин бо мо бихобад.
32Биё, падари худро шароб нӯшонем, ва бо ӯ бихобем, то насле аз падари худ нигоҳ дорем».
33Ва ҳамон шаб падари худро шароб нӯшонданд, ва духтари калонӣ омада, бо падари худ хобид, ва ӯ аз хобидан ва хестани вай огоҳ нашуд.
34Рӯзи дигар духтари калонӣ ба хурдӣ гуфт: «Инак, дишаб бо падарам хобидам; имшаб низ ӯро шароб нӯшонем, ва ту даромада, бо ӯ бихоб, то ки насле аз падари худ нигоҳ дорем».
35Он шаб низ падари худро шароб нӯшонданд, ва духтари хурдӣ бо ӯ хобид, ва ӯ аз хобидан ва хестани вай огоҳ нашуд.
36Ва ҳар ду духтари Лут аз падари худ ҳомила шуданд.
37Ва духтари калонӣ писаре зоид, ва ӯро Мӯоб ном ниҳод; ва ӯ то имрӯз падари мӯобиён аст.
38Ва духтари хурдӣ низ писаре зоид, ва ӯро Бин‐Аммӣ ном ниҳод; ӯ то имрӯз падари банӣ‐Аммӯн аст.
Currently Selected:
Ҳастӣ 19: KM92
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in