YouVersion Logo
Search Icon

Ҳастӣ 18

18
БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Иброҳим — дӯсти Худо.
1Ва Худованд дар булутзори Мамре бар ӯ зоҳир гардид, вақте ки ӯ дар гармои рӯз ба дари хайма нишаста буд.
2Ва чашм андохта, дид, ки инак, се мард дар рӯ ба рӯяш истодаанд. Чун онҳоро дид, аз дари хайма ба пешвози онҳо шитофт, ва то замин саҷда кард.
3Ва гуфт: «Эй оғои ман! Агар дар назари Ту илтифот ёфта бошам, аз пеши бандаи Худ нагузар.
4Андак об биёваранд, то ки пойҳои худро шуста, зери дарахт фароғат кунед.
5Ва луқмаи ноне биёварам, то ки дилҳои худро кувват диҳед; ва пас аз он равона шавед; зеро ки барои ҳамин шумо пеши бандаи худ гузар кардаед». Гуфтанд: «Он чи гуфтӣ, бикун».
6Ва Иброҳим ба хайма назди Соро шитофт ва гуфт: «Ба зудӣ се қафиз аз орди маҳин гирифта, хамир кун ва кулча паз».
7Ва Иброҳим сӯи рама давид, ва гӯсолаи навдаму хуберо гирифта, ба ҷавоне дод, то ки зуд онро тайёр кунад.
8Пас маска ва шир ва гӯсолаи тайёршударо гирифта, пеши онҳо гузошт; ва худаш дар паҳлуи онҳо зери дарахт истод, то хӯрданд.
9Ва ба ӯ гуфтанд: «Зани ту, Соро куҷост?» Гуфт: «Инак, дар хайма аст».
10Ва гуфт: «Соли оянда дар ҳамин вақт ҳатман назди ту хоҳам баргашт, ва занат Сороро писаре хоҳад шуд». Ва Соро ба дари хайма, ки дар ақиби ӯ буд, шунид.
11Ва Иброҳим ва Соро пир ва солхӯрда буданд; ва одати занон аз Соро қатъ шуда буд.
12Ва Соро дарунакӣ хандида, гуфт: «Оё баъд аз фарсудагиам маро ҳузуру ҳаловате хоҳад буд? Ва оғоям низ пир шудааст».
13Ва Худованд ба Иброҳим гуфт: «Барои чӣ Соро хандида, гуфт: „Наход ки ҳақиқатан зоида тавонам, дар сурате ки ман пир шудаам?“
14Магар барои Худованд чизи мушкиле ҳаст? Дар сари ваъда, соли оянда дар ҳамин вақт назди ту хоҳам баргашт, ва Сороро писаре хоҳад шуд».
15Аммо Соро мункир шуда, гуфт: «Нахандидаам». Чунки тарсид. Вале Ӯ гуфт: «Не, хандидӣ».
16Ва он мардон аз он ҷо бархоста, сӯи Садӯм назар дӯхтанд, ва Иброҳим ҳамроҳашон равона шуд, то ки онҳоро гусел кунад.
17Ва Худованд гуфт: «Оё он чи Ман карданиам, аз Иброҳим пӯшида дорам?
18Ва аз Иброҳим ҳатман халқи бузург ва зӯроваре ба вуҷуд хоҳад омад, ва ҳамаи халқҳои рӯи замин дар ӯ баракат хоҳанд хост.
19Зеро ӯро барои он шинохтаам, ки фарзандони худро, ва аҳли байти худро баъд аз худ амр хоҳад фармуд, ки роҳи Худовандро риоя карда, адлу инсофро ба амал оваранд, то ки Худованд он чи дар ҳаққи Иброҳим гуфтааст, ба вай бирасонад».
20Ва Худованд гуфт: «Фиғон аз дасти Садӯм ва Амӯро бисьёр шудааст, ва гуноҳашон бағоят гарон шудааст.
21Фурӯд омадам, то бубинам, ки оё онҳо комилан мувофиқи фиғоне ки ба Ман мерасад, рафтор кардаанд, ё не; хоҳам донист».
22Ва мардон аз он ҷо сӯи Садӯм рӯй ниҳода рафтанд; вале Иброҳим ҳанӯз пеши Худованд истода буд.
Иброҳим шафоат менамояд.
23Ва Иброҳим наздик омада, гуфт: «Наход ки одилро бо шарир маҳв созӣ?
24Шояд, дар ин шаҳр панҷоҳ одил бошанд? Наход ки онҳоро маҳв созӣ, ва он маконро ба хотири панҷоҳ одиле ки дар он бошанд, амон надиҳӣ?
25Калло ва ҳошо ба Ту, ки коре мисли ин бикунӣ, ки одилро бо шарир бикушӣ, ва одилу шарир баробар бошанд; калло ва ҳошо ба Ту! Оё Довари тамоми замин аз рӯи адл амал нахоҳад кард?»
26Ва Худованд гуфт: «Агар дар шаҳри Садӯм панҷоҳ одил ёбам, тамоми он маконро ба хотири онҳо амон медиҳам».
27Ва Иброҳим ба ҷавоб гуфт: «Инак ман, ки хок ва хокистар ҳастам, ҷуръат намудам ба Худованд сухане бигӯям:
28Шояд, аз он панҷоҳ одил панҷ нафар кам бошад, наход ки тамоми шаҳрро аз боиси панҷ нафар маҳв созӣ?» Гуфт: «Агар дар он ҷо чилу панҷ нафар ёбам, маҳв накунам».
29Ва боз илова намуда, ба Ӯ гуфт: «Шояд, дар он ҷо чил нафар ёфт шаванд?» Гуфт: «Ба хотири чил нафар ҳам ин корро накунам».
30Ва гуфт: «Худованд дарғазаб нашавад, ки ман сухане хоҳам гуфт: шояд, дар он ҷо сӣ нафар ёфт шаванд?» Гуфт: «Агар дар он ҷо сӣ нафар ёбам, ин корро накунам».
31Ва гуфт: «Инак, ман ҷуръат намудам ба Худованд сухане бигӯям: шояд, дар он ҷо бист нафар ёфт шаванд?» Гуфт: «Ба хотири бист нафар маҳв накунам».
32Ва гуфт: «Худованд дарғазаб нашавад, ки ман фақат як бори дигар сухане хоҳам гуфт: шояд, дар он ҷо даҳ нафар ёфт шаванд?» Гуфт: «Ба хотири даҳ нафар маҳв накунам».
33Ва Худованд, чун гуфтугӯро бо Иброҳим тамом кард, бирафт; ва Иброҳим ба макони худ баргашт.

Currently Selected:

Ҳастӣ 18: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in