YouVersion Logo
Search Icon

Ҳастӣ 17

17
БОБИ ҲАФДАҲУМ
Худо — Худованди Қодир (Эл‐Шаддай).
1Вақте ки Абром наваду нӯҳсола буд, Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт:
«Ман Худои Қодирам;
пеши Ман роҳ рав ва покдоман бош;
2Ва аҳди Худро дар миёни Худам ва ту барқарор мекунам,
ва туро хеле ва хеле афзун мегардонам».
3Ва Абром бар рӯи худ афтод, ва Худо суханашро ба ӯ давом дода, гуфт:
Ба Абром номи Иброҳим дода шуд.
4«Ман — инак аҳди Ман бо ту:
ту падари халқҳои бисьёр хоҳӣ буд.
5Ва номи ту минбаъд Абром хонда нашавад;
балки номи ту Иброҳим хоҳад буд;
зеро ки туро падари халқҳои бисьёр мегардонам.
Аҳд бо Иброҳим тасдиқ карда ва абадӣ гардонида шуд.
6Ва туро хеле ва хеле борвар месозам, ва аз ту халқҳо ба вуҷуд меоварам, ва подшоҳон аз ту ба вуҷуд меоянд.
7Ва аҳди Худро дар миёни Худам ва ту, ва насли ту баъд аз ту, барқарор мекунам, ки дар ҳамаи наслҳои онҳо аҳди ҷовидонӣ бошад, то ки туро, ва баъд аз ту насли туро Худо бошам.
8Ва замини мусофирати туро, тамоми замини Канъонро ба ту, ва баъд аз ту ба насли ту ба тасарруфи абадӣ медиҳам; ва Худои онҳо хоҳам буд».
Хатна — аломати аҳди Худо бо Иброҳим.
9Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Вале ту аҳди Маро риоя кун, ту, ва баъд аз ту насли ту, дар ҳамаи наслҳои онҳо.
10Ин аст аҳди Ман, ки риоя хоҳед кард дар миёни Ман ва шумо, ва насли ту баъд аз ту: ҳар наринаи шумо хатна карда шавад.
11Ва ғилофаки худро хатна кунед, то аломати аҳде бошад, ки дар миёни Ман ва шумост.
12Ва дар ҳаштрӯзагӣ ҳар наринаи шумо дар ҳамаи наслҳои шумо хатна карда шавад, хоҳ хоназод бошад, хоҳ зархарид аз ҳар аҷнабие ки аз насли ту нест.
13Ҳар хоназоди ту ва ҳар зархариди ту ҳатман хатна карда шавад, то ки аҳди Ман дар ҷисми шумо аҳди ҷовидонӣ бошад.
14Вале наринаи номахтун, ки ғилофаки худро хатна накарда бошад, он кас аз байни халқи худ маҳв гардад; вай аҳди Маро поймол кардааст».
Ваъда дар бораи Исҳоқ. Сорай Соро номида шуд.
15Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Зани худ Сорайро Сорай нахон; балки номаш Соро бошад.
16Ман варо баракат хоҳам дод, ва писаре низ аз вай ба ту хоҳам бахшид; варо баракат хоҳам дод, ва халқҳо аз вай ба вуҷуд оянд, ва подшоҳони халқҳо аз вай пайдо шаванд».
17Ва Иброҳим бар рӯи худ афтода, хандид ва дар дили худ гуфт: «Наход ки аз марди садсола бача шавад, ва Соро дар навадсолагӣ бизояд?»
18Ва Иброҳим ба Худо гуфт: «Кошки Исмоил пеши Ту зиндагӣ кунад!»
19Худо гуфт: «Валекин занат Соро ба ту писаре хоҳад зоид, ва ӯро Исҳоқ ном хоҳӣ ниҳод; ва аҳди Худро бо ӯ барқарор хоҳам кард, то ки бо насли ӯ баъд аз ӯ аҳди ҷовидонӣ бошад.
Исмоил — падари халқи сершумор.
20Дар ҳаққи Исмоил ҳам туро шунидам: инак, ӯро баракат медиҳам, борвар мегардонам, хеле ва хеле афзун месозам; дувоздаҳ амирон аз ӯ пайдо шаванд; ва аз ӯ халқи бузурге ба вуҷуд меоварам.
21Вале аҳди Худро бо Исҳоқ барқарор хоҳам кард, ки Соро ӯро соли дигар дар ҳамин вақт ба ту хоҳад зоид».
22Ва Худо сухан гуфтанро бо ӯ бас карда, аз пеши Иброҳим сууд намуд.
23Ва Иброҳим писари худ Исмоил ва ҳамаи хоназодон ва зархаридони худро, яъне ҳар наринаи аҳли байти Иброҳимро гирифта, ғилофаки онҳоро дар ҳамон рӯз хатна кард, чунон ки Худо ба ӯ гуфта буд.
24Ва Иброҳим наваду нӯҳсола буд, вақте ки ғилофаки ӯ хатна шуд.
25Ва писараш Исмоил сездаҳсола буд, вақте ки ғилофакаш хатна шуд.
26Дар ҳамон рӯз Иброҳим ва писараш Исмоил хатна шуданд.
27Ва ҳамаи наринаҳои аҳли байти ӯ, хоҳ хоназодон, хоҳ зархаридони аҷнабӣ, бо ӯ хатна шуданд.

Currently Selected:

Ҳастӣ 17: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in