1
Ҳастӣ 17:1
Китоби Муқаддас 1992
Вақте ки Абром наваду нӯҳсола буд, Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт: «Ман Худои Қодирам; пеши Ман роҳ рав ва покдоман бош
Compare
Explore Ҳастӣ 17:1
2
Ҳастӣ 17:5
Ва номи ту минбаъд Абром хонда нашавад; балки номи ту Иброҳим хоҳад буд; зеро ки туро падари халқҳои бисьёр мегардонам.
Explore Ҳастӣ 17:5
3
Ҳастӣ 17:7
Ва аҳди Худро дар миёни Худам ва ту, ва насли ту баъд аз ту, барқарор мекунам, ки дар ҳамаи наслҳои онҳо аҳди ҷовидонӣ бошад, то ки туро, ва баъд аз ту насли туро Худо бошам.
Explore Ҳастӣ 17:7
4
Ҳастӣ 17:4
«Ман — инак аҳди Ман бо ту: ту падари халқҳои бисьёр хоҳӣ буд.
Explore Ҳастӣ 17:4
5
Ҳастӣ 17:19
Худо гуфт: «Валекин занат Соро ба ту писаре хоҳад зоид, ва ӯро Исҳоқ ном хоҳӣ ниҳод; ва аҳди Худро бо ӯ барқарор хоҳам кард, то ки бо насли ӯ баъд аз ӯ аҳди ҷовидонӣ бошад.
Explore Ҳастӣ 17:19
6
Ҳастӣ 17:8
Ва замини мусофирати туро, тамоми замини Канъонро ба ту, ва баъд аз ту ба насли ту ба тасарруфи абадӣ медиҳам; ва Худои онҳо хоҳам буд».
Explore Ҳастӣ 17:8
7
Ҳастӣ 17:17
Ва Иброҳим бар рӯи худ афтода, хандид ва дар дили худ гуфт: «Наход ки аз марди садсола бача шавад, ва Соро дар навадсолагӣ бизояд?»
Explore Ҳастӣ 17:17
8
Ҳастӣ 17:15
Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Зани худ Сорайро Сорай нахон; балки номаш Соро бошад.
Explore Ҳастӣ 17:15
9
Ҳастӣ 17:11
Ва ғилофаки худро хатна кунед, то аломати аҳде бошад, ки дар миёни Ман ва шумост.
Explore Ҳастӣ 17:11
10
Ҳастӣ 17:21
Вале аҳди Худро бо Исҳоқ барқарор хоҳам кард, ки Соро ӯро соли дигар дар ҳамин вақт ба ту хоҳад зоид».
Explore Ҳастӣ 17:21
11
Ҳастӣ 17:12-13
Ва дар ҳаштрӯзагӣ ҳар наринаи шумо дар ҳамаи наслҳои шумо хатна карда шавад, хоҳ хоназод бошад, хоҳ зархарид аз ҳар аҷнабие ки аз насли ту нест. Ҳар хоназоди ту ва ҳар зархариди ту ҳатман хатна карда шавад, то ки аҳди Ман дар ҷисми шумо аҳди ҷовидонӣ бошад.
Explore Ҳастӣ 17:12-13
Home
Bible
Plans
Videos