YouVersion Logo
Search Icon

Ҳастӣ 23

23
БОБИ БИСТУ СЕЮМ
Вафоти Соро ва дафни вай.
1Ва айёми зиндагонии Соро саду бисту ҳафт сол буд: ин аст солҳои умри Соро.
2Ва Соро дар Қирьяи Арбаъ, ки ҳамон Ҳебрӯн бошад, дар замини Канъон мурд, ва Иброҳим омад, то ки барои Соро навҳа ва гирья кунад.
3Ва Иброҳим аз пеши мурдаи худ бархост, ва ба фарзандони Ҳит сухан ронда, гуфт:
4«Ман пеши шумо ғарибу мусофир ҳастам: мақбарае дар байни худ ба моликияти ман бидиҳед, то ки мурдаи худро аз пешам дафн кунам».
5Ва фарзандони Ҳит ба Иброҳим ҷавоб дода, гуфтанд:
6«Эй оғои мо, сухани моро бишнав: ту дар миёни мо амири Худо ҳастӣ; дар беҳтарин мақбараи мо мурдаи худро дафн кун; ҳеҷ кадоме аз мо мақбараи худро аз ту барои дафни мурдаат дареғ нахоҳад дошт».
7Ва Иброҳим бархоста, ба мардуми он замин, яъне ба фарзандони Ҳит таъзим намуд,
8Ва ба онҳо сухан ронда, гуфт: «Агар шумо розӣ бошед, ки мурдаи худро аз пешам дафн кунам, сухани маро бишнавед ва аз Афрӯн ибни Сӯҳар барои ман илтимос кунед,
9То мағораи Макфелоро, ки аз они ӯст ва дар канори саҳрои ӯ воқеъ аст, ба ман бидиҳад, ба қимати пурра барои мақбара дар миёни шумо ба моликияти ман бидиҳад».
10Ва Афрӯн дар миёни фарзандони Ҳит нишаста буд; ва Афрӯни ҳиттӣ дар самъи фарзандони Ҳит, дар пеши ҳамае ки ба дарвозаи шаҳри ӯ медаромаданд, ба Иброҳим ҷавоб дода, гуфт:
11«Не, оғои ман, сухани маро бишнав: ин саҳроро ба ту медиҳам ва мағораро, ки дар он воқеъ аст, ба ту медиҳам, дар пеши назари фарзандони қавми худ онро ба ту медиҳам, мурдаи худро дафн кун».
12Ва Иброҳим пеши мардуми он замин таъзим намуд,
13Ва дар самъи мардуми он замин ба Афрӯн сухан ронда, гуфт: «Агар ту ба гапам гӯш андозӣ, ман ба ту барои саҳро нуқра медиҳам: онро аз ман бигир, то ки мурдаи худро дар он ҷо дафн кунам».
14Ва Афрӯн ба Иброҳим ҷавоб дода, гуфт:
15«Эй оғои ман! Сухани маро бишнав: қимати замин чорсад сиқл#23:15 сиқл — воҳиди пули қадимӣ, ки арзишаш аз рӯи вазнаш муайян карда мешуд. Мувофиқи маълумоти қадимӣ, дертар, дар давлати яҳудиён, дар давраи подшоҳии Шимъӯни Макабӣ (асри 2 пеш аз милод), вазни сиқли нуқра 14,55 грамм ва сиқли тилло 16,37 грамм буд. нуқра аст; ин дар миёни ману ту чист? Мурдаи худро дафн кун».
16Ва Иброҳим сухани Афрӯнро шунида, он маблағро, ки дар самъи фарзандони Ҳит гуфта буд, яъне чорсад сиқл нуқраи роиҷулмуомиларо ба Афрӯн баркашида дод.
17Ва саҳрои Афрӯн, ки дар назди Макфело, дар рӯ ба рӯи Мамре воқеъ аст, яъне саҳро ва мағораи он, бо ҳамаи дарахтоне ки дар он саҳро ва дар тамоми ҳудуди гирду пеши он буд,
18Ба моликияти Иброҳим мубаддал шуд дар пеши назари фарзандони Ҳит, яъне ҳамае ки ба дарвозаи шаҳри ӯ медаромаданд.
19Ва пас аз ин Иброҳим зани худ Сороро дар мағораи саҳрои Макфело, дар рӯ ба рӯи Мамре, ки ҳамон Ҳебрӯн бошад, дар замини Канъон дафн кард.
20Ва он саҳро бо мағорае ки дар он воқеъ аст, аз ҷониби фарзандони Ҳит ба моликияти Иброҳим барои мақбара мубаддал шуд.

Currently Selected:

Ҳастӣ 23: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in