YouVersion Logo
Search Icon

Ҳастӣ 24

24
БОБИ БИСТУ ЧОРУМ
Ривқо, арӯси Исҳоқ.
1Ва Иброҳим пир ва солхӯрда шуд, ва Худованд Иброҳимро дар ҳар чиз баракат дод.
2Ва Иброҳим ба ғуломи худ, ки калони хонаи ӯ буда, тамоми дороии ӯро идора мекард, гуфт: «Дасти худро зери рони ман бигузор,
3Ва ба Худованд Худои осмон ва Худои замин туро қасам медиҳам, ки зане барои писарам аз духтарони канъониён, ки дар миёни онҳо иқомат дорам, нагирӣ;
4Балки ба замини ман, ба зодгоҳи ман биравӣ, ва зане барои писарам Исҳоқ бигирӣ».
5Ва ғулом ба ӯ гуфт: «Шояд, он зан розӣ нашавад, ки бо ман ба ин замин биёяд; оё писаратро ба замине ки аз он берун омадаӣ, баргардонам?»
6Ва Иброҳим ба ӯ гуфт: «Зинҳор, писари маро ба он ҷо барнагардонӣ.
7Худованд Худои осмон, ки маро аз хонаи падарам ва аз замини зодгоҳам берун овард, ва ба ман сухан ронд, ва ба ман қасам ёд карда, гуфт, ки: „Ин заминро ба насли ту хоҳам дод“ — Ӯ фариштаи Худро пешопеши ту хоҳад фиристод, то ки зане барои писарам аз он ҷо бигирӣ.
8Вале агар он зан ба омадан бо ту розӣ нашавад, аз ин қасами ман фориғ хоҳӣ буд; аммо, зинҳор, писарамро ба он ҷо барнагардонӣ».
9Ва ғулом дасти худро зери рони оғои худ Иброҳим гузошт, ва дар ин хусус ба ӯ қасам ёд кард.
10Ва ғулом даҳ шутур аз шутурони оғои худ гирифта, бирафт. Ва тамоми ганҷинаи оғояш дар дасти ӯ буд. Ва бархоста, сӯи Арам‐наҳрайн, ба шаҳри Ноҳӯр бирафт.
11Ва шомгоҳ, вақте ки занон барои обкашӣ мебаромаданд, шутуронро дар беруни шаҳр назди чоҳи об чӯконид.
12Ва гуфт: «Эй Худованд, Худои оғоям Иброҳим! Имрӯз ба муродам бирасон, ва ба оғоям Иброҳим эҳсон бикун.
13Инак, ман ба сари чашмаи об истодаам, ва духтарони аҳли ин шаҳр барои обкашӣ мебароянд;
14Ва чунин бишавад, ки он духтаре ки ба вай гӯям: „Кӯзаи худро хам кун, то бинӯшам“, ва ӯ гӯяд: „Бинӯш, ва шутуронатро низ нӯшонам“, — ҳамон бошад, ки барои бандаи Худ Исҳоқ ихтиёр кардаӣ; ва аз рӯи ин бидонам, ки ба оғоям эҳсон кардаӣ».
15Ва ӯ ҳанӯз суханашро тамом накарда буд, ва инак Ривқо, ки аз Батуил, писари Милко, зани Ноҳӯр, бародари Иброҳим, таваллуд шуда буд, берун омад, ва кӯзае бар китф дошт.
16Ва он духтар бисьёр хушрӯй ва бокира буд, ва марде бо ӯ нахобида буд; ва сӯи чашма фуромад, ва кӯзаи худро пур карда, боло баромад.
17Ва ғулом ба пешвози вай шитофта, гуфт: «Як ҷуръа об аз кӯзаи худ ба ман бинӯшон».
18Гуфт: «Эй оғои ман, бинӯш!» Ва дарҳол кӯзаашро ба дасташ фуроварда, ӯро нӯшонид.
19Ва чун аз нӯшониданаш фориғ шуд, гуфт: «Барои шутуронат низ об мекашам, то даме ки аз нӯшидан бозистанд».
20Ва дарҳол кӯзаи худро дар обхӯр холӣ кард, ва боз сӯи чоҳ ба обкашӣ бидавид, ва барои ҳамаи шутуронаш об кашид.
21Ва он мард бо ҳайрат менигарист ва сукут мекард, то бидонад, ки оё Худованд сафари ӯро муваффақият бахшидааст ё не.
22Ва ҳангоме ки шутурон аз нӯшидан бозистоданд, он мард ҳалқаи тиллои вазнаш ним сиқл, ва барои дастҳои вай ду дастпонаи вазнаш даҳ сиқл тиллоро гирифт,
23Ва гуфт: «Ту духтари кистӣ? Ба ман бигӯ; оё дар хонаи падарат ҷое барои мо ҳаст, то ки шабро гузаронем?»
24Ба ӯ гуфт: «Ман духтари Батуил, писари Милко, ҳастам, ки ӯро ба Ноҳӯр зоидааст».
25Ва боз ба ӯ гуфт: «Назди мо коҳу беда бисьёр аст, ва ҷой низ барои шабгузаронӣ».
26Ва он мард саҷда намуд ва Худовандро ибодат кард,
27Ва гуфт: «Муборак аст Худованд, Худои оғоям Иброҳим, ки эҳсони Худро, ва вафои Худро аз оғоям дареғ надошт! Ва чун дар роҳ будам, Худованд маро сӯи хонаи бародари оғоям ҳидоят намуд».
28Ва духтар давида рафта, ба аҳли байти модари худ воқеаро хабар дод.
29Ва Ривқоро бародаре буд, ки Лобон ном дошт. Ва Лобон назди он мард, сӯи чашма давида баромад.
30Ва ҳангоме ки он ҳалқаро, ва бар дастҳои хоҳараш он дастпонаҳоро дид, ва суханони хоҳари худ Ривқоро шунид, ки мегуфт: «Он мард ба ман чунин гуфт», — пеши мард омад, ва инак, ӯ назди шутурон ба сари чашма истодааст.
31Ва гуфт: «Биё, эй мубораки Худованд! Чаро дар берун истодаӣ? Ман хонаро, ва манзиле барои шутурон муҳайё кардам».
32Ва он мард ба хона даромад, ва Лобон шутуронро воз кард, ва коҳу беда ба шутурон дод, ва об барои шустани пойҳояш ва пойҳои касоне ки ҳамроҳаш буданд.
33Ва хӯрок пеши ӯ ниҳоданд, вале гуфт: «То матлаби худро нагӯям, чизе намехӯрам». Гуфтанд: «Бигӯ».
34Ва гуфт: «Ман ғуломи Иброҳим ҳастам.
35Ва Худованд оғои маро бисьёр баракат додааст, ва ӯ бузург шудааст, ва гӯсфандону говон, нуқра ва тилло, ғуломону канизон, шутурону харон ба ӯ додааст.
36Ва зани оғоям Соро, баъд аз пир шуданаш, писаре ба оғоям зоид, ва ҳар чӣ ӯ дорад, ба вай додааст.
37Ва оғоям маро қасам дода, гуфт: „Зане барои писарам аз духтарони канъониён, ки дар заминашон иқомат дорам, нагирӣ;
38Балки ба хонаи падари ман ва назди хешу табори ман биравӣ, ва зане барои писарам бигирӣ“.
39Ва ба оғои худ гуфтам: „Шояд, он зан ҳамроҳи ман наояд“.
40Ба ман гуфт: „Худованд, ки пешаш роҳ меравам, фариштаи Худро бо ту хоҳад фиристод ва сафари туро муваффақият хоҳад бахшид, то ки зане барои писарам аз хешу табори ман ва аз хонаи падари ман бигирӣ.
41Ҳамон вақт аз қасами ман фориғ хоҳӣ буд, ки назди хешу табори ман рафта бошӣ; ва агар онҳо ба ту надиҳанд, аз қасами ман фориғ хоҳӣ буд“.
42Ва имрӯз ман ба сари чашма расидам, ва гуфтам: „Эй Худованд, Худои оғоям Иброҳим! Агар сафари маро, ки ба он рафта истодаам, бомуваффақият гардонӣ,
43Инак, ман ба сари ин чашмаи об истодаам, ва чунин бишавад, ки он духтаре ки барои обкашӣ барояд, ва ба вай гӯям: «Маро аз кӯзаи худ як ҷуръа об бинӯшон»,
44Ва ба ман гӯяд: «Ҳам ту бинӯш, ва ҳам барои шутуронат об мекашам», — вай ҳамон зане бошад, ки Худованд барои писари оғои ман ихтиёр кардааст“.
45Ман ҳанӯз гуфтани инро дар дили худ тамом накарда будам, ва инак Ривқо бо кӯзае бар китфи худ берун омад ва сӯи чашма фуромада, об кашид; ва ман ба вай гуфтам: „Як ҷуръа об ба ман бинӯшон“.
46Ва ӯ дарҳол кӯзаашро аз китфаш фуроварда, гуфт: „Бинӯш; ба шутурони ту низ об медиҳам“. Ман ҳам нӯшидам, ба шутурон низ об дод.
47Ва аз вай пурсида, гуфтам: „Ту духтари кистӣ?“ Гуфт: „Духтари Батуил, писари Ноҳӯр, ки Милко ба ӯ зоид“. Ва ҳалқаро дар бинии вай ва дастпонаҳоро бар дастҳояш пӯшондам.
48Ва саҷда намудам ва Худовандро ибодат кардам, ва Худованд, Худои оғои худ Иброҳимро муборак хондам, ки маро ба роҳи рост андохт, то ки духтари бародари оғои худро барои писараш бигирам.
49Ва акнун ба ман бигӯед, ки оё шумо мехоҳед ба оғои ман эҳсон ва вафо зоҳир намоед, ё не; ба ман бигӯед, то ки ман ба тарафи рост ё чап раҳсипор шавам».
50Ва Лобон ва Батуил дар ҷавоб гуфтанд: «Ин амр аз Худованд содир шудааст; мо ба ту чизе бад ё нек гуфта наметавонем.
51Инак Ривқо пеши туст; бигир ва бирав; бигзор вай зани писари оғои ту шавад, чунон ки Худованд гуфтааст».
52Ва чун ғуломи Иброҳим суханони онҳоро шунид, ба Худованд то замин саҷда кард.
53Ва ғулом асбоби нуқра, ва асбоби тилло, ва либосҳоро берун оварда, ба Ривқо дод, ва ба бародар ва модари вай инъомҳои гаронбаҳо дод.
54Ва ӯ ва касоне ки ҳамроҳаш буданд, хӯрданд ва нӯшиданд, ва шабро гузаронданд. Ва бомдодон, чун бархостанд, ӯ гуфт: «Маро сӯи оғоям ҷавоб диҳед».
55Вале бародар ва модари вай гуфтанд: «Духтар бо мо даҳ рӯзе бимонад, ва баъд равона шавад».
56Ба онҳо гуфт: «Маро нигоҳ надоред; Худованд сафари маро муваффақият бахшид; маро ҷавоб диҳед, то ки назди оғои худ биравам».
57Ва гуфтанд: «Духтарро ҷеғ зада, пурсем, ки ӯ чӣ мегӯяд».
58Ва Ривқоро ҷеғ зада, ба вай гуфтанд: «Оё бо ин мард меравӣ?» Гуфт: «Меравам».
59Ва хоҳари худ Ривқоро, ва дояашро, ва ғуломи Иброҳимро, ва одамони ӯро ҷавоб доданд.
60Ва Ривқоро баракат дода, ба вай гуфтанд:
«Эй хоҳари мо! Аз ту ҳазорон‐ҳазор таваллуд ёбанд,
ва насли ту шаҳрҳои
душманони худро мусаххар намояд!»
61Ва Ривқо ва канизонаш бархоста, ба шутурон савор шуданд, ва аз ақиби он мард равона шуданд; ва ғулом Ривқоро гирифта, бирафт.
62Ва Исҳоқ аз Беэр‐лаҳай‐рӯӣ омад; зеро ки ӯ дар замини ҷануб иқомат дошт.
63Ва қариби шом Исҳоқ барои гаштугузор ба саҳро баромад; ва чашм андохта, дид, ки шутурон меоянд.
64Ва Ривқо чашм андохта, Исҳоқро дид, ва аз шутур фуромад.
65Ва ба ғулом гуфт: «Ин мард кист, ки дар саҳро ба пешвози мо меояд?» Ва ғулом гуфт: «Ин оғои ман аст». Вай бурқаъро гирифта, рӯи худро пӯшонид.
66Ва ғулом ҳамаи корҳоеро, ки карда буд, ба Исҳоқ нақл намуд.
67Ва Исҳоқ вайро ба хаймаи модари худ Соро овард; ва Ривқоро гирифт: вай зани ӯ шуд, ва ӯ ба вай дил баст; ва Исҳоқ пас аз азои модари худ тасаллӣ ёфт.

Currently Selected:

Ҳастӣ 24: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in