YouVersion Logo
Search Icon

Румиён* 4

4
Имони Иброҳим
1Пас дар бораи Иброҳим, ки ҷисман падари мо – яҳудиён аст, чӣ бигӯем? Ӯ чӣ ба даст овард? 2Агар Иброҳим барои корҳои некаш росткор ҳисобида шуда бошад, ӯ метавонад бо корҳояш фахр кунад, лекин на дар пеши Худо. 3Зеро дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст: «Иброҳим ба Худо бовар кард ва барои ҳамин Худо ӯро беайб ҳисоб намуд».#4:3 Ибтидо 15:6
4Вале музди меҳнаткаш барояш туҳфа нест, балки ҳаққи ӯст, ки бояд ба ӯ дода шавад. 5Аммо, агар одам на ба корҳои худ, балки ба Худое, ки бадкорро сафед мекунад, имон дошта бошад, пас имони чунин одам росткорӣ ҳисоб мешавад. 6Довуд айнан ҳамин ҳолатро мегӯяд, вақте шахсеро, ки Худо сарфи назар аз корҳояш росткор меҳисобад, хушбахт меномад:
7«Хушбахтанд шахсоне, ки ҷиноятҳояшон бахшида шудаанд ва гуноҳҳояшон рӯпӯш шудаанд.
8Ва хушбахт аст шахсе, ки Худованд гуноҳҳояшро ҳеҷ гоҳ ба ҳисоб намегирад».#4:8 Забур 31:1-2
9Оё ин хушбахтӣ танҳо ба хатнашудагон, яъне дастҳалолшудагон дахл дорад ё ба халқҳои хатнанашуда ҳам? Мо мегӯем, ки Худо имони Иброҳимро росткорӣ ҳисобид. 10Кай имонаш росткорӣ ҳисобида шуд? Пеш аз он ки хатна карда шуд ё баъд аз он? Пеш аз он ки Иброҳим хатна карда шуд. 11Иброҳим пеш аз хатна шуданаш, аз рӯйи имонаш росткор ҳисобида шуда буд. Хатна ҳамчун аломат танҳо росткор будани ӯро тасдиқ кардааст. Барои ҳамин Иброҳим падари ҳамаи онҳоест, ки хатна нашудаанду имон овардаанд. Худо имони онҳоро ҳамчун росткорӣ ҳисобид. 12Инчунин Иброҳим падари ҳамаи хатнашудагон низ шуд, ки на танҳо хатна шудаанд, балки ҳам ба имони пеш аз хатна доштаи Иброҳим низ пайравӣ мекунанд.
Ваъдаҳои Худо
13Худо ба Иброҳим ва фарзандонаш ваъда дод, ки ҷаҳон чун мерос аз они онҳо мешавад. Лекин Худо ин ваъдаро ба хотири шариат, яъне қонуни Худо, надод, балки ба хотири росткорие, ки аз рӯйи имон пайдо мешавад. 14Агар ваъдаи Худо ба иҷрокунандагони шариат дахл медошт, имон бефоида ва ваъда бемаънӣ мешуд. 15Зеро шикастани шариат Худоро ба ғазаб меорад, лекин, дар ҷое ки шариат нест, онро ҳеҷ кас вайрон намекунад.
16Аз ин рӯ ваъда ба онҳое дода мешавад, ки имон доранд. Худо ваъдаро аз рӯйи файзу меҳрубониаш медиҳад. Ваъдаи Худо ба ҳамаи фарзандони Иброҳим ҳатман дода мешавад, на танҳо ба онҳое, ки ба шариат итоат мекунанд, балки ҳам ба онҳое, ки имонашон монанди имони Иброҳим аст. Иброҳим падари ҳамаи мост, 17чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Ман туро падари халқҳои зиёд мегардонам».#4:17 Ибтидо 17:5 Иброҳим, ки ба Худо бовар кардааст, дар пеши Худо падари ҳамаи мо шуд. Ӯ ба Худое бовар кардааст, ки мурдагонро зинда мекунад ва аз чизҳои нобуда чизҳои нав меофарад. 18Вақте ки ҳеҷ умеди фарзанд доштан набуд, Иброҳим бо умед ба Худо бовар кард. Аз ин рӯ Иброҳим падари халқҳои зиёд шуд, чунон ки дар навиштаҷот гуфта шудааст: «Насли ту низ ҳамин хел бешумор хоҳад шуд».#4:18 Ибтидо 15:5 19Ҳарчанд Иброҳим мефаҳмид, ки бадани садсолаи ӯ қариб ба мурдан расида буд ва занаш Соро аз синни таваллуд кардан кайҳо гузаштааст, имонаш суст нашуд. 20Иброҳим шубҳа накарда ба ваъдаи Худо бовар намуд ва дар имон устувор шуда, Худоро ситоиш кард. 21Ӯ боварии комил дошт, ки Худо он чиро, ки ваъда додааст, иҷро карда метавонад. 22Барои ҳамин Худо Иброҳимро барои имонаш росткор ҳисобид.#4:22 Ибтидо 15:6 23Аммо ин сухани навиштаҷот, ки Иброҳим росткор ҳисобида шуд, на танҳо ба ӯ дахл дорад, 24он сухан ба мо низ дахл дорад. Мо ҳам аз рӯйи имон росткор ҳисобида мешавем, чунки ба Худое имон дорем, ки Худовандамон Исои Масеҳро аз мурдагон зинда кард. 25Исои Масеҳ барои гуноҳҳои мо ба марг супорида шуд ва барои сафед кардани мо зинда шуд.

Currently Selected:

Румиён* 4: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in