YouVersion Logo
Search Icon

Румиён* 3

3
Вафодории Худо
1Пас, оё яҳудиён ягон бартарӣ доранд? Ё хатна ягон фоидае дорад? 2Ҳа! Онҳо ҳаматарафа бартарӣ доранд! Аввалан Худо каломашро ба яҳудиён додааст. 3Вале, агар касе аз онҳо ба Худо бевафоӣ карда бошад, магар ин бевафоии онҳо вафодории Худоро бекор мекунад? 4Албатта, не! Ҳатто агар ҳамаи одамон дурӯғгӯ бошанд ҳам, Худо ростгӯ аст, чунон ки дар навиштаҷот дар бораи Худо гуфта шудааст:
«Ҳамаи суханҳоят рост мебароянд
ва агар ба ҳукм дучор шавӣ, сафед хоҳӣ шуд».#3:4 Забур 50:6
5Мехоҳам, аз нуқтаи назари одамӣ савол диҳам. Фарз кардем, бадкории мо росткории Худоро боз ҳам аёнтар мекунад. Пас чӣ гӯем, вақте ки Худо моро гирифтори ғазаби Худ менамояд, беадолатӣ мекунад? 6Албатта, не! Агар Худо, дар ҳақиқат, беадолат мебуд, чӣ тарз Ӯ дунёро доварӣ карда метавонист? 7Вале, агар ба воситаи дурӯғи ман ҳақиқати Худо боз ҳам зиёдтар гардад ва ҳамин тавр шаъну шарафи Худо бузургтар шавад, пас, оё маро ҳамчун гунаҳкор доварӣ кардан мумкин аст? 8Баъзеи туҳматчиён моро айбдор карда мегӯянд, ки гӯё чунин таълим медода бошем: «Барои пайдо шудани некӣ, мо бояд бадӣ кунем». Чунин туҳматгарон сазовори ҷазоянд!
Ҳамаи одамон гунаҳкоранд
9Инак, боз мепурсам, оё ҳолати мо – яҳудиён, аз дигарон беҳтар аст? Не! Ман аллакай нишон додам, ки ҳам яҳудиён ва ҳам дигар халқҳо зери қудрати гуноҳ ҳастанд, 10чунон ки дар навиштаҷот омадааст:
«Ягон росткоре нест, ҳатто як кас ҳам нест!
11Касе нест, ки сарфаҳм равад ва касе Худоро намеҷӯяд!
12Ҳама аз Худо рӯй гардондаанд, ҳама нобакор шудаанд!
Ягон нафари некукор нест, ҳатто як кас ҳам нест!#3:12 Забур 13:1-3; 52:2-4
13Гулӯи онҳо қабри кушода аст,
забонашон фиреб медиҳад#3:13 Забур 5:10 ва лабҳояшон заҳри мор доранд!#3:13 Забур 139:4
14Даҳонашон пур аз лаънату суханони талх аст.#3:14 Забур 9:28
15Пойҳояшон барои рехтани хуни дигарон зуд медаванд.
16Ҳар ҷое раванд, вайронию бадбахтӣ меоваранд,
17ва роҳи сулҳу оштиро онҳо намедонанд.#3:17 Ишаъё 59:7-8
18Онҳо аз Худо тамоман наметарсанд».#3:18 Забур 35:2
19Акнун мо медонем, ҳар он чизе, ки шариат мегӯяд, барои одамонест, ки зери қудрати шариат ҳастанд. Мақсади шариат ин аст, ки касе даҳон кушода натавонад ва тамоми дунё дар пеши Худо ҷавоб диҳад! 20Зеро бо иҷрои шариат ягон одам дар пеши Худо сафед шуда наметавонад! Одам ба воситаи шариат фақат чӣ будани гуноҳро фаҳмида метавонаду халос!
Росткорӣ ба воситаи Исои Масеҳ
21Вале акнун росткории Худо, чунон ки дар Тавроту навиштаҳои пайғамбарон нишон дода шудааст, берун аз шариат ошкор шудааст. 22Росткории Худо ба ҳамаи имондорон ба воситаи имон ба Исои Масеҳ дода мешавад, чунки дар байни одамон фарқе нест. 23Зеро ҳама гуноҳ кардаанд ва аз нури шукӯҳу бузургии Худо маҳрум шудаанд. 24Ҳамчунин Худо мо – имондоронро аз рӯйи файзу меҳрубониаш ройгон росткор эълон мекунад. Ӯ моро ба воситаи Исои Масеҳ аз ҷазои гуноҳҳоямон озод кардааст. 25Худо ба воситаи қурбоншавии Исои Масеҳ ва рехтани хуни Ӯ бахшидани гуноҳҳоро нишон дод. Ин бахшиши гуноҳҳо ба воситаи имон ба даст оварда мешавад. Ӯ гуноҳҳои пештараи одамонро ба назар нагирифт, то ки ба воситаи Исои Масеҳ росткории Худашро нишон диҳад. 26Дар он замонҳо Худо пуртоқатиашро ба онҳо маълум гардонд, то ки ҳоло росткориашро нишон диҳад. Пас, мебинем, ки росткор аст ва сафедкунандаи ҳамаи онҳоест, ки ба Исо бовар мекунанд.
27Пас, оё мо фахр карда метавонем, ки ба воситаи амаламон писанди Худо гаштаем? Не! Зеро сафедшавии мо на аз рӯйи иҷро кардани фармонҳои шариат, балки ба воситаи имон омадааст! 28Зеро мо медонем, ки одам бе иҷрои фармонҳои шариат бо имон росткор ҳисобида мешавад. 29Оё Худо танҳо Худои яҳудиён аст ё Ӯ Худои ғайрияҳудиён низ аст? Албатта, ҳаст! 30Азбаски Худо ягона аст, Ӯ шахси хатнашуда ва ҳам хатнанашударо аз рӯйи имон росткор меҳисобад. 31Оё аз ин бармеояд, ки мо бо имони худ шариатро бекор месозем? Албатта, не! Баръакс, мо бо имони худ фармонҳои шариатро иҷро менамоем!

Currently Selected:

Румиён* 3: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in