YouVersion Logo
Search Icon

Румиён* 2

2
Ҳукми Худо
1Пас ту, эй инсон, агар дигаронро барои кори нодурусте, ки худат ҳам онро мекунӣ, айбдор намойӣ, ягон узре надорӣ. Зеро дигаронро айбдор намуда, ту худатро низ айбдор мекунӣ. 2Мо медонем, ки Худо касонеро, ки чунин корҳоро мекунанд, аз рӯйи адолат ҷазо медиҳад. 3Эй инсон, наход фикр кунӣ, ки дигаронро айбдор намуда, вале ба мисли онҳо рафтор карда, аз ҷазои Худо мегурезӣ? 4Оё ту меҳрубонӣ, раҳмдилӣ ва пурсабрии Худоро хор мешуморӣ? Магар намедонӣ, ки меҳрубонии Худо туро ба тавба кардан мебарад? 5Азбаски ту гарданшах ҳастию тавба кардан намехоҳӣ, ғазаби зиёдеро ҷамъ меоварӣ, ки дар Рӯзи ғазаби Худо ва ошкор шудани ҳукми одилонаи Ӯ бар сарат мерезад. 6Ӯ ба ҳама мувофиқи корҳояшон подош медиҳад. 7Худо ба онҳое, ки доим корҳои нек карда, дар ҷустуҷӯйи шуҳрату шаъну шараф ва ҳаёти ҷовидона буданд, ҳаёти абадӣ медиҳад. 8Аммо онҳое, ки худписанд ҳастанд ва на ба ҳақиқат, балки ба бадӣ итоат мекунанд, қаҳру ғазаби Худоро мебинанд. 9Ба сари ҳама одамоне, ки бадӣ мекунанд, аввал яҳудиён ва баъд халқҳои дигар азобу бало меояд. 10Вале ба онҳое, ки некӣ мекунанд, аввал яҳудиён ва баъд халқҳои дигар Худо шуҳрату шаъну шараф ва сулҳу осоиштагӣ медиҳад! 11Зеро Худо ба ҳама бо як чашм нигоҳ мекунад!
12Вақте ки ғайрияҳудиён гуноҳ карданд, ҳарчанд ки шариати Мусоро надоштанд, нобуд мешаванд. Вале онҳое, ки шариат дошта, гуноҳ карданд, аз рӯйи он ҳукм карда мешаванд. 13Зеро на шунавандагони шариат, балки онҳое, ки фармонҳои шариатро иҷро мекунанд, дар назари Худо сафед карда мешаванд. 14Ҳар вақте ки ғайрияҳудиёне, ки шариат надоранд, аз рӯйи виҷдонашон фармонҳои шариатро иҷро мекунанд, бо ин амалашон нишон медиҳанд, ки худашон барои худ шариат ҳастанд. 15Онҳо бо ин рафторашон нишон медиҳанд, ки фармонҳои шариат дар дилҳои онҳо навишта шудаанд. Виҷдону фикрҳояшон низ ба ҳамин шаҳодат медиҳанд, вақте ки ба онҳо: «Ин рафторат дуруст аст» ё баръакс: «Нодуруст рафтор карда истодаӣ!» мегӯянд. 16Мувофиқи хушхабаре, ки ман эълон мекунам, рӯзе меояд, ки Худо тамоми сирру корҳои пинҳонии одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ мекунад.
Яҳудиён ва шариат
17Масалан, ту худро яҳудӣ меномӣ ва ба шариат такя намуда, аз шинохтани Худо фахр мекунӣ 18ва хости Худоро медонӣ. Азбаски шариатро омӯхтаӣ, ту дурустро аз нодуруст фарқ карда метавонӣ. 19Ту дилпур ҳастӣ, ки худат кӯронро роҳнамоӣ мекунӣ ва барои онҳое, ки дар торикӣ гумроҳ шудаанд, нур ҳастӣ. 20Худро устоди беақлон ва муаллими кӯдакон меҳисобӣ, чунки шариатеро медонӣ, ки пур аз донишу ҳақиқат аст. 21Пас, чаро ту дигаронро таълим дода, худатро таълим намедиҳӣ? Чаро ба дигарон таълим медиҳӣ, ки дуздӣ накунанд, лекин худат дуздӣ мекунӣ? 22Барои чӣ ба дигарон мегӯйӣ, ки зино накунанд, аммо худат зино мекунӣ? Чаро «Бутҳоро бад мебинам» мегӯйӣ, лекин чизҳои аз бутхонаҳо дуздидашударо истифода мебарӣ? 23Ту аз шариат фахр мекунӣ, лекин онро вайрон намуда, ба Худо беҳурматӣ мекунӣ. 24Чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Ба сабаби шумо номи Худо дар байни ғайрияҳудиён дашном дода мешавад».#2:24 Ишаъё 52:5; Ҳизқиёл 36:20-23 25Зеро вақте ки ту фармонҳои шариатро иҷро мекунӣ, хатна, яъне дастҳалолкунӣ, фоида дорад. Вале агар ту шариатро риоя накунӣ, гӯё хатнанашуда ҳастӣ. 26Агар шахси хатнанашуда фармонҳои шариатро иҷро намояд, наход Худо вайро хатнашуда ҳисоб накунад? 27Аз ин сабаб шахси хатнанашудае, ки шариатро риоя менамояд, туро айбдор мекунад, чунки ту шариатро дорӣ ва хатна шудаӣ, лекин шариатро иҷро намекунӣ. 28Шахс на аз рӯйи намуди зоҳирӣ яҳудӣ ҳисоб мешавад ва хатна ҳам чизи зоҳирӣ ва ҷисмонӣ нест. 29Яҳудии ҳақиқӣ ҳамонест, ки ботинан пок аст ва хатнаи ҳақиқӣ на иҷрои шариати навишташуда, балки ба воситаи Рӯҳулқудс дигаргун шудани дил аст. Чунин шахсро на одамон, балки Худо таъриф мекунад.

Currently Selected:

Румиён* 2: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in