YouVersion Logo
Search Icon

Румиён* 1

1
Саломи Павлус ба имондорони шаҳри Рум
1Ман Павлус, ки хизматгори Исои Масеҳ ҳастам, ба шумо нома менависам. Худо маро даъват кардааст, ки фиристодаи Ӯ бошам ва маро интихоб намудааст, ки хушхабари Ӯро эълон кунам. 2Худо пештар ба воситаи пайғамбаронаш дар навиштаҷоти муқаддас ваъда дода буд, ки ин хушхабарро эълон мекунад. 3Ин хушхабар дар бораи Писари Ӯст, ки ҷисман аз насли шоҳ Довуд таваллуд ёфтааст 4ва ҳам дар бораи Писари Худост, ки Ӯ Исои Масеҳро ба воситаи Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худ аз мурдагон зинда кард. Инчунин Худо Ӯро бо қудраташ Писари Худо эълон кардааст. Ин Худовандамон Исои Масеҳ аст. 5Худо ба воситаи Ӯ ба мо файзу меҳрубонӣ бахшидааст, ки фиристода бошем. Мо бояд барои шуҳрат ёфтани номи Ӯ ба ҳамаи халқҳо хушхабарро эълон намоем, то ки онҳо имон оваранд ва ба Худо итоат кунанд. 6Шумо ҳам ба шумораи онҳое дохил мешавед, ки Худо барои аз они Исои Масеҳ шудан даъват намудааст.
7Ман ин номаро ба ҳамаи шумо – имондорони шаҳри Рум, менависам, ки Худо шуморо дӯст доштааст ва даъват намудааст, ки халқи поки Ӯ бошед. Ман аз ҷониби Падарамон Худо ва аз Худованд Исои Масеҳ ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагӣ хоҳонам!
Дуои шукргузорӣ барои имондорони Рум
8Аввалан, Худоро ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамаи шумо шукргузорӣ менамоям, чунки имонатон дар тамоми ҷаҳон машҳур шудааст. 9Худое, ки ман бо тамоми ҳастиям барояш хизмат карда, дар бораи Писараш хушхабарро эълон менамоям, шоҳид аст, ки ман доимо шуморо дар дуоҳоям ёд мекунам. 10Ман аз Худо илтиҷо мекунам, ки агар хости Ӯ бошад, ба дидани шумо равам. 11Зеро ташнаи дидоратон ҳастам, то ки шумо ҳам атову баракатҳои рӯҳониро аз ман қабул намуда, устувор гардед. 12Мақсади ман ин аст, ки аз имони якдигарамон рӯҳан қувват гирем. 13Бародарону хоҳарон, мехоҳам, шумо ҳам донед, ки ман чандин бор ба назди шумо омаданӣ будам, вале ҳар вақт чизе монеа мешуду омада наметавонистам. Чунон ки дар байни дигар халқҳо хизмат карда, меваҳои рӯҳонӣ ба даст овардаам, хеле мехостам, ки дар байни шумо низ чунин кунам. 14Ман ӯҳдадор ҳастам, ки ба юнониёни пешрафта ва халқҳои бемаданият ва ба одамони босаводу бесавод хушхабарро эълон намоям. 15Ҳоло бошад, тайёрам, ки ба шумо – румиён, низ хушхабарро эълон намоям.
Қувваи хушхабар
16Ман аз эълон кардани хушхабар шарм намедорам, чунки хушхабар – қувваи Худост барои наҷоти ҳар касе, ки ба он имон овард, яъне аввал яҳудиён ва баъд дигар халқҳо. 17Зеро хушхабар ошкор мекунад, ки Худо одамонро аз рӯйи имон ва танҳо имон росткор меҳисобад, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Шахси росткор ба воситаи имон зиндагӣ мекунад»#1:17 Ҳабаққуқ 2:4.
Ғазаби Худо
18Аммо Худо ба он одамоне, ки ҳар хел гуноҳу бадкорӣ мекунанд ва ҳақиқатро бо бадкориҳояшон поймол менамоянд, ғазабашро аз осмон нишон медиҳад. 19Зеро онҳо ҳар чиро, ки дар бораи Худо маълум аст, медонанд, чунки Ӯ Худро ба онҳо маълум кардааст. 20Аз офариниши олам одамон ба воситаи аз назар гузарондани чизҳои офаридаи Худо сифатҳои нонамоёни Худоро фаҳмида метавонанд. Яъне қувваи абадӣ ва табиати илоҳии Худо ба онҳо маълум аст. Бино бар ин, одамон баҳонае надоранд. 21Онҳо Худоро шинохта, Ӯро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд. Ба ҷойи ин дар фикрҳои холию бемаънӣ ғӯтиданд ва дили бефаҳми онҳоро торикӣ фаро гирифт. 22Худро боақл ҳисобиданд, лекин беақл шуданд. 23Ба ҷойи он ки Худои бузургу ҷовидонро парастиш намоянд, онҳо ба бутҳое, ки шакли одами дурӯза ва паранда, чорпову хазанда доранд, саҷда карданд.
24Аз ин сабаб Худо онҳоро ба ҳавасҳои бади дилашон супорид ва онҳо ҷисми худро бо расвоии ҷинсӣ ҳаром сохтанд. 25Онҳо ҳақиқати Худоро ба дурӯғ иваз намуданд ва ба ҷойи он ки Худи Офаридгорро парастиш намоянд, ба чизҳои офаридаи Ӯ саҷдаву хизмат карданд. Танҳо Офаридгор то абад сазовори ситоиш аст! Омин!
26Бино бар ин, Худо онҳоро ба доми ҳавасҳои баду расвои худашон супорид: занҳояшон алоқаи ҷинсии табииро иваз карда, бо занҳо ҳамхоба шуданд. 27Ҳамчунон мардҳо алоқаи ҷинсии табииро бо занҳо рад карда, ҳаваси бо мардҳо ҳамхоба шудан карданд ва мард бо мард кори расвою шармовар кард. Аз ин сабаб онҳо мувофиқи корҳои расвояшон дар худ ҷазо гирифтанд.
28Азбаски онҳо бо ақлашон Худоро шинохтан нахостанд, Худо онҳоро гирифтори ақли расвояшон намуд, то ки корҳои шармовар кунанд. 29Онҳо аз ҳар хел бадкорӣ, хасисӣ, маккорӣ пур ҳастанд. Ҳасад мебаранду дигаронро мекушанд, ҷанг мекунанд, фиреб медиҳанду бадфеълӣ мекунанд. Ғайбатчию 30туҳматчиянд, Худоро бад мебинанд, озордиҳанда ва ҳавобаланду мағруранд. Ҳамеша ҷӯёи бадкориҳои нав ҳастанд ва ба волидайнашон итоат намекунанд. 31Бефаҳм, бевафо, бадкинаву бераҳманд. 32Онҳо медонанд, ки аз рӯйи фармонҳои одилонаи Худо одамоне, ки чунин рафтор мекунанд, сазовори марганд, вале на танҳо худашон чунин корҳоро мекунанд, балки мисли худашон гунаҳкоронро низ дастгирӣ менамоянд.

Currently Selected:

Румиён* 1: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in