YouVersion Logo
Search Icon

Румиён* 5

5
Оштӣ бо Худо
1Бинобар ин, азбаски мо аз рӯйи имон сафед шудаем, мо ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ бо Худо сулҳу оштӣ дорем. 2Инчунин мо ба воситаи Масеҳ аз рӯйи имон ба файзу меҳрубонии Худо роҳ ёфтаем ва акнун дар он истодаем. Ҳамчунин мо бо умед фахр мекунем, ки дар ҷалолу бузургии Худо иштирок хоҳем кард. 3Зиёда аз ин, мо бо азобу уқубатҳои худ низ фахр мекунем, зеро медонем, ки азобҳо сабру тоқатро ба вуҷуд меоранд. 4Сабру тоқат моро ботаҷриба мекунад ва аз таҷриба умед пайдо мешавад. 5Умед бошад, моро шарманда намекунад, чунки Худо ба воситаи Рӯҳулқудси ба мо додааш дилҳои моро аз муҳаббаташ лабрез намудааст.
6Зеро, вақте ки мо ҳанӯз сусту нотавон будем, Масеҳ дар вақти муайян барои мо – бадкорон мурд. 7Одатан ягон кас ҳатто барои шахси росткор ҷонашро фидо намекунад, ҳарчанд мумкин шахсе ёфт шавад, ки худашро барои одами нек қурбон кунад. 8Аммо Худо муҳаббати Худро ба мо бо он исбот менамояд, ки ҳанӯз дар вақти гунаҳкор буданамон Масеҳ барои мо мурд. 9Ҳоло бошад, азбаски мо бо хуни Масеҳ сафед шудаем, Худо, албатта, моро аз ғазаби ояндаи Худ наҷот медиҳад. 10Агар дар вақти душмани Худо буданамон ба воситаи марги Писараш бо Ӯ оштӣ шуда бошем, ҳоло ки дӯстони Худо ҳастем, албатта ба воситаи ҳаёти Масеҳ наҷот меёбем. 11Зиёда аз он, мо ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ, ки моро бо Худо оштӣ дод, бо Худо фахр мекунем.
Ҳазрати Одам ва Масеҳ
12Вақте ки Одам гуноҳ кард, гуноҳ ба ҷаҳон ворид шуд ва ҳамроҳаш маргро овард. Ҳамин тавр марг ба сари ҳамаи одамон омад, чунки ҳама гуноҳ карданд. 13Ҳатто пеш аз он ки Худо шариаташро дод, дар ҷаҳон гуноҳ буд. Лекин дар ҷое, ки шариат нест, гуноҳ ба назар гирифта намешавад. 14Бо вуҷуди ин аз замони Одам то замони Мусо бар ҳамаи одамон ва ҳатто бар онҳое, ки гуноҳе ба монанди гуноҳи Одам накарда буданд, марг ҳукмронӣ мекард. Одами аввалин рамзи Масеҳ буд, ки бояд меомад. 15Лекин туҳфаи файзу меҳрубонии Худо аз гуноҳи Одам фарқ мекунад. Зеро, агар ба воситаи гуноҳи як одам ин қадар одамони зиёд мурда бошанд, пас файзу меҳрубонии Худо ба воситаи туҳфаи файзу меҳрубонии як одам, яъне Исои Масеҳ, ба одамони аз он ҳам зиёдтар дода шуд. 16Инчунин баробар кардани туҳфаи файзи Худо бо гуноҳи як одам дуруст нест, чунки оқибати гуноҳи Одам ҷазо буд, вале туҳфаи Худо моро аз гуноҳҳои зиёд сафед кард. 17Зеро ба воситаи гуноҳи як одам, марг ба ҳамаи одамон ҳукмрон шуд. Пас чӣ қадар бештар натиҷаи кори як одам, яъне Исои Масеҳ, бузургтар аст! Ҳамаи онҳое, ки файзу меҳрубонии бузурги Худо ва туҳфаи сафедшавиро қабул карданд, ба воситаи Исои Масеҳ дар ҳаёт ҳукмронӣ хоҳанд кард.
18Бинобар ин, чунон ки гуноҳи як одам ҳамаро ба ҷазо дучор кардааст, ҳамон тавр як амали росткоронаи Масеҳ ҳамаро сафед мекунад ва ҳаёт мебахшад. 19Чунон ки ба воситаи беитоатии як одам бисёр касон гунаҳкор шудаанд, ҳамон тавр ба воситаи итоати як одам бисёр касон росткор мешаванд. 20Шариати Худо барои он дода шуд, ки гуноҳи одамон зиёдтару боқувваттар гардад. Аммо бо зиёд шудани гуноҳ файзу меҳрубонии Худо ҳам бениҳоят боқувваттар шуд. 21Пас, чунон ки гуноҳ ҳукмрон шуда, маргро овардааст, ҳамон тавр низ файзу меҳрубонии Худо ҳукмрон шудааст. Файзу меҳрубонии Худо ба воситаи Исои Масеҳ моро сафед менамояд, то ки мо ҳаёти абадӣ ба даст оварем.

Currently Selected:

Румиён* 5: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in