Марқӯс* 6
6
Аз Исо рӯй гардондани ҳамдиёронаш
1Исо бо шогирдонаш аз он ҷо баромада, ба шаҳри Худ баргашт. 2Рӯзи шанбе Ӯ дар ҷамоатхона ба таълим додани мардум шурӯъ кард. Бисёр касоне, ки Ӯро мешуниданд, ангушти ҳайрат газида, чунин мегуфтанд: «Ин фикрҳо дар сари вай аз куҷо пайдо мешаванд? Ин чӣ ҳикматест, ки ба Ӯ дода шудааст? Чӣ гуна Ӯ чунин муъҷизаҳои бузург мекунад? 3Магар Ӯ ҳамон дуредгар нест, ки модараш Марям, бародаронаш Яъқуб, Юсӣ, Яҳудо ва Шимъун ҳастанд ва хоҳаронаш ҳам дар байни мо зиндагӣ мекунанд?» Онҳо дар ҳаққи Исо шакку шубҳа карданд.
4Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар дар шаҳри худ, байни хешон ва хонадони худ қадр надорад, вале дар ҳама ҷойи дигар ӯро бо эҳтиром қабул мекунанд».
5Ӯ дар он шаҳр танҳо ба чанд бемор даст расонда, онҳоро шифо дод ва ба ғайр аз ин ҳеҷ муъҷизае нишон дода натавонист. 6Ӯ аз беимонии онҳо дар ҳайрат афтод.
Фиристодани дувоздаҳ шогирд
Исо ба деҳоти атроф рафта, мардумро таълим медод. 7Вай дувоздаҳ шогирдашро ба пешаш даъват кард ва ба онҳо қудрати ба рӯҳҳои нопок амр карданро дода, ҷуфт-ҷуфт ба ҳар тараф фиристод. 8-9 Ӯ ба онҳо фармуд: «Ба ғайр аз асо ҳамроҳи худ чизе нагиред: на хӯрок, на борхалта, на ҳамёни пул ва на либоси иловагӣ. Танҳо пойафзори одӣ бипӯшед. 10Ба ҳар хонае, ки медароед, то рӯзи аз он ҷо рафтанатон дар ҳамон хона бимонед ва онро иваз накунед. 11Агар дар он ҷо шуморо қабул накунанд ва ба суханони шумо гӯш надиҳанд, он ҷойро тарк кунед ва чангу хокашро аз поятон афшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад».
12Пас онҳо рафта, эълон мекарданд, ки ҳама бояд тавба карда, ба Худованд рӯй оваранд. 13Онҳо ҷинҳои зиёдеро берун карда, бисёр беморонро бо молидани равған шифо бахшиданд.
Марги Яҳёи Таъмиддиҳанда
14Шоҳ Ҳиродус аз ин корҳо бохабар шуд, чунки номи Исо дар ҳама ҷо шуҳрат меёфт. Баъзеҳо дар бораи Исо мегуфтанд, ки ин Яҳёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон зинда шудааст ва барои ҳамин Ӯ чунин қудрати муъҷизакорӣ дорад. 15Баъзеи дигарон мегуфтанд, ки ин Илёс пайғамбар аст. Қисми дигари одамон мегуфтанд, ки Ӯ яке аз пайғамбарони давраҳои қадим аст.
16Аммо вақте Ҳиродус инро шунид, гуфт: «Ин Яҳё аст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо карда будам ва ҳоло ӯ зинда шудааст».
17-18 Зеро чунин ҳодиса рӯй дода буд: Пеш аз марги Яҳёи Таъмиддиҳанда, Ҳиродус зани бародараш Филиппус, Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд. Лекин Яҳё ба ӯ гуфта буд: «Аз рӯйи шариат ба шумо гирифтани зани бародаратон раво нест». Барои ҳамин Ҳиродус фармон дод, ки Яҳёро дастгир намуда, дасту пояшро баста, ҳабс кунанд.
19Дар дили Ҳиродия зидди Яҳё кина пайдо шуд ва ӯ мехост Яҳёро ба қатл расонад, лекин ин корро карда наметавонист, 20чунки Ҳиродус аз Яҳё метарсид. Вай медонист, ки Яҳё марди худотарс ва муқаддас аст, барои ҳамин ҳам ӯро эҳтиёт мекард. Гарчанде суханони Яҳё ӯро нороҳат мекарданд, ба ҳар ҳол онро гӯш кардан барояш маъқул буд.
21Рӯзе барои Ҳиродия фурсати муносибе фаро расид: Ҳиродус дар рӯзи таваллуди худ зиёфате ороста, ҳамаи мансабдорон, сарлашкарон ва мардуми обрӯманди вилояти Ҷалилро даъват намуд. 22Вақте ки духтари Ҳиродия ба базм омада рақсид, ӯ Ҳиродус ва меҳмононашро мафтун кард. Аз ин рӯ, Ҳиродус ба вай гуфт: «Ҳар чи аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам. 23Ман қасам мехӯрам, ки ҳар чи пурсӣ медиҳам, ҳатто нисфи мамлакатамро».
24Духтар рафта аз модараш маслиҳат пурсид, ки чӣ талаб кунад. Ҳиродия ҷавоб дод: «Сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро талаб кун».
25Духтар зуд назди шоҳ омада гуфт: «Мехоҳам, ки худи ҳозир сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯйи табақ оварда диҳед».
26Шоҳ хеле ғамгин гашт, вале ба хотири қасами дар пеши меҳмонон хӯрдааш, хоҳиши духтарро рад кардан нахост. 27Бино бар ин, шоҳ даррав ба ҷаллод фармуд, ки сари Яҳёро барояш гирифта биёрад. Ҷаллод ба ҳабсхона рафта, сари Яҳёро аз танаш ҷудо карду 28рӯйи табақ гузошта, ба духтар оварда дод. Духтар бошад, онро ба модараш дод.
29Ҳангоме ки шогирдони Яҳё аз ин хабар ёфтанд, омада, ҷасади ӯро гирифтанду бурда гӯронданд.
Сер кардани панҷ ҳазор кас
30Фиристодагон ба назди Исо баргашта тамоми корҳоеро, ки карданд ва чизҳоеро, ки ба мардум таълим доданд, нақл карданд.
31Рафтуомади мардум чунон зиёд буд, ки Исо ва шогирдонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан надоштанд. Аз ин рӯ Исо ба онҳо гуфт: «Акнун ба ягон ҷойи беодам рафта, каме истироҳат кунем». 32Пас ба қаиқ савор шуда, худашон танҳо ба ҷойи беодаме рафтанд.
33Бисёр одамон рафтани онҳоро диданд ва онҳоро шинохта, аз ҳар шаҳр пиёда аз пасашон шитофтанду пеш аз онҳо ба он маҳал омада расиданд. 34Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳолашон раҳмаш омад, зеро ки онҳо монанди гӯсфандони бечӯпон буданд ва ба онҳо бисёр чизҳоро таълим дод.
35Бегоҳӣ шогирдон назди Исо омада гуфтанд: «Ин як ҷойи беодам аст, вақт ҳам дер шуд. 36Мардумро ҷавоб деҳ, ки ба деҳоти гирду атроф рафта, барои худ хӯрдание бихаранд». 37Вале Исо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Шогирдон пурсиданд: «Ба фикри Ту мо бояд рафта ба дусад динор нон харида, ба онҳо диҳем?» 38Исо гуфт: «Рафта бинед, ки шумо чӣ қадар нон доред». Онҳо фаҳмида омада ба Ӯ гуфтанд: «Ҳамагӣ панҷ нону ду моҳӣ ҳаст».
39Он гоҳ Исо фармуд, ки шогирдонаш мардумро гурӯҳ-гурӯҳ рӯйи сабзазор шинонанд. 40Одамон бо гурӯҳҳо панҷоҳ ва саднафарӣ нишастанд. 41Исо он панҷ нон ва ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу шукр гуфт ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ба мардум тақсим кунанд. Ҳамчунин ду моҳиро байни мардум тақсим кард. 42Ҳама то сер шудан хӯрданд ва 43сипас шогирдон дувоздаҳ сабадро аз нонпора ва моҳиҳои боқимонда пур карданд. 44Шумораи мардоне, ки нон хӯрданд, панҷ ҳазор буд.
Дар рӯйи об қадам задани Исо
45Баъд аз он Исо зуд ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеши Ӯ ба сӯйи шаҳри Байт-Сайдо раванд. Ӯ Худаш дар он ҷо монд, то ки мардумро ҷавоб диҳад. 46Пас аз ҷавоб додани мардум Исо барои дуо кардан ба кӯҳ баромад.
47Бегоҳирӯзӣ қаиқ ба миёни баҳр расид, Исо бошад, дар соҳил танҳо монда буд. 48Исо дид, ки шогирдонаш бо азоб зидди боди сахте, ки мухолифи онҳо мевазид, шино мекунанд. Барои ҳамин ҳанӯз чашми рӯз накафида, Исо рӯ-рӯйи об қадамзанон ба тарафи шогирдонаш равона шуд. Вай аз назди онҳо гузашта рафтанӣ буд, 49вале шогирдон дар рӯйи об қадам задани Ӯро дида, фикр карданд, ки ин арвоҳ аст. Онҳо фарёд заданд, 50чунки ҳамаашон Ӯро дида тарсиданд, вале Исо зуд ба онҳо гуфт: «Далер бошед! Натарсед! Ин Манам». 51Баъд ба қаиқ савор шуд ва шамол аз вазидан бозмонд. Шогирдон бениҳоят ҳайрон монданд, 52чунки аз сабаби кундфаҳмӣ ва саркашиашон ҳанӯз муъҷизаи нонро нафаҳмиданд.
Шифо ёфтани беморон
53Онҳо аз баҳр гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омада расиданд. 54Ҳамин ки онҳо аз қаиқ фаромаданд, одамон Исоро шинохтанд. 55Онҳо зуд ба тамоми гирду атрофи он сарзамин рафта, беморонро бо ҷогаҳашон бардошта, ба ҳар ҷое, ки мешуниданд Исо буд, меоварданд. 56Ба ҳар ҷое, ки Исо мерафт, чи дар деҳоту чи дар шаҳрҳо, одамон беморонро сари роҳи Ӯ гузошта, илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт.
Currently Selected:
Марқӯс* 6: KMO
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад