YouVersion Logo
Search Icon

Марқӯс* 7

7
Урфу одатҳои аҷдодон
1Рӯзе чанд нафар аз фарисиён ва устодони шариат аз Уршалим ба назди Исо омаданд. Онҳо гирди Ӯ ҷамъ омада 2диданд, ки баъзе шогирдонаш бо дасти нопок, яъне ношуста хӯрок мехӯранд.
3Ҳол он ки яҳудиён, махсусан фарисиён, то даме ки дастҳояшонро мувофиқи урфу одатҳои аҷдодонашон нашӯянд, ҳаргиз хӯрок намехӯрданд. 4Инчунин ҳеҷ чизро аз бозор то нашӯянд, намехӯрданд. Боз бисёр урфу одатҳои дигарро риоя мекарданд, монанди шустани пиёла, дегу табақҳои биринҷӣ ва катҳо.
5Фарисиён ва устодони шариат аз Исо пурсиданд: «Барои чӣ шогирдони Ту урфу одатҳои аҷдодони моро риоя накарда, бо дастҳои ҳаром хӯрок мехӯранд?»
6Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ишаъё пайғамбар дар бораи шумо, дурӯяҳо дуруст пешгӯйӣ кардааст:
„Худо мегӯяд, ки ин одамон фақат бо забон Маро ҳурмат мекунанд,
вале дилашон аз Ман дур аст.
7Онҳо Маро беҳуда парастиш мекунанд,
чунки қоидаҳои инсониро ҳамчун қонуни Худо таълим медиҳанд!“ #7:7 Ишаъё 29:13
8Шумо фармудаҳои Худоро як тараф гузошта, ба урфу одатҳои инсонӣ пайравӣ мекунед. 9Шумо барои нигоҳ доштани урфу одатҳои худ, моҳирона фармудаҳои Худоро беэътибор мемонед.
10Масалан, Худо ба воситаи Мусо фармудааст: „Падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо“#7:10 Хуруҷ 20:12; Такрори Шариат 5:16 ва „агар касе волидонашро лаънат кунад, ҳатман кушта шавад“#7:10 Хуруҷ 21:17. 11Шумо бошед, чунин таълим медиҳед: „Агар касе ба падару модараш бо чизе ёрӣ расонда тавонад, вале ёрӣ надода, он чизро ба Худо бахшад, 12иҷозат дорад, ки дигар ба падару модараш ягон кӯмаке накунад“. 13Ҳамин тавр шумо фармудаҳои Худоро бо урфу одатҳои худ барҳам дода, насл ба насл инро ёд медиҳед ва бисёр корҳои мисли инро мекунед».
14Исо мардумро боз наздаш даъват намуда гуфт: «Ҳамин чизро донед, ки 15-16 ҳар чи аз берун ба даруни одам медарояд, ӯро ҳаром карда наметавонад, аммо он чизе, ки аз даруни одам берун мебарояд, ӯро ҳаром мекунад».
17Вақте ки Исо аз назди мардум рафта, ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ маънои ин масалро пурсиданд. 18Вай ба онҳо гуфт: «Наход шумо ҳам инро нафаҳмида бошед? Магар намедонед, ки он чи ба даруни одам аз берун медарояд, ӯро ҳаром карда наметавонад? 19Чунки хӯрок ба дили шумо намедарояд, балки аз шиками шумо гузашта, берун мебарояд». Бо ин суханон Исо эълон кард, ки ҳар гуна хӯрок ҳалол аст.
20Баъд илова кард: «Он чизе, ки аз даруни худи инсон мебарояд, ӯро ҳаром мекунад. 21-22 Чунки маҳз аз дарун, аз дили инсон хаёлоти бад, гуноҳи ҷинсӣ, дуздӣ, қатл, зино, бахилӣ, фиребу найранг, бадкориву бадахлоқӣ, ҳасаду туҳмат, мағрурӣ ва бефаросатӣ пайдо мешавад. 23Ҳамаи ин бадиҳо аз даруни инсон берун баромада, ӯро ҳаром мекунанд».
Имони як зани ғайрияҳудӣ
24Аз он ҷо Исо ба наздикиҳои шаҳри Сур рафт. Ӯ ба хонае даромад ва нахост, ки касе омаданашро фаҳмад, вале натавонист пинҳон бимонад.
25Зане, ки духтари хурдсолаш гирифтори рӯҳи нопок буд, аз омадани Исо зуд бохабар шуда, ба назди Ӯ омад ва ба пеши пойҳояш афтод. 26Вай зани юнонӣ, зодаи Финиқияи Сурия буд. Ӯ илтимос кард, ки Исо ҷинро аз духтараш берун кунад.
27Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор аввал фарзандон сер шаванд, чунки нони фарзандонро гирифта ба назди сагон партофтан нодуруст аст».
28Вале зан ҷавоб дод: «Дуруст аст, Хоҷаам, вале сагон ҳам нонрезаҳои аз дастархони кӯдакон афтодаро мехӯранд».
29Он гоҳ Исо ба зан гуфт: «Барои чунин ҷавобат метавонӣ ба хонаат баргардӣ, чунки ҷин аз духтарат берун шудааст».
30Зан ба хонааш омада дид, ки духтараш ором хобидааст ва ҷин аз вай берун шудааст.
Шифо ёфтани марди кар
31Сипас, Исо аз шаҳри Сур баромада, бо роҳи Сидун ба тарафи баҳри Ҷалил ба ноҳияи Даҳшаҳр равона шуд. 32Дар он ҷо ба наздаш мардеро оварданд, ки кар буду забонаш мегирифт. Онҳо илтимос карданд, ки Исо бар ӯ даст гузошта, шифояш диҳад.
33Исо ӯро аз байни мардум ба як тараф бурда, ангуштонашро ба гӯши вай гузошт ва туф карда, ангуштонашро ба забони мард расонд. 34Баъд ба осмон нигариста оҳе кашиду гуфт: «Ифатаҳ!», ки маънояш «Кушода шав!» мебошад. 35Он мард ҳамон лаҳза шифо ёфта, гӯшҳояш кушода шуданду забонаш озод гашт ва ӯ бурро гап зад.
36Исо ба онҳо гуфт, ки ба касе чизе нагӯянд. Вале ҳар қадар бештар онҳоро таъкид мекард, ҳамон қадар зиёдтар онҳо овозаҳо паҳн мекарданд. 37Мардум ба ҳайрат афтода, ба якдигар мегуфтанд: «Ҳар коре, ки мекунад, хуб аст. Ӯ ҳатто карҳоро шунаво мекунаду забони гунгҳоро мекушояд».

Currently Selected:

Марқӯс* 7: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in