Исо он панҷ нон ва ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу шукр гуфт ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ба мардум тақсим кунанд. Ҳамчунин ду моҳиро байни мардум тақсим кард. Ҳама то сер шудан хӯрданд ва сипас шогирдон дувоздаҳ сабадро аз нонпора ва моҳиҳои боқимонда пур карданд.