YouVersion Logo
Search Icon

Марқӯс* 5

5
Шифо ёфтани марди ҷинзада
1Ҳамин тавр, Исо ва шогирдонаш ба тарафи дигари баҳр, ба сарзамини ҷадариён расиданд. 2Ҳангоми ба соҳил фаромадани Исо, як шахсе, ки гирифтори рӯҳи нопок, яъне ҷин буд, якбора аз қабристон берун баромада, бо Исо рӯ ба рӯ шуд. 3Ин мард дар қабристон зиндагӣ мекард ва ҳеҷ кас ӯро ҳатто бо занҷир ҳам баста, нигоҳ дошта наметавонист. 4Борҳо дасту пояшро бо занҷиру бандҳо баста буданд, вале ӯ занҷиру бандҳоро пора-пора мекард. Касе барои идора кардани вай қувват надошт. 5Ӯ шабу рӯз доимо дар қабристон ва теппаҳо дод зада мегашту худро бо сангҳо зада, маҷрӯҳ мекард.
6Вақте ки ӯ Исоро аз дур дид, давон-давон ба наздаш омада саҷда кард. 7-8 Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!»
9Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Номам Лашкар аст, чунки мо бисёрем». 10Вай аз Исо бисёр илтимос кард, ки онҳоро аз он сарзамин берун накунад.
11Ҳамон ҷо дар болои теппа галаи калони хукҳо мечарид. 12Рӯҳҳои нопок Исоро зорию тавалло карда гуфтанд: «Моро ба хукҳо фирист ва иҷозат деҳ, ки ба онҳо дароем». 13Исо ба онҳо иҷозат дод. Он гоҳ рӯҳҳои нопок аз он мард берун баромада, ба даруни хукҳо даромаданд. Галаи хукон, ки тақрибан ду ҳазор сар буд, дав-давон худро аз теппа ба баҳр партофта, дар об ғарқ шуд.
14Хукбонҳо бошанд, гурехтанд ва ин воқеаро дар шаҳру деҳот нақл карданд. Мардум берун баромаданд, то бубинанд, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. 15Пас онҳо дар гирди Исо ҷамъ шуда, диданд, ки ҳамон ҷинзадае, ки гирифтори лашкари ҷинҳо буд, акнун дар тан либос дошту бо ақли солим нишастааст. Ҳамаро тарс фаро гирифт. 16Шоҳидони ин воқеа ҳодисаи бо ҷинзадаву хукҳо рӯйдодаро ба одамон нақл мекарданд. 17Он гоҳ мардум аз Исо зориву тавалло карданд, ки аз сарзаминашон равад.
18Ҳангоме ки Исо ба қаиқ савор мешуд, марде, ки пештар гирифтори ҷинҳо буд, аз Вай илтимос кард, ки ӯро ҳам бо Худ барад. 19Аммо Исо хоҳиши ӯро рад карда гуфт: «Ба хонаат баргард ва ба хешу таборат нақл кун, ки Худованд барои ту чӣ кору чӣ ғамхории бузурге кардааст». 20Ӯ рафта дар ноҳияи Даҳшаҳр эълон карда мегуфт, ки Исо барояш чӣ кори бузурге кардааст ва ҳама аз шунидани ин дар ҳайрат мемонданд.
Шифо ёфтани зан ва зиндашавии духтар
21Исо ба қаиқ савор шуда, ба тарафи дигари баҳр рафт. Вақте ки ба соҳил расид, мардуми зиёде назди Ӯ ҷамъ омаданд. 22Дар ҳамин вақт марде бо номи Ёир, ки яке аз сардорони ҷамоатхона буд, омада Исоро дидан замон худро пеши пойҳои Ӯ партофт. 23Ӯ зорикунон гуфт: «Духтарам дар дами марг аст. Аз Ту хоҳиш мекунам, ки омада дастонатро бар ӯ бигузорӣ, то шифо ёбаду зинда монад». 24Исо бо ӯ ба роҳ даромад ва аз паси онҳо мардуми бисёре ҳам равона шуданд, ки аз ҳар тараф Исоро фишор медоданд.
25Дар он ҷо як зане буд, ки дувоздаҳ сол боз бемории хунравӣ дошт. 26Ҳарчанд вай аз муолиҷаи табибони зиёд дард кашида, тамоми дороияшро сарф карда буд, саломатиаш хуб намешуд. Баръакс аҳволаш торафт бадтар мешуд.
27-28 Вақте ки ӯ дар бораи Исо шунид, аз дилаш гузаронд: «Агар ақаллан ба либосаш даст расонам, шифо меёбам». Барои ҳамин он зан аз байни тӯдаи одамон гузашта, аз ақиб ба Исо наздик шуду ба ҷомааш даст расонд. 29Ҳамон лаҳза хунравиаш бозмонд ва ӯ ҳис кард, ки шифо ёфтааст.
30Исо низ дарҳол ҳис кард, ки аз Ӯ қуввае берун рафт ва ба мардуми гирду атрофаш нигоҳ карда пурсид: «Кӣ ба ҷомаам даст расонд?»
31Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинӣ, ки ба Ту аз ҳар тараф фишор меоранд ва боз мепурсӣ, ки ба Ту кӣ даст расонд?»
32Вале Исо ба атрофиён нигоҳ мекард, то касеро, ки ба ҷомааш даст расонда буд, пайдо кунад. 33Он зан, ки огоҳ буд, чӣ гуна шифо ёфтааст, ҷуръат карда, тарсону ларзон ба Исо наздик омад ва пеши пойи Ӯ афтода, ҳақиқати ҳолро нақл кард. 34Исо ба ӯ гуфт: «Эй духтарам, туро имонат шифо дод! Рав ва дар амон бошу саломат гард!»
35Ҳанӯз ки Ӯ гап мезад, чанд нафар аз хонаи Ёир хабар оварда гуфтанд: «Духтарат мурд, дигар Устодро заҳмат надеҳ».
36Вале Исо инро шунида, ба сардори ҷамоатхона гуфт: «Натарс! Фақат имон дошта бош». 37Инро гуфт ва ба ғайр аз Петрус, Яъқуб ва бародари ӯ Юҳанно ба дигарон иҷозат надод, ки ҳамроҳаш бираванд.
38Вақте ба хонаи Ёир расиданд, диданд, ки одамони зиёде бо шӯру ғавғо гиряву нола мекарданд. 39Исо ба хона даромада ба онҳо гуфт: «Чаро шӯру ғавғо бардошта, гиря мекунед? Духтар намурдааст, фақат хобидааст».
40Мардум ба гапи ӯ хандиданд. Вале Исо ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва ҳамроҳонаш ба хонае, ки духтар хобида буд, даромад. 41Исо дасти ӯро гирифта гуфт: «Талито қумӣ!», ки маънояш «Эй духтарак, бархез!» аст. 42Он духтар, ки дувоздаҳсола буд, зуд бархест ва ба роҳ гаштан даромад. Онҳо аз дидани ин дар ҳайрат монданд. 43Исо онҳоро сахт таъкид кард, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд ва гуфт, ки ба духтар хӯрок диҳанд.

Currently Selected:

Марқӯс* 5: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in