YouVersion Logo
Search Icon

Марқӯс* 4

4
Масал дар бораи деҳқон
1Бори дигар Исо дар соҳили баҳр ба мардум таълим медод. Азбаски тӯда-тӯда одамон дар гирдаш ҷамъ шуданд, Ӯ ба қаиқе нишаст ва одамон бошанд, дар соҳил меистоданд. 2Ӯ бисёр чизҳоро ба онҳо бо масалҳо таълим дод. Ӯ гуфт:
3«Гӯш кунед! Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан ба киштзор меравад. 4Ҳангоми дона коштанаш як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва парандаҳо омада, онҳоро аз замин чида мехӯранд. 5Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин он зуд месабзад. 6Вале бо баромадани офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштанаш хушк мешавад. 7Миқдори дигараш ба замини хордор меафтад ва хорҳо қад кашида, майсаи навсабзидаро пахш мекунанду намегузоранд, ки он ҳосил диҳад. 8Лекин баъзе донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода месабзад ва қад кашида сӣ, шаст ва сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳад».
9Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!»
10Вақте ки Ӯ танҳо буд, пайравонаш ҳамроҳи дувоздаҳ фиристода аз Ӯ маънои масалро пурсиданд. 11Исо ҷавоб дод: «Фаҳмиши сирри Подшоҳии Худо ба шумо ато шудааст. Вале барои онҳое, ки бо мо нестанд, ҳама чиз бо масалҳо таълим дода мешавад, 12то ки онҳо
„бо чашмони худ бинанду дарк накунанд,
бо гӯшҳои худ гӯш кунанду нафаҳманд
ва ба Худо рӯ наоварданд,
то Худо гуноҳҳояшонро бубахшад“».#4:12 Ишаъё 6:9-10
Маънидод кардани масал дар бораи деҳқон
13Баъд Исо аз онҳо пурсид: «Магар маънои ин масалро нафаҳмидед? Пас ҳамаи масалҳои дигарро чӣ тавр мефаҳмед?
14Деҳқон каломи Худоро мекорад. 15Донаҳое, ки ба пайраҳа меафтанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале шайтон зуд омада, каломи дар дили онҳо кошташударо медуздад. 16Донаҳои ба замини санглох афтода касоне мебошанд, ки каломро шунида, дарҳол бо шодӣ онро қабул мекунанд, 17вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе устувор меистанд. Баъд ба хотири он ки ба каломи Худо бовар мекунанд, ба душворӣ ва азоб дучор шуда, зуд имони худро аз даст медиҳанд. 18Донаҳое, ки ба замини хорзор меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, 19аммо ғаму ташвиши зиндагӣ, орзуи сарват ва майлу рағбат ба чизҳои дигар фикру хаёлашонро ба худ банд карда, каломро пахш менамоянд ва дар натиҷа онҳо ҳеҷ ҳосиле намеоранд. 20Вале донаҳои ба замини ҳосилхез афтода, касоне мебошанд, ки каломро шунида, қабул мекунанду сӣ, шаст ва сад баробар бештар самар меоранд».
Масал дар бораи чароғ
21Баъд Ӯ аз онҳо пурсид: «Магар чароғро барои он меоранд, ки зери зарф ё кате гузоранд? Оё онро ба чароғпоя намегузоранд? 22Ҳамин тавр, ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки ошкор нашавад ва чизи пӯшидае нест, ки равшан нагардад. 23Пас ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!
24Суханонеро, ки мешунавед, бодиққат мулоҳиза намоед. Бо кадом санги тарозу, ки баркашед, бо ҳамон санг ва ҳатто зиёдтар аз он барои шумо бармекашанд. 25Зеро ба ҳар касе кӣ чизе дорад, боз дода мешавад. Лекин аз касе, ки ҳеҷ чиз надорад, ҳатто он чизи андаке ки дорад, гирифта мешавад».
Масал дар бораи сабзиши дона
26Исо суханони Худро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худо монанди он аст, ки шахсе ба замин донаҳо мепошад 27ва шабҳо хоб мераваду рӯзҳо бедор мешавад, донаҳо бошанд, сабзида нашъунамо меёбанд. Вале он шахс намедонад, ки донаҳо чӣ гуна сабзида, нашъунамо меёбанд. 28Чунки худи замин донаҳоро месабзонад. Аввал дона сабзида қад мекашад, баъд хӯша пайдо шуда, аз дона пур мешавад. 29Ҳамин ки хӯшаҳо пухта мерасанд, вай бо дос меояд, чунки мавсими ҳосил расидааст».
Масал дар бораи тухми хардал
30Инчунин Исо гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ муқоиса кунем? Бо кадом масал онро шарҳ диҳем? 31Вай монанди тухми хардалест, ки ҳангоми дар замин коштан аз ҳамаи тухмҳои рӯйи дунё майдатарин мебошад, 32вале баъд аз кошта шудан, калон мешаваду аз ҳама растаниҳо калонтар мегардад ва шохаҳояш то андозае баланд мешаванд, ки парандаҳо дар сояаш лона месозанд».
33Ҳамин тавр, ба қадре ки мардум фаҳмида метавонист, Ӯ каломи Худоро бо чунин масалҳои зиёд баён мекард. 34Исо бе масал ба онҳо сухан намегуфт, вале маънои масалҳоро ба шогирдонаш дар танҳоӣ мефаҳмонд.
Ором кардани тӯфон
35Бегоҳии ҳамон рӯз Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба дигар тарафи баҳр мегузарем». 36Сипас, онҳо мардумро ҷавоб доданд ва ба қаиқе, ки Исо дар он нишаста буд, савор шуда, равона шуданд. Чанд қаиқи дигар низ ҳамроҳи Ӯ буд.
37Ногаҳон тӯфони сахте сар шуд. Мавҷҳо бо зарб ба қаиқ бармехӯрданд ва оқибат қаиқ аз об пур шуд. 38Аммо Исо дар қафои қаиқ сарашро ба болишт гузошта мехобид. Шогирдон Ӯро бедор карда гуфтанд: «Устод! Магар парво надорӣ, ки мо ҳалок мешавем?!»
39Ӯ аз хоб хест ва ба шамол фармон дода, ба баҳр гуфт: «Хомӯш шав! Ором бош!» Ҳамон лаҳза бод аз вазидан бозмонд ва дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд.
40Исо ба шогирдон гуфт: «Чаро ин қадар тарсидед? Оё ҳоло ҳам боварӣ надоред?» 41Вале онҳо, ки ба тарсу ҳарос афтода буданд, ба якдигар мегуфтанд: «Ин Кист, ки ҳатто шамолу баҳр ба Ӯ итоат мекунад?»

Currently Selected:

Марқӯс* 4: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in