YouVersion Logo
Search Icon

Марқӯс* 3

3
Шифо додан дар рӯзи шанбе
1Бори дигар Исо ба ҷамоатхона даромад. Дар он ҷо марде буд, ки дасташ хушк шуда буд. 2Баъзе одамон Исоро мушоҳида мекарданд, ки оё он мардро дар рӯзи шанбе шифо медиҳад ё не, то Ӯро айбдор карда тавонанд. 3Исо ба он марди дасташ хушкшуда гуфт: «Ин ҷо биё».
4Сипас, ба онҳо гуфт: «Ба фикри шумо дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост ё бадӣ кардан? Ҷони касеро наҷот додан ё нобуд кардан?» Аммо онҳо хомӯш буданд. 5Исо бо ғазаб ба онҳо нигоҳ карду аз кундфаҳмӣ ва саркашиашон ғамгин гашт ва ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун!» Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд. 6Фарисиён аз ҷамоатхона баромада, зуд бо тарафдорони Ҳиродус муҳокима карда, нақшаи куштани Исоро кашиданд.
Мардум аз пайи Исо мераванд
7Ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш ба тарафи баҳр равона шуд, мардуми бисёре аз вилояти Ҷалилу сарзамини Яҳудия, 8аз шаҳри Уршалим, инчунин аз сарзамини Адуму атрофи дарёи Урдун ва аз Суру Сидун аз паси Ӯ мерафтанд. Мардуми зиёд дар бораи корҳои Исо шунида, дар гирди Ӯ ҷамъ меомаданд. 9Аз сабаби бисёрии мардум Исо ба шогирдонаш фармуд, ки барояш қаиқе тайёр кунанд, то ки одамон ба Ӯ фишор наоранд. 10Азбаски Исо беморони зиёдеро шифо бахшида буд, ҳамаи беморон аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд, то дасташон ба Ӯ расаду шифо ёбанд. 11Рӯҳҳои нопок баробари дидани Ӯ худро дар наздаш ба замин мепартофтанд ва фарёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ!» 12Вале Исо бо таъкиди қатъӣ ба онҳо амр мекард, ки дар бораи Ӯ овоза паҳн накунанд.
Интихоби дувоздаҳ фиристода
13Сипас, Исо ба кӯҳ баромада, онҳоеро ки мехост, ба наздаш даъват кард ва онҳо ба назди Ӯ омаданд. 14Ӯ аз байни онҳо дувоздаҳ нафарро фиристода номид ва онҳоро барои доимо бо Ӯ будан ва эълон кардани хушхабари Худо таъйин намуд. 15Ҳамчунин Ӯ ба онҳо қудрати берун кардани ҷинҳоро дод.
16Он дувоздаҳ нафар инҳоянд: Шимъун, ки Исо ӯро Петрус меномид, 17Яъқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд ва Исо онҳоро «писарони раъд» меномид, 18Андриёс, Филиппус ва Барталмо, Матто ва Тумо, Яъқуби писари Ҳалфой ва Таддо, Шимъуни Ватандӯст 19ва Яҳудои Исқарютӣ, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад.
Исо ва сардори ҷинҳо
20Баъд Исо ба хона рафт. Мардуми зиёде боз ҷамъ омада буданд, ки Ӯ ва шогирдонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан наёфтанд. 21Бо шунидани ин хабар хешу табори Исо ба наздаш омада, хостанд Ӯро бо худ баранд, зеро мегуфтанд, ки Ӯ аз ақл бегона шудааст. 22Гурӯҳе аз устодони шариат, ки аз Уршалим омада буданд, чунин мегуфтанд: «Ӯ дар Худ Баал-Забул, сардори ҷинҳоро дорад ва бо қудрати вай ҷинҳоро берун мекунад».
23Исо онҳоро ба наздаш даъват карда, бо масал гуфт: «Чӣ тавр шайтон худашро берун карда метавонад? 24Давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, устувор намемонад. 25Ҳамчунин хонаводае, ки байни аъзоёнаш ҷудоӣ афтодааст, устувор намемонад. 26Агар шайтон бар зидди худаш биҷангад ва дар худ ҷудоӣ дошта бошад, устувор намемонад, балки нобуд мешавад.
27Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси пурзӯр даромада, молу мулкашро дуздад, ба ғайр аз он ки аввал дасту пойи он мардро бандад ва он вақт хонаи ӯро ғорат кунад.
28Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳе, ки инсон мекунад ва ҳар сухани куфре, ки мегӯяд, бахшида мешавад. 29Вале касе ки бар зидди Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо сухани куфр мегӯяд, ҳаргиз бахшида намешавад ва бори ин гуноҳаш то абад бар гарданаш мемонад». 30Ин суханонро Исо ба хотири он гуфт, ки баъзеҳо дар борааш мегуфтанд: «Ӯ гирифтори рӯҳи нопок аст».
Модар ва бародарони Исо
31Он гоҳ модар ва бародарони Исо омада, дар берун истода, шахсеро фиристоданд, ки Ӯро даъват кунад. 32Исо дар байни мардум нишаста буд ва онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Модар ва бародарону хоҳаронат дар берун истодаанд ва Туро мепурсанд». 33Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Модар ва бародарони Ман кистанд? – 34ва ба атрофиёнаш нигоҳе карду давом дод, – Инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд! 35Ҳар касе, ки хости Худоро иҷро мекунад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст».

Currently Selected:

Марқӯс* 3: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in