Ҳастӣ 11
11
БОБИ ЁЗДАҲУМ
Бино кардани бурҷ.
1Дар тамоми замин як забон ва як лаҳҷа буд.
2Ҷун аз шарқ кӯч мекарданд, даште дар замини Шинъор ёфтанд ва дар он ҷо маскан гирифтанд.
3Ва ба якдигар гуфтанд: «Биёед, хишт резем, ва онро дар дош пазем». Ва онҳоро хишт ба ҷои санг буд, ва қир ба ҷои гил.
4Ва гуфтанд: «Биёед, шаҳре барои худ бино кунем, ва бурҷе ки сараш ба осмон бирасад; ва номе барои худ пайдо кунем, мабодо бар рӯи тамоми замин пароканда шавем».
Махлут кардани забонҳо.
5Ва Худованд фурӯд омад барои дидани шаҳр ва бурҷе ки фарзандони одам бино мекарданд.
6Ва Худованд гуфт: «Инак, қавм як аст, ва ҳамаи онҳоро забон як аст; ва ин корро шурӯъ кардаанд, ва акнун ҳар коре ки карданӣ шудаанд, барояшон дастнорас нахоҳад буд.
7Пас фурӯд оем, ва забони онҳоро дар он ҷо махлут кунем, то ки сухани якдигарро нафаҳманд».
8Ва Худованд онҳоро аз он ҷо бар рӯи тамоми замин пароканда кард; ва онҳо сохтани шаҳрро бас карданд.
9Аз ҳамин сабаб он ҷоро Бобил номидаанд; зеро ки дар он ҷо Худованд забони тамоми заминро махлут кард, ва аз он ҷо Худованд онҳоро бар рӯи тамоми замин пароканда кард.
Насаби Абром.
10Ин аст насаби Сом: Сом садсола буд, ва Арфакшадро баъд аз ду соли тӯфон ба дуньё овард.
11Ва Сом, баъд аз таваллуди Арфакшад, панҷсад сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
12Ва Арфакшад сию панҷ сол бизист, ва Шолаҳро ба дуньё овард.
13Ва Арфакшад, баъд аз таваллуди Шолаҳ, чорсаду се сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
14Ва Шолаҳ сӣ сол бизист, ва Эбарро ба дуньё овард.
15Ва Шолаҳ, баъд аз таваллуди Эбар, чорсаду се сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
16Ва Эбар сию чор сол бизист, ва Фолаҷро ба дуньё овард.
17Ва Эбар, баъд аз таваллуди Фолаҷ, чорсаду сӣ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
18Ва Фолаҷ сӣ сол бизист, ва Рауро ба дуньё овард.
19Ва Фолаҷ, баъд аз таваллуди Рау, дусаду нӯҳ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
20Ва Рау сию ду сол бизист, ва Саруҷро ба дуньё овард.
21Ва Рау, баъд аз таваллуди Саруҷ, дусаду ҳафт сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
22Ва Саруҷ сӣ сол бизист, ва Ноҳӯрро ба дуньё овард.
23Ва Саруҷ, баъд аз таваллуди Ноҳӯр, дусад сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
24Ва Ноҳӯр бисту нӯҳ сол бизист, ва Тораҳро ба дуньё овард.
25Ва Ноҳӯр, баъд аз таваллуди Тораҳ, саду нуздаҳ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
26Ва Тораҳ ҳафтод сол бизист, ва Абром, Ноҳӯр ва Ҳоронро ба дуньё овард.
27Ва ин аст насаби Тораҳ: Тораҳ Абром, Ноҳӯр ва Ҳоронро ба дуньё овард. Ҳорон Лутро ба дуньё овард.
28Ва Ҳорон пеш аз фавти падари худ Тораҳ, дар замини таваллуди худ, дар Ури калдониён мурд.
29Ва Абром ва Ноҳӯр занон барои худ гирифтанд: номи зани Абром — Сорай ва номи зани Ноҳӯр — Милко, духтари Ҳорон, падари Милко ва падари Иско.
30Ва Сорай бенасл буда, бача надошт.
31Ва Тораҳ писари худ Абром ва набераи худ Лут, писари Ҳорон, ва келини худ Сорай, зани писараш Абромро гирифта, бо онҳо аз Ури калдониён берун омад, то ки ба замини Канъон бираванд, вале ба Ҳоррон расида, дар он ҷо маскан гирифтанд.
32Ва айёми Тораҳ дусаду панҷ сол буд, ва Тораҳ дар Ҳоррон мурд.
Obecnie wybrane:
Ҳастӣ 11: KM92
Podkreślenie
Udostępnij
Kopiuj
Chcesz, aby twoje zakreślenia były zapisywane na wszystkich twoich urządzeniach? Zarejestruj się lub zaloguj