Ҳастӣ 10
10
БОБИ ДАҲУМ
Насабномаи Нӯҳ.
1Ин аст насаби писарони Нӯҳ: Сом, Ҳом ва Ёфат. Ба онҳо баъд аз тӯфон писарон таваллуд шуданд.
2Писарони Ёфат: Ҷӯмар, Моҷӯҷ, Модай, Ёвон, Тубол, Машак ва Тирос.
3Писарони Ҷӯмар: Ашканаз, Рифат ва Тӯҷармо.
4Писарони Ёвон: Алишо, Таршиш, Киттим ва Дӯдоним.
5Аз онҳо халқҳои соҳилҳо дар заминҳои худ паҳн шуданд, ҳар яке мувофиқи забони худ, мувофиқи қабилаҳои худ, дар халқҳои худ.
6Писарони Ҳом: Куш, Миср, Фут ва Канъон.
7Писарони Куш: Сабо, Ҳавило, Сабто, Раъмо ва Сабтако. Писарони Раъмо: Шабо ва Дадон.
8Ва Куш Нимрӯдро ба дуньё овард: ӯ ба пурзӯр шудан бар рӯи замин шурӯъ кард.
9Ӯ пеши Худованд сайёди пурзӯр буд; ба ҳамин сабаб мегӯянд: «Мисли Нимрӯд сайёди пурзӯр пеши Худованд».
10Ибтидои мамлакати ӯ Бобил, Арак, Аккад ва Калне дар замини Шинъор буд.
11Аз он замин Ашшур баромада, Нинве, Раҳӯбӯир ва Колаҳро бино кард,
12Ва Расанро дар миёни Нинве ва Колаҳ; ва он шаҳри бузург буд.
13Ва Миср Лудим, Аномим, Лаҳобим ва Нафтуҳимро ба дуньё овард,
14Ва Фатрусим ва Каслуҳимро, ки аз он ҷо фалиштиён пайдо шудаанд, ва Кафтӯримро.
15Ва Канъон Сидӯн нахустзодаи худ ва Ҳитро ба дуньё овард,
16Ва Ябусӣ, Амӯрӣ ва Ҷирҷоширо,
17Ва Ҳиввӣ, Арқӣ ва Синиро,
18Ва Арводӣ, Саморӣ ва Ҳамотиро. Баъд аз он қабилаҳои канъонӣ паҳн шуда рафтанд.
19Ва ҳудуди канъониён аз Сидӯн ба самти Ҷарор то Ғазза буд ва ба самти Садӯм, Амӯро, Адмо ва Сабӯим то Лошаъ.
20Инҳоянд писарони Ҳом, мувофиқи қабилаҳои онҳо, мувофиқи забонҳои онҳо, дар заминҳои онҳо, дар халқҳои онҳо.
21Ба Сом низ, ки падари ҳамаи писарони Эбар ва бародари калонии Ёфат буд, писарон таваллуд шуданд.
22Писарони Сом: Элом, Ашшур, Арфакшад, Луд ва Арам.
23Ва писарони Арам: Ус, Ҳул, Ҷатар ва Маш.
24Ва Арфакшад Шолаҳро ба дуньё овард, ва Шолаҳ Эбарро ба дуньё овард.
25Ва ба Эбар ду писар таваллуд шуд: яке Фолаҷ ном дошт, зеро ки дар айёми ӯ замин тақсим шудааст; ва номи бародараш — Ёқтон.
26Ва Ёқтон Алмӯдод, Шолаф, Ҳазармавт ва Ёраҳро ба дуньё овард,
27Ва Ҳадӯром, Узол ва Диқлоро,
28Ва Ӯбол, Абимоил ва Шаборо,
29Ва Ӯфир, Ҳавило ва Йӯбобро. Ҳамаи онҳо писарони Ёқтон буданд.
30Ва маскани онҳо аз Мешо буд ба самти Сафоро, кӯҳи шарқӣ.
31Инҳоянд писарони Сом мувофиқи қабилаҳои онҳо, мувофиқи забонҳои онҳо, дар заминҳои онҳо мувофиқи халқҳои онҳо.
32Инҳоянд қабилаҳои писарони Нӯҳ, мувофиқи насаби онҳо, дар халқҳои онҳо. Аз онҳо баъд аз тӯфон халқҳо бар рӯи замин паҳн шуданд.
Obecnie wybrane:
Ҳастӣ 10: KM92
Podkreślenie
Udostępnij
Kopiuj
Chcesz, aby twoje zakreślenia były zapisywane na wszystkich twoich urządzeniach? Zarejestruj się lub zaloguj