Матто* 22
22
Масал дар бораи тӯй
1Исо боз ба коҳинони калон ва пирони қавм рӯ оварда гуфт: 2«Подшоҳии Худоро бо чунин масал тасвир кардан мумкин аст: Подшоҳе барои хонадор кардани писараш тӯй барпо кард ва 3хизматгоронашро барои даъват кардани меҳмонон фиристод. Аммо даъватшудагон омадан нахостанд. 4Шоҳ дигар хизматгоронашро фиристода гуфт: „Рафта ба даъватшудагон гӯед, ки ба тӯй биёянд, зеро барзагову гӯсолаҳои беҳтарин аллакай кушта шуда, ҳама чиз барои зиёфат тайёр аст“. 5Лекин даъватшудагон ба суханони хизматгорон эътибор надода, ҳар яке бо кори худашон машғул шуданд. Як қисмашон ба саҳро, қисми дигар ба дӯконҳои худ рафтанд. 6Чанде аз онҳо хизматгоронро дошта, латукӯб карда куштанд.
7Шоҳ ба ғазаб омада, сарбозонро фиристод, то ки қотилонро нобуд карда, шаҳрашонро сӯзонанд. 8Ба хизматгоронаш бошад, гуфт: „Зиёфат тайёр аст, аммо даъватшудагон сазовори он набуданд. 9Ба кӯчаҳои серодам рафта, чӣ қадар бисёртар одам ёфта тавонед, ҳамаро ба тӯй таклиф кунед“. 10Хизматгорон ба кӯчаҳо рафта, ҳар касеро, ки ёфтанд, баду некро фарқ накарда, ба тӯйхона ҷамъ оварданд ва тӯйхона аз меҳмонон пур шуд.
11Вақте ки шоҳ барои дидани меҳмонон ба тӯйхона даромад, чашмаш ба марде афтод, ки либосаш идона набуд. 12„Эй дӯст, – муроҷиат кард шоҳ ба ӯ, – чӣ тавр ту ба ин ҷо бе либоси идона даромада омадӣ?“ Вале он мард хомӯш монд.
13Он гоҳ шоҳ ба хизматгорон фармон дода гуфт: „Дасту пойи ин мардро баста ба торикии берун партоед, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд“.
14Зеро бисёр касон даъват шудаанд, лекин интихобшудагон кам ҳастанд».
Савол дар бораи супоридани андоз
15Он гоҳ фарисиён ҷамъ шуда, маслиҳат карданд, ки чӣ тавр Исоро бо сухан ба дом афтонанд. 16Баъд онҳо чанд нафар шогирдонашонро ҳамроҳи тарафдорони Ҳиродус ба назди Ӯ бо чунин суханон фиристоданд: «Устод, мо медонем, ки Ту ростқавл ҳастӣ ва ба фикри одамон эътибор надода, бе хушомадгӯйӣ роҳҳои Худоро аз рӯйи ҳақиқат таълим медиҳӣ. 17Бигӯ, ба фикри Ту оё мо ба шоҳаншоҳи Рум андоз супорем ё не?»
18Исо, ки аз нияти бади онҳо бохабар буд, ҷавоб дод: «Эй дурӯяҳо! Чаро Маро ба дом афтонданӣ ҳастед?! 19Тангаи андозро ба Ман нишон диҳед». Онҳо ба Ӯ диноре оварданд. 20Исо пурсид: «Дар ин танга акс ва номи киро мебинед?» 21«Шоҳаншоҳро», – ҷавоб доданд онҳо.
Он гоҳ Ӯ ба онҳо гуфт: «Пас он чи аз они шоҳаншоҳ аст, бояд ба шоҳаншоҳ баргардонда шавад ва он чи аз они Худост, ба Худо».
22Чун инро шуниданд, ҳайрон шуданд ва Ӯро гузошта рафтанд.
Савол дар бораи зиндашавӣ
23Худи ҳамон рӯз баъзеҳо аз равияи саддуқиён, ки зиндашавии мурдагонро инкор мекарданд, ба назди Исо омада, ба Вай чунин савол доданд: 24«Устод, Мусо ба мо гуфтааст, ки агар касе зан гираду фарзанд надида вафот кунад, бародараш бояд зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад.#22:24 Такрори Шариат 25:5 25Бо мо ҳафт бародар буданд ва калониаш зан гирифт, аммо фарзанд надида аз олам чашм пӯшид. Он гоҳ бародари дуюм бевазанро ба никоҳаш даровард. 26Баъд бо бародари дуюм, сеюм ва то ҳафтум бо ҳамаашон айнан ҳамон ҳодиса рӯй дод. 27Оқибат зан ҳам вафот кард. 28Рӯзе, ки мурдаҳо зинда мешаванд, вай зани кадоме аз ҳафт бародарон мешавад? Охир ҳамаи онҳо ӯро ба занӣ гирифта буданд!»
29Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Шумо хато мекунед, чунки на маънои навиштаҷотро медонеду на қудрати Худоро. 30Зеро дар рӯзе, ки мурдаҳо зинда мешаванд, онҳо на зан мегиранду на шавҳар мекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд. 31Дар бораи зиндашавии мурдагон бошад, магар гуфтаҳои Худоро боре ҳам нахондаед, ки гуфтааст: 32„Ман Худои Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам“.#22:32 Хуруҷ 3:6 Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст».
33Мардум ин суханонро шунида аз таълимоти Ӯ дар тааҷҷуб монданд.
Муҳимтарин қонуни Худо
34Вақте фарисиён шуниданд, ки Исо даҳони саддуқиёнро бо ҷавоби Худ бастааст, як гурӯҳ шуда омаданд. 35Аз байни онҳо як устоди шариат барои озмудани Исо чунин савол дод: 36«Устод, кадом қонуни шариат дар ҷойи аввал меистад?»
37-38 Исо ҷавоб дода гуфт: «Қонуни аввалин ва муҳимтарин ин аст, ки „Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷон ва бо тамоми ақлу ҳушат дӯст дор“.#22:37–38 Такрори Шариат 6:5 39Дуюмаш ҳам монанди он аст: „Дигаронро мисли худ дӯст дор“.#22:39 Ибодат 19:18 40Ин ду қонун асоси тамоми шариати Мусо ва гуфтаҳои пайғамбарон аст».
Масеҳ Писари кист?
41Ҳанӯз ки фарисиён ҷамъ буданд, Исо аз онҳо пурсид: 42«Шумо дар бораи Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо чӣ ақида доред? Ба фикратон Ӯ аз насли кист?» Ба Ӯ гуфтанд: «Аз насли шоҳ Довуд». 43Ӯ боз пурсид: «Пас, чаро худи Довуд бо таъсири Рӯҳулқудс Ӯро Худованд хондааст? Охир Довуд гуфта буд:
44„Худованд ба Худованди ман гуфт:
«То даме ки душманонатро зери пойҳоят нагузорам,
аз дасти ростам бишин»“.#22:44 Забур 109:1
45Агар Довуд Масеҳро „Худованд“ номида бошад, пас чӣ тавр Масеҳ писари Довуд аст?»
46Касе ба саволи Исо ҷавобе дода натавонист ва аз он лаҳза дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Ӯ савол диҳад.
अहिले सेलेक्ट गरिएको:
Матто* 22: KMO
हाइलाइट
शेयर गर्नुहोस्
कपी गर्नुहोस्
तपाईंका हाइलाइटहरू तपाईंका सबै यन्त्रहरूमा सुरक्षित गर्न चाहनुहुन्छ? साइन अप वा साइन इन गर्नुहोस्
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад