YouVersion लोगो
खोज आइकन

Матто* 23

23
Огоҳӣ аз худнамоии роҳбарони динӣ
1Сипас, Исо ба мардум ва шогирдонаш гуфт: 2«Устодони шариат ва фарисиён барои шарҳ додани шариати Мусо ҳақ доранд. 3Он чи онҳо шарҳ медиҳанд, гӯш кунед ва иҷро намоед. Лекин ба рафторашон тақлид накунед, чунки худи онҳо гуфтаҳояшонро иҷро намекунанд. 4Онҳо борҳои гаронро ба дӯши одамон мегузоранд, аммо худашон барои бардоштани он ҳатто аз ҷояшон намеҷунбанд. 5Кору борашон фақат дар назди мардум худнамоӣ кардан аст. Ба қуттичаҳои оятдорашон нигаред, чӣ хел васеанд! Ё ба пӯпакҳои домани либосашон нигоҳ кунед, чӣ хел дарозанд! 6Онҳо дар базмҳо болонишиниро дӯст медоранд ва дар ҷамоатхонаҳо дар ҷойҳои беҳтарин мешинанд. 7Ба онҳо маъқул аст, ки халқ дар бозорҳо бо иззату эҳтиром ба онҳо „устод“ гуфта салом диҳанд. 8Аммо шумо набояд „устод“ хонда шавед, зеро фақат як Устод доред ва ҳамаатон барои якдигар бародару хоҳар ҳисоб мешавед. 9Ҳеҷ касро дар замин падари худ нахонед, чунки шумо як Падари осмонӣ доред. 10Шуморо набояд „раҳнамо“ гӯянд, чунки Масеҳ Раҳнамои яккаву ягонаи шумо аст. 11Каси бузургтарин дар байнатон бояд хизматгори шумо бошад. 12Ҳар касе, ки худро калон мегирад, паст мешавад ва баръакс ҳар касе, ки худро хоксор мегирад, сарбаланд мешавад.
Дурӯягии роҳбарони динӣ
13-14 Вой бар ҳоли шумо, устодони шариату фарисиёни дурӯя! Чунки шумо дари Подшоҳии Худоро ба рӯйи одамон баста, на худатон аз он медароеду на ба дигарон, ки даромадан мехоҳанд, роҳ медиҳед.
15Вой бар ҳоли шумо, устодони шариату фарисиёни дурӯя! Чунки шумо бо баҳру хушкӣ роҳҳои дурударозро тай менамоед, то ақаллан касеро пайдо кунед, ки ба дини шумо гузарад. Лекин вақте ки чунин одамро пайдо мекунед, вайро аз худатон ду маротиба зиёдтар сазовори дӯзах мегардонед.
16Вой бар ҳоли шумо, роҳнамоёни кӯр! Шумо таълим медиҳед, ки агар касе ба маъбади Худо қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба тиллое, ки дар маъбади Худо ҳаст, қасам хӯрад, онро ҳатман бояд иҷро кунад. 17Эй кӯрони беақл! Охир қадри чӣ баландтар аст: тилло ё ин ки маъбади Худо, ки тиллои дар он бударо муқаддас мегардонад? 18Шумо боз таълим медиҳед, ки агар касе ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба қурбонии болои қурбонгоҳ қасам хӯрад, онро ҳатман бояд иҷро кунад. 19Эй кӯрон! Охир чӣ қадри бештаре дорад: қурбонӣ ё қурбонгоҳе, ки қурбониро муқаддас мегардонад?
20Инак, касе ки ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, вай ҳам ба қурбонгоҳ ва ҳам ба ҳар қурбоние, ки болои он аст, қасам мехӯрад; 21ва касе ба маъбади Худо қасам хӯрад, вай ҳам ба маъбади Худо ва ҳам ба Худо, ки дар он ҷо макон дорад, қасам мехӯрад. 22Инчунин касе, ки ба осмон қасам хӯрад, вай ба тахти Худо ва ҳам ба касе, ки бар он тахт нишастааст, қасам мехӯрад.
23Вой бар ҳоли шумо, устодони шариату фарисиёни дурӯя! Чунки шумо аз ҳосили зираву шибиту пудина даҳякро месупоред, аммо ба таълимоти муҳимтарини шариат дар бораи ростӣ, раҳм ва вафодорӣ итоат намекунед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя карда, қонунҳои дигарро тарк намекардед. 24Эй роҳнамоёни кӯр! Шумо нӯшокиатонро аз дока мегузаронед, ки мабодо магас дар дарунаш набошад, аммо шутурро фурӯ мебаред.
25Вой бар ҳоли шумо, устодони шариату фарисиёни дурӯя! Чунки шумо беруни пиёлаву косаро мешӯеду дарунашон бошад, аз он чизҳое, ки шумо бо зулму чашмгуруснагӣ ба даст овардаед, пур аст. 26Эй фарисиёни кӯр! Аввал даруни пиёлаву косаро тоза кунед, он гоҳ беруни он ҳам тоза мешавад!
27Вой бар ҳоли шумо, устодони шариат ва фарисиёни дурӯя! Чунки шумо мисли мақбараҳои сафедкардашуда ҳастед, ки аз берун намуди хуб доранд, аммо дарунашон пур аз устухонҳои мурдаҳо ва ҳар гуна ифлосиҳост. 28Айнан ҳамин тавр намуди зоҳири шумо низ дар назари одамон ба некукорон монанд аст, аммо дарунатон пур аз дурӯягиву гуноҳ мебошад.
29Вой бар ҳоли шумо, устодони шариату фарисиёни дурӯя! Чунки шумо барои пайғамбарон ва некукорон мақбараҳои зебо сохта, онҳоро оро медиҳед. 30Боз мегӯед, ки агар дар замонҳои аҷдодонатон зиндагӣ мекардед, ҳаргиз ҳамроҳи онҳо ба хунрезии пайғамбарон даст намезадед. 31Бо ин суханон бар зидди худ шаҳодат медиҳед, ки шумо дар ҳақиқат фарзандони ҳамон қотилони пайғамбарон ҳастед. 32Акнун кореро, ки аҷдодонатон сар карданд, ба охир расонед! 33Эй морон ва морзодагон! Наход гумон кунед, ки аз ҳукми дӯзах халосӣ ёфта метавонед? 34Инак, ба шумо мегӯям, ки ба наздатон пайғамбарону ҳакимону устодони шариатро мефиристам ва шумо баъзеи онҳоро мекушеду баъзеашонро ба салиб мехкӯб мекунед, баъзеашонро дар ҷамоатхонаҳои худ қамчинкорӣ карда, шаҳр ба шаҳр дунболагирӣ мекунед. 35Ман онҳоро барои он мефиристам, ки хуни ҳамаи некукорон, аз Ҳобили беайб то Закарёи писари Баракё, ки байни муқаддастарин ҷойи маъбади Худо ва қурбонгоҳ кушта шуда буд, ба гардани шумо бошад. 36Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ин насл барои ҳамаи ин кушторҳо ҷазо мегирад!
Дилсӯзии Исо дар ҳаққи Уршалим
37Эй Уршалим, Уршалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди Худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ! 38Акнун хонаи ту холӣ ва бесоҳиб мемонад. 39Ба шумо мегӯям, ки минбаъд то „Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд!“#23:39 Забур 117:26 нагӯед, Маро нахоҳед дид».

अहिले सेलेक्ट गरिएको:

Матто* 23: KMO

हाइलाइट

शेयर गर्नुहोस्

कपी गर्नुहोस्

None

तपाईंका हाइलाइटहरू तपाईंका सबै यन्त्रहरूमा सुरक्षित गर्न चाहनुहुन्छ? साइन अप वा साइन इन गर्नुहोस्