Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!»
Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Номам Лашкар аст, чунки мо бисёрем».