Луқо* 18

18
Масал дар бораи қозии беадолат ва бевазан
1Баъд Исо ба онҳо масалеро нақл кард, то бидонанд, ки бояд ҳамеша дуо бигӯянд ва ҳеҷ вақт рӯҳафтода нагарданд.
2Ӯ гуфт: «Дар як шаҳр қозие буд, ки на тарсе аз Худо дошту на шарме аз мардум. 3Дар он шаҳр бевазане низ буд, ки ҳамеша ба назди ӯ омада мегуфт: „Ин масъалаи маро бо душманам ҳал кун“. 4Қозӣ муддати дурудароз талаби ӯро рад мекард, вале дар охир ба худ гуфт: „Гарчанде ман на тарсе аз Худо дораму на шарме аз мардум, 5вале, азбаски ин бевазан маро ба ҳолам намегузорад, ӯро ҳимоя мекунам, то ҳар гоҳ омада, маро безор накунад“». 6Сипас, Худованд Исо пурсид: «Шумо шунидед, ки ин қозии беадолат чӣ мегӯяд? 7Наход Худо интихобкардагони Худро, ки шабу рӯз ба даргоҳаш зорию тавалло мекунанд, муҳофизат накунад? Магар Худо дер мекунад? 8Ба шумо мегӯям, ки Худо онҳоро зуд муҳофизат мекунад. Вале оё Писари Одамизод вақти омаданаш дар рӯйи замин имонро ёфта метавонад?»
Масал дар бораи фарисӣ ва андозгир
9Баъд Исо ба онҳое, ки дар бегуноҳ будани худ шубҳа надоштанд ва дигаронро паст мешумурданд, чунин масалро нақл кард:
10«Ду кас барои дуогӯйӣ ба маъбади Худо даромаданд. Яке фарисӣ буду дигаре андозгир. 11Фарисӣ рост истода, дар дилаш чунин дуо мегуфт: „Худоё! Туро шукр мегӯям, ки мисли одамони дигар дузд, бадкор ё зинокор ва ҳам монанди ин андозгир нестам. 12Ман ҳар ҳафта ду бор рӯза мегирам ва аз ҳар даромаде, ки дорам, ҳиссаи даҳумашро месупорам“. 13Вале андозгир дуртар истода, ҳатто ҷуръат намекард, ки сарашро боло карда, ба осмон нигарад. Вай танҳо бар қафаси синааш мушт зада мегуфт: „Худоё! Ба мани гунаҳкор раҳм кун!“ 14Ба шумо мегӯям, ки на фарисӣ, балки ҳамин андозгир сафед шуда, ба хонааш баргашт. Зеро ҳар кӣ худро калон мегирад, паст мешавад ва баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор месозад, сарбаланд мешавад».
Исо ва кӯдакон
15Одамон ҳатто кӯдакони хурдсолашонро ба назди Исо оварданд, то ки Ӯ ба сари онҳо даст гузорад. Вале шогирдон инро дида, мардумро сарзаниш карданд. 16Исо кӯдаконро ба наздаш ҷеғ зада гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Подшоҳии Худо насиби онҳоест, ки мисли кӯдак ҳастанд. 17Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ Подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он намедарояд».
Сардори сарватманд
18Яке аз сардорон аз Исо пурсид: «Эй Устоди нек! Барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ кор бояд кунам?» 19Исо аз ӯ пурсид: «Чаро Маро нек мегӯйӣ? Ғайр аз Худо ҳеҷ кас нек нест. 20Ту фармоишҳои Худоро медонӣ: „зино накун, қатл накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо“#18:20 Хуруҷ 20:12-16; Такрори Шариат 5:16-20 ». 21Вай ба Исо ҷавоб дод: «Ман аз айёми ҷавониам ҳамаи ин фармоишҳоро риоя мекунам». 22Исо инро шунида гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад. Ҳар он чизеро, ки дорӣ, фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кун. Он гоҳ сарват дар осмон пайдо мекунӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо». 23Вале он мард инро шунида бисёр ғамгин шуд, чунки хеле сарватманд буд. 24Исо ба вай нигоҳ карда гуфт: «Ба Подшоҳии Худо даромадани одамони бой бениҳоят душвор аст. 25Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки шахси сарватманд ба Подшоҳии Худо дарояд».
26Онҳое, ки Ӯро мешуниданд, пурсиданд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?» 27Исо ҷавоб дод: «Ҳар чизе, ки барои одамизод ғайриимкон бошад, барои Худо имконпазир аст».
28Он гоҳ Петрус гуфт: «Мо аз баҳри ҳама чиз гузашта, Туро пайравӣ кардем». 29Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ ба хотири Подшоҳии Худо аз баҳри хона, ё зан, ё бародарон, ё падару модар, ё фарзандон гузашта бошад, 30дар ин дунё ҳамаи инро чанд маротиба зиёдтар пайдо мекунаду дар он дунё ҳаёти абадӣ насибаш мегардад».
Исо марги Худро бори сеюм пешгӯйӣ мекунад
31Исо он дувоздаҳ шогирдро ба як тараф бурда, ба онҳо гуфт: «Мо ба Уршалим рафта истодаем. Дар он ҷо ҳар чизе ки пайғамбарон дар бораи Писари Одамизод навиштаанд, ба амал хоҳад омад. 32Ӯро ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд. Онҳо Ӯро масхара ва ҳақорат карда, ба Вай туф мекунанд 33ва қамчинкорӣ намуда ба қатл мерасонанд, вале Ӯ дар рӯзи сеюм зинда мешавад».
34Лекин шогирдон аз ин гуфтаҳо чизеро нафаҳмиданд. Маънои суханони Исо аз онҳо пӯшида монд ва онҳо намефаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи чӣ сухан меронад.
Шифо ёфтани нобино
35Вақте ки Исо ба шаҳри Ариҳо наздик мешуд, марди нобиное дар канори роҳ нишаста садақа мепурсид. 36Чун нобино шунид, ки аз наздаш мардуми зиёде мегузаранд, пурсид: «Чӣ гап шудааст?» 37Ба вай гуфтанд, ки аз он ҷо Исои Носирӣ гузашта истодааст. 38Он нобино фарёд зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кун!» 39Онҳое, ки пешопеш равона буданд, ӯро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шавад. Аммо ӯ боз баландтар дод зада мегуфт: «Эй насли Довуд, ба ман раҳм кун!» 40Исо аз роҳаш бозистода фармуд, ки он нобиноро ба наздаш биёранд. Вақте ки ӯ наздик омад, Исо аз вай пурсид: 41«Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Вай ҷавоб дод: «Хоҷа! Мехоҳам чашмонам бино шавад». 42Исо гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо дод». 43Худи ҳамон лаҳза чашмони вай бино шуд ва ӯ Худоро ситоишкунон аз паси Исо рафт. Тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано мехонданд.

Terpilih Sekarang Ini:

Луқо* 18: KMO

Highlight

Kongsi

Salin

None

Ingin menyimpan sorotan merentas semua peranti anda? Mendaftar atau log masuk