Луқо* 19
19
Имон овардани Заккай
1Исо ба шаҳри Ариҳо даромада, аз он мегузашт. 2Дар он шаҳр Заккай ном марди сарватманде буд, ки вазифаи сардори андозгиронро ба ӯҳда дошт. 3Вай мехост бубинад, ки Исо кист. Вале, азбаски мардум зиёд буду Заккай қади паст дошт, Ӯро дида натавонист. 4Бино бар ин, ӯ давида пеш гузашту ба болои дарахти анҷир баромад, то ки Исоро ҳангоми аз он ҷо гузаштанаш бубинад. 5Вақте ки Исо ба он ҷо наздик шуд, ба Заккай нигоҳ карда гуфт: «Заккай! Зудтар пойин фаро! Ман бояд имрӯз дар хонаи ту бимонам». 6Вай зуд пойин фаромада, бо хурсандӣ Исоро меҳмондорӣ кард. 7Инро дида, ҳама норозигии худро баён намуда мегуфтанд: «Ӯ дар хонаи марди гунаҳкор меҳмон шудааст». 8Аммо Заккай рост истода ба Худованд Исо гуфт: «Эй Хоҷа, ман нисфи сарватамро ба бечорагон медиҳам ва агар аз касе бо фиреб пул ситонда бошам, чор баробар зиёдтар бармегардонам». 9Исо гуфт: «Имрӯз ба ин хона наҷот омад, чунки Заккай ҳам аз насли Иброҳим аст. 10Зеро Писари Одамизод барои он омадааст, ки гумроҳшударо кофта ёбаду наҷот диҳад».
Масал дар бораи даҳ тангаи тилло
11Азбаски Исо аллакай дар наздикии Уршалим буд ва шунавандагони Ӯ гумон доштанд, ки Подшоҳии Худо ба зудӣ фаро мерасад, Вай масал гуфтанро давом дод:
12«Як шахси олимартаба ба кишвари дурдаст сафар дошт, то ҳуқуқи ба тахти подшоҳӣ нишастанашро тасдиқ намуда, баргардад. 13Пеш аз рафтан вай даҳ нафар хизматгоронашро наздаш даъват карда, ба ҳар кадомаш яктогӣ тангаи тилло доду гуфт: „Дар вақти набудани ман ин тангаҳоро ба кор баред“. 14Аммо ҳамватанонаш, ки ба вай нафрат доштанд, аз паси вай сафиронашонро фиристоданд, то рафта чунин бигӯянд: „Мо намехоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад“. 15Вақте ки ӯ тахти подшоҳиро соҳиб шуда баргашт, фармон дод, то ҳамон хизматгоронеро, ки ба онҳо пул дода буд, ба наздаш ҷеғ зананд. Вай мехост бифаҳмад, ки ҳар яке аз онҳо чӣ қадар фоида ба даст овардааст? 16Аввалинаш омада, гуфт: „Хоҷаам, пули шумо даҳ баробар зиёдтар фоида овард“. 17Подшоҳ ба вай гуфт: „Офарин, хизматгори некам. Азбаски дар иҷрои вазифаи андаке вафодориатро нишон додӣ, туро ба даҳ шаҳр ҳоким таъйин мекунам“. 18Дуюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, пули шумо панҷ баробар зиёдтар фоида овард“. 19Подшоҳ ба вай гуфт: „Туро низ ба панҷ шаҳр ҳоким таъйин мекунам“. 20Сеюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, ана ин ҳамон пули шумо. Ман онро ба рӯймолчае печонда, нигоҳ доштам, 21чунки аз шумо метарсидам. Охир шумо одами сахтгир ҳастед. Аз он ҷое, ки нагузоштаед, мегиред ва он чизеро, ки накоштаед, дарав мекунед“. 22Подшоҳ ба вай гуфт: „Эй хизматгори бад! Аз рӯйи он чизе ки гуфтӣ, ба ту ҳукм мебарорам! Ту медонистӣ, ки ман одами сахтгир ҳастам ва аз он ҷое, ки нагузоштаам, мегираму он чизеро, ки накоштаам, дарав мекунам?! 23Пас, чаро пули маро ба муомилот надаровардӣ, то ки вақти баргаштанам онро бо фоидааш бигирам?“ 24Баъд ба онҳое, ки дар наздаш буданд, фармон дод: „Аз дасташ тангаи тиллоро гирифта, ба хизматгоре диҳед, ки даҳ баробар зиёдтар фоида овард“. 25Онҳо гуфтанд: „Хоҷаам, охир вай аллакай даҳ баробар зиёдтар дорад!“ 26„Ман ба шумо мегӯям, ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз дода мешавад. Лекин аз касе, ки надорад, ҳатто он чизи андаке, ки дорад, гирифта мешавад.
27Ҳоло бошад, он душманонамро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳӣ кунам, ба ин ҷо биёреду дар пеши назарам ба қатл расонед“».
Исо ба Уршалим бо тантана ворид мешавад
28Исо ин масалро нақл карда, роҳашро давом дод ва ба сӯи Уршалим раҳсипор гашт.
29Вақте ки онҳо ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Анёи назди кӯҳи Зайтун расиданд, Исо ду шогирдашро фиристода, 30гуфт: «Ба деҳае, ки дар рӯ ба рӯйи шумост равед ва ҳамин ки вориди он гаштед, хари бастаеро мебинед, ки то ҳол касе ба он савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред. 31Агар касе аз шумо пурсад, ки барои чӣ бандашро мекушоед, гӯед, ки вай ба Худованд даркор шуд».
32Шогирдони фиристодашуда рафтанд ва харро ҳамон тавре ки Ӯ ба онҳо гуфта буд, ёфтанд. 33Вақте ки онҳо банди харро мекушоданд, соҳибонаш аз онҳо пурсиданд: «Чаро банди харро мекушоед?» 34Онҳо ҷавоб доданд: «Вай ба Худованд лозим аст». 35Пас онҳо харро ба назди Исо оварда, ба болояш ҷомаҳои худро партофтанду Исоро ба он савор карданд.
36Исо савора мерафту мардум ҷомаҳои худро пеши роҳи Ӯ пойандоз мекарданд. 37Вақте Исо ба роҳе наздик шуд, ки он аз болои кӯҳи Зайтун ба пойин меравад, тамоми гурӯҳи шогирдонаш барои ҳамаи муъҷизаҳое, ки дида буданд, шодикунон бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонда 38мегуфтанд:
«Баракат ёбад шоҳе,
ки ба номи Худованд меояд!#19:38 Забур 117:26
Сулҳ дар осмон
ва шуҳрату ҷалол ба Худо дар осмон!»
39Баъзе фарисиён аз байни мардум ба Исо гуфтанд: «Эй Устод, шогирдонатро ором кун!» 40Вай ҷавоб дод: «Бовар кунед, агар онҳо хомӯш шаванд, сангҳо дод мезананд».
Ғамгин шудани Исо барои Уршалим
41Вақте ки онҳо наздиктар омаданд, Исо шаҳрро дида, гиря карду гуфт: 42«Оҳ, кошки ақаллан ҳамин рӯз роҳеро, ки туро ба осоиштагӣ мебарад, медонистӣ! Вале ҳоло он роҳ аз чашмони ту пинҳон аст. 43-44 Азбаски ту вақти ба наздат омадани Худовандро нафаҳмидӣ, ба сарат рӯзҳои сахт хоҳанд омад. Душманонат гирди ту хокдеворҳо сохта иҳота мекунанд. Онҳо аз ҳар тараф фишор оварда, туву сокинонатро ба хок яксон хоҳанд кард ва дар ту санг бар болои санге нахоҳад монд».
Пок кардани маъбади Худо
45Исо ба ҳавлии маъбади Худо ворид шуда, онҳоеро, ки бо харидуфурӯш машғул буданд, берун ронд. 46Ӯ ба онҳо гуфт: «Худо дар навиштаҷот гуфтааст, ки „Хонаи Ман хонаи дуо мешавад“#19:46 Ишаъё 56:7. Шумо бошед, онро ба хонаи дуздон табдил додаед!»
47Ӯ ҳар рӯз дар маъбади Худо мардумро таълим медод. Коҳинони калон, устодони шариат ва роҳбарони халқи Исроил дар пайи куштани Ӯ буданд. 48Вале илоҷи ин корро ёфта наметавонистанд, чунки тамоми мардум беист ва бодиққат ба ҳар як сухани Ӯ гӯш медоданд.
Terpilih Sekarang Ini:
Луқо* 19: KMO
Highlight
Kongsi
Salin
Ingin menyimpan sorotan merentas semua peranti anda? Mendaftar atau log masuk
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад