Ҳастӣ 29
29
БОБИ БИСТУ НӮҲУМ
Яъқуб дар Ҳоррон.
1Ва Яъқуб ба роҳ даромада, ба замини аҳли машриқ равона шуд.
2Ва дид, ки инак, дар саҳро чоҳе ҳаст, ва дар гирду пешаш се рамаи гӯсфандон хобидааст; зеро ки аз он чоҳ рамаҳоро об медоданд; ва санги калоне бар даҳани чоҳ буд.
3Ва чун ҳамаи рамаҳо дар он ҷо ҷамъ мешуданд, сангро аз даҳани чоҳ ғалтонида, рамаҳоро об медоданд; ва пас аз ин боз сангро дар ҷои он, ба даҳани чоҳ мегузоштанд.
4Ва Яъқуб ба онҳо гуфт: «Бародаронам, шумо аз куҷоед?» Гуфтанд: «Мо аз Ҳорронем».
5Ба онҳо гуфт: «Оё Лобон ибни Ноҳӯрро мешиносед?» Гуфтанд: «Мешиносем».
6Ба онҳо гуфт: «Оё вай саломат аст?» Гуфтанд: «Саломат аст; инак, духтараш Роҳел бо рама меояд».
7Гуфт: «Инак, рӯз ҳанӯз равшан аст; вақти ҷамъ кардани чорво нест; рамаҳоро об диҳед, ва рафта, чаронед».
8Гуфтанд: «Наметавонем, то даме ки ҳамаи рамаҳо ҷамъ шаванд, ва сангро аз даҳани чоҳ биғалтонанд; он гоҳ рамаро об медиҳем».
9Ҳанӯз бо онҳо гап зада истода буд, ки Роҳел бо рамаи падари худ омад, зеро ки ӯ онро мечаронид.
10Ва чун Яъқуб Роҳел духтари тағои худ Лобон ва рамаи тағои худ Лобонро дид, Яъқуб наздик шуда, сангро аз даҳани чоҳ ғалтонид ва рамаи тағои худ Лобонро об дод.
11Ва Яъқуб Роҳелро бӯсид ва овози худро баланд карда, гирист.
12Ва Яъқуб Роҳелро огоҳ намуд, ки ӯ ҷияни падари вай ва писари Ривқо мебошад. Роҳел тозон рафта, падари худро огоҳ кард.
13Ва чун Лобон хабари хоҳарзодаи худ Яъқубро шунид, ба пешвозаш шитофт, ва ӯро дар оғӯш гирифта, бӯсид, ва ба хонаи худ овард; ва ӯ ҳамаи ин гапҳоро ба Лобон ҳикоят кард.
14Ва Лобон ба ӯ гуфт: «Дар ҳақиқат ту устухон ва гӯшти ман ҳастӣ». Ва назди вай муддати як моҳ истод.
15Ва Лобон ба Яъқуб гуфт: «Азбаски хеши ман ҳастӣ, ба ман муфт хизмат мекунӣ магар? Ба ман бигӯй, ки муздат чист?»
16Ва Лобон ду духтар дошт; номи калони Леё ва номи хурдӣ Роҳел буд.
17Ва чашмони Леё заиф буд, вале Роҳел хушандом ва хушрӯй буд.
18Ва Яъқуб ба Роҳел дил баста буд, ва гуфт: «Барои духтари хурдиат Роҳел ба ту ҳафт сол хизмат мекунам».
19Ва Лобон гуфт: «Ӯро ба ту бидиҳам беҳтар аст аз он ки ба марди дигаре бидиҳам; назди ман бимон».
20Ва Яъқуб барои Роҳел ҳафт сол хизмат кард, ва онҳо ба назараш мисли якчанд рӯз намуданд, чунки варо дӯст медошт.
21Ва Яъқуб ба Лобон гуфт: «Занамро ба ман бисупор, зеро мӯҳлати ман пур шуд, то ки бо вай бихобам».
22Ва Лобон ҳамаи мардуми он ҷоро даъват намуда, базме орост.
23Вале шомгоҳ духтари худ Леёро гирифта, пеши ӯ овард; ва ӯ бо вай хобид.
24Ва Лобон канизи худ Зилфоро ба духтари худ Леё ба канизӣ дод.
25Ва бомдодон маълум шуд, ки ин Леё будааст. Ва ба Лобон гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба ман кардӣ? Магар барои Роҳел назди ту хизмат накардам? Чаро маро фиреб додӣ?»
26Ва Лобон гуфт: «Дар макони мо чунин намекунанд, ки хурдиро аз калонӣ пештар бидиҳанд.
27Ҳафтаи тӯи арӯсии инро тамом кун, ва хурдиро низ ба ту медиҳам, ба бадали хизмате ки назди ман боз ҳафт соли дигар бикунӣ».
28Ва Яъқуб чунин кард; ва ҳафтаи варо тамом кард. Ва Лобон духтари худ Роҳелро ба ӯ ба занӣ дод.
29Ва Лобон канизи худ Билҳоро ба духтари худ Роҳел ба канизӣ дод.
30Ва бо Роҳел низ хобид, ва Роҳелро аз Леё бештар дӯст медошт; ва боз ҳафт соли дигар назди Лобон хизмат кард.
31Ва чун Худованд дид, ки Леё номаҳбуб аст, батни ӯро кушод, вале Роҳел нозой монд.
32Ва Леё ҳомила шуда, писаре зоид, ва ӯро Реубен ном ниҳод, зеро гуфт: «Худованд мусибати маро дид, ва акнун шавҳарам маро дӯст хоҳад дошт».
33Ва бори дигар ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Зеро Худованд шунид, ки ман номаҳбуб ҳастам, ва инро низ ба ман бахшид». Ва ӯро Шимъӯн номид.
34Ва боз ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Акнун, ин дафъа, шавҳарам бо ман хоҳад пайваст, зеро ки ба вай се писар зоидам». Бинобар ин ӯро Левӣ ном ниҳод.
35Ва боз ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Ин дафъа Худовандро ҳамд мегӯям». Бинобар ин ӯро Яҳудо номид. Ва аз зоидан монд.
Pašlaik izvēlēts:
Ҳастӣ 29: KM92
Izceltais
Dalīties
Kopēt

Vai vēlies, lai tevis izceltie teksti tiktu saglabāti visās tavās ierīcēs? Reģistrējieties vai pierakstieties
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.