Ҳастӣ 28
28
БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ
Яъқуб дар Байт‐Ил. Аҳде ки Худо бо Иброҳим бастааст,
ба ӯ мегузарад.
1Ва Исҳоқ Яъқубро хонд, ва ӯро баракат дод, ва ӯро амр фармуда, гуфт: «Зане аз духтарони Канъон нагир.
2Бархоста, ба Фаддони Арам, ба хонаи падари модарат Батуил бирав, ва аз он ҷо зане барои худ аз духтарони Лобон, бародари модарат бигир.
3Ва Худои Қодир туро баракат диҳад, ва туро борвар ва афзун гардонад, ва аз ту қавмҳои бисьёр ба вуҷуд оянд;
4Ва баракати Иброҳимро ба ту диҳад, ба ту ва ба насли ту бо ту, то ки вориси замини мусофирати худ шавӣ, ки Худо онро ба Иброҳим додааст».
5Ва Исҳоқ Яъқубро равона кард, ва ӯ ба Фаддони Арам назди Лобон ибни Батуили арамӣ, бародари Ривқо, модари Яъқуб ва Эсов, равона шуд.
6Ва Эсов дид, ки Исҳоқ Яъқубро баракат дод, ва ӯро ба Фаддони Арам равона кард, то ки аз он ҷо зане барои худ бигирад, ва дар вақти баракат доданаш ба вай амр фармуда, гуфт, ки «зане аз духтарони Канъон нагир»;
7Ва Яъқуб ба сухани падару модари худ даромада, ба Фаддони Арам равона шуд;
8Ва Эсов дид, ки духтарони Канъон дар назари падараш Исҳоқ писандида нестанд;
9Ва Эсов назди Исмоил рафт, ва Маҳалат, духтари Исмоил ибни Иброҳимро, ки хоҳари Набойӯт буд, илова бар заноне ки дошт, ба занӣ гирифт.
10Ва Яъқуб аз Беэр‐Шобаъ баромада, сӯи Ҳоррон равона шуд,
11Ва ба маконе расида, дар он ҷо шабро гузаронд, зеро ки офтоб ғуруб карда буд. Ва яке аз сангҳои он ҷоро гирифта, зери сари худ гузошт, ва дар ҳамон ҷо хобид.
Рӯъёи нардбон.
12Ва хобе дид, ки инак, нардбоне бар замин истодааст, ва сараш ба осмон мерасад; ва инак, фариштагони Худо бар он мебароянд ва мефуроянд.
13Ва инак, Худованд бар он истодааст, ва мегӯяд: «Манам Худованд, Худои Иброҳим падарат ва Худои Исҳоқ. Ин заминро, ки ту бар он хобидаӣ, ба ту ва ба насли ту медиҳам.
14Ва насли ту мисли ғубори замин хоҳад буд; ва ба мағриб, ва машриқ, ва шимол, ва ҷануб паҳн хоҳӣ шуд; ва дар ту ва дар насли ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост.
15Ва инак, Ман бо ту ҳастам; ва туро дар ҳар ҷое ки равӣ, муҳофизат намоям; ва туро ба ин замин баргардонам; зеро то он чиро, ки ба ту гуфтам, ба ҷо наоварам, туро тарк накунам».
16Ва Яъқуб аз хоби худ бедор шуд ва гуфт: «Ба ростӣ Худованд дар ин макон аст, ва ман надонистаам».
17Ва ҳаросон шуда, гуфт: «Ин чӣ макони воҳиманокест! Ин нест чизи дигаре, ҷуз хонаи Худо, ва ин аст дарвозаи осмон».
18Ва бомдодон Яъқуб бархост, ва он сангеро, ки зери сари худ гузошта буд, гирифт, ва мисли сутуне рост монд, ва равған бар сари он рехт.
19Ва он маконро Байт‐Ил#28:19 Хонаи Худо. номид; вале номи он шаҳр аввал Луз буд.
20Ва Яъқуб назр карда, гуфт: «Агар Худо бо ман бошад, ва маро дар ин роҳ, ки меравам, муҳофизат намояд, ва ба ман нон барои хӯрдан ва либос барои пӯшидан диҳад,
21Ва ман ба саломатӣ ба хонаи падарам баргардам, — Худованд Худои ман хоҳад буд,
22Ва ин санг, ки мисли сутуне рост мондам, хонаи Худо хоҳад буд; ва ҳар он чи Ту ба ман бидиҳӣ, даҳьякашро ба Ту хоҳам дод».
Pašlaik izvēlēts:
Ҳастӣ 28: KM92
Izceltais
Dalīties
Kopēt

Vai vēlies, lai tevis izceltie teksti tiktu saglabāti visās tavās ierīcēs? Reģistrējieties vai pierakstieties
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.