YouVersion logotips
Meklēt ikonu

Ҳастӣ 30

30
БОБИ СИЮМ
Осудаҳолии Яъқуб.
1Ва Роҳел дид, ки ба Яъқуб назоид, ва Роҳел ба хоҳари худ ҳасад бурд, ва ба Яъқуб гуфт: «Ба ман фарзанд бидеҳ; вагар на, мемирам».
2Ва Яъқуб ба Роҳел хашм гирифт ва гуфт: «Магар ман дар ҷои Худо ҳастам, ки самари батнро аз ту боздоштааст?»
3Гуфт: «Инак канизи ман Билҳо; бо вай бихоб, то ки бар зонуям бизояд, ва ман низ аз вай фарзанд ёбам».
4Ва канизи худ Билҳоро ба ӯ ба занӣ дод; ва Яъқуб бо вай хобид.
5Ва Билҳо ҳомила шуда, ба Яъқуб писаре зоид.
6Ва Роҳел гуфт: «Худо ба доди ман расид, ва овози маро низ шунид, ва писаре ба ман дод». Бинобар ин ӯро Дон ном ниҳод.
7Ва Билҳо, канизи Роҳел, боз ҳомила шуда, писари дуюмин ба Яъқуб зоид.
8Ва Роҳел гуфт: «Ба гӯштинҳои Худо бо хоҳари худ гӯштин гирифтам, ва ғолиб омадам». Ва ӯро Нафтолӣ ном ниҳод.
9Ва Леё дид, ки аз зоидан мондааст, ва канизи худ Зилфоро гирифт, ва ӯро ба Яъқуб ба занӣ дод.
10Ва Зилфо, канизи Леё, ба Яъқуб писаре зоид.
11Ва Леё гуфт: «Толеъ ёр шуд!» Ва ӯро Ҷод ном ниҳод.
12Ва Зилфо, канизи Леё, писари дуюмин ба Яъқуб зоид.
13Ва Леё гуфт: «Ба хушбахтии ман аст! Зеро ки духтарон маро хушбахт хоҳанд хонд». Ва ӯро Ошер ном ниҳод.
14Ва дар айёми гандумдаравӣ Реубен рафт, ва меҳргиёҳҳо дар саҳро ёфт, ва онҳоро ба модари худ Леё овард. Ва Роҳел ба Леё гуфт: «Аз меҳргиёҳҳои писарат ба ман бидеҳ».
15Вай ба ӯ гуфт: «Оё кам аст, ки шавҳари маро гирифтӣ, боз мехоҳӣ меҳргиёҳҳои писари маро бигирӣ?!» Ва Роҳел гуфт: «Имшаб ба ивази меҳргиёҳҳои писарат бо ту бихобад».
16Ва бегоҳӣ Яъқуб аз саҳро омад, ва Леё ба пешвози ӯ баромад, ва гуфт: «Назди ман даро; зеро ки музди туро бо меҳргиёҳҳои писарам адо кардам». Ва ҳамон шаб бо вай хобид.
17Ва Худо дуои Леёро шунид, ва ӯ ҳомила шуд, ва писари панҷумин ба Яъқуб зоид.
18Ва Леё гуфт: «Худо музди маро дод ба ивази он ки канизамро ба шавҳарам додам». Ва ӯро Иссокор ном ниҳод.
19Ва боз Леё ҳомила шуда, писари шашумин ба Яъқуб зоид.
20Ва Леё гуфт: «Худо ҳадияи хубе ба ман дод; акнун шавҳарам назди ман хоҳад зист, зеро ки шаш писар ба ӯ зоидам». Ва ӯро Забулун ном ниҳод.
21Ва баъд духтаре зоид; ва ӯро Дино ном ниҳод.
22Ва Худо Роҳелро ба ёд овард, ва дуои ӯро шунид, ва батни ӯро кушод.
23Ва ӯ ҳомила шуд, ва писаре зоид, ва гуфт: «Худо нанги маро аз миён бардошт».
24Ва ӯро Юсуф ном ниҳода, гуфт: «Худованд ба ман писари дигаре хоҳад дод».
25Ва пас аз он ки Роҳел Юсуфро зоид, Яъқуб ба Лобон гуфт: «Маро ҷавоб деҳ, то ки ба макони худ ва ба замини худ биравам;
26Занон ва фарзандони маро, ки барояшон ба ту хизмат кардам, ба ман бидеҳ, то ки биравем; зеро хизматеро, ки ба ту кардам, ту медонӣ».
27Ва Лобон ба ӯ гуфт: «Кошки дар назари ту илтифот меёфтам! Ба фол гирифтаам, ки ба хотири ту Худованд маро баракат додааст».
28Ва гуфт: «Музди худро ба ман муайян кун, то ки онро ба ту диҳам».
29Ба вай гуфт: «Худат медонӣ, ки ман ба ту чӣ гуна хизмат кардаам, ва чорвои ту назди ман чӣ гуна зиёд шуд.
30Зеро ки пеш аз омадани ман моли ту кам буд, ва бениҳоят зиёд шуд; ва ба хотири ман Худованд туро баракат дод; ва акнун кай ман барои хонаи худ низ кор мекунам?»
31Ва гуфт: «Ба ту чӣ бидиҳам?» Ва Яъқуб гуфт: «Чизе ба ман надеҳ. Вале агар ин корро барои ман бикунӣ, ман аз нав рамаи туро чӯпонӣ ва посбонӣ хоҳам кард:
32Имрӯз дар тамоми рамаи ту гардиш мекунам; ҳар меши хол‐хол ва алоро аз он ҷудо кун, ва ҳар меши сиёҳ аз миёни гӯсфандон ва алою хол‐хол аз миёни бузон музди ман хоҳад буд.
33Ва дар оянда сидқи ман дар ҳаққи ман шаҳодат хоҳад дод, вақте ки биёӣ, то ки музди маро дар пеши назарат бубинӣ: он чи аз бузон хол‐холу ало ва аз гӯсфандон сиёҳ набошад, назди ман чизи дуздӣ ҳисоб ёбад».
34Ва Лобон гуфт: «Майлаш, гуфтаи ту шавад».
35Ва ҳамон рӯз нарбузҳои доғдору алоро, ва ҳамаи модабузҳои хол‐хол ва алоро, ки доғи сафед доштанд, ва ҳамаи гӯсфандони сиёҳро ҷудо карда, ба дасти писаронаш дод.
36Ва дар миёни худ ва Яъқуб масофаи серӯза муқаррар намуд. Ва Яъқуб боқии чорвои Лобонро чӯпонӣ кард.
37Ва Яъқуб навдаҳои тару тозаи сафедор, бодом ва кастонаро гирифт, ва хатҳои сафед бар онҳо бурида, пӯстро то сафедии чӯб канда партофт;
38Ва навдаҳои пӯстбуридаро дар тағораҳои обхӯрие ки чорво барои нӯшидан назди онҳо меомад, дар рӯ ба рӯи чорво гузошт, то ки ҳангоми ба обхӯрӣ омаданаш бордор шавад.
39Ва чорво дар пеши навдахо бордор мешуд, ва барраҳои доғдор, хол‐хол ва ало мезоид.
40Ва Яъқуб барраҳоро ҷудо мекард, ва рӯи рамаро сӯи тамоми чорвои доғдор ва сиёҳи Лобон мегузошт; ва барои худ рамаҳои алоҳида тартиб медод, ва онҳоро бо чорвои Лобон як ҷо намемонд.
41Ва ҳар гоҳ, ки чорвои тануманд бордор мешуд, Яъқуб навдаҳоро дар тағораҳо пеши назари чорво мемонд, то ки дар пеши навдаҳо бордор шавад.
42Вале ҳар гоҳ чорвои заиф бордор мешуд, онҳоро намемонд. Ва заифҳо аз они Лобон ва танумандҳо аз они Яъқуб мешуданд.
43Ва ин мард хеле ва хеле бой шуд, ва рамаҳои бисьёр, ва канизон, ва ғуломон, ва шутурон, ва харон дошт.

Pašlaik izvēlēts:

Ҳастӣ 30: KM92

Izceltais

Dalīties

Kopēt

None

Vai vēlies, lai tevis izceltie teksti tiktu saglabāti visās tavās ierīcēs? Reģistrējieties vai pierakstieties