Луқо* 15

15
Масал дар бораи гӯсфанди гумшуда
1Бисёр андозгирон ва дигар касоне, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, барои шунидани суханони Исо ба наздаш меомаданд. 2Вале фарисиён ва устодони шариат норозигии худро баён карда, мегуфтанд: «Ин мард гунаҳкоронро қабул мекунад ва ҳамроҳашон хӯрок мехӯрад». 3Бино бар ин, Исо ба онҳо чунин масалро гуфт: 4«Фарз мекунем, ки нафаре аз шумо сад гӯсфанд дораду якеашро гум мекунад. Магар наваду нуҳтояшро дар чарогоҳ гузошта, то ёфтани он гӯсфанди гумшуда аз пайи он намеравад? 5Ва чун ёбад, бо хурсандӣ онро болои кифтонаш бардошта 6ба хонааш меояд ва дӯстону ҳамсояҳояшро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман хурсандӣ кунед. Ман гӯсфанди гумшудаамро ёфтам“. 7Ба шумо мегӯям, дар осмон барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, хурсандии зиёдтаре мешавад, назар ба он наваду нуҳ некукоре, ки ба тавба ҳеҷ эҳтиёҷ надоранд.
Масал дар бораи тангаи гумшуда
8Фарз мекунем, ки зане даҳ тангаи нуқра дораду якеашро гум мекунад. Магар вай чароғро даргиронда, хонаро намерӯбад ва то пайдо кардани он бодиққат намекобад? 9Ва чун ёбад, дугонаҳову ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман хурсандӣ кунед, чунки тангаи гумкардаамро ёфтам“.
10Ба шумо мегӯям, фариштагони Худо барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, ҳамин тавр хурсандӣ мекунанд».
Масал дар бораи писари гумроҳшуда
11Исо боз гуфт: «Марде ду писар дошт. 12Писари хурдӣ ба падараш гуфт: „Падар, ҳаққи меросамро ба ман деҳ!“ ва падар ҳама чизеро, ки дошт, ба ҳарду писараш тақсим кард. 13Баъд аз чанд рӯз писари хурдӣ чизу чораашро ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт. Дар он ҷо ӯ тамоми сарваташро беҳуда ба айшу ишрат сарф кард. 14Баъд аз он ки ҳамаи сарваташро барбод дод, дар он сарзамин гуруснагии сахте ба миён омад ва ӯ нони хӯрдан надошт. 15Сипас, рафта ба яке аз сокинони он кишвар хизматгор шуд ва он мард ӯро барои хукбонӣ кардан ба замини худ фиристод. 16Ин писар тайёр буд, шикамашро бо ҳамон хӯроке, ки хукҳо мехӯрданд, сер кунад, аммо ба ӯ ҳамонро ҳам намедоданд. 17Оқибат ақлаш ба ҷояш омада ба худ гуфт: „Ҳамаи хизматгорони падарам нони фаровон доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ мемирам! 18Ба назди падарам бармегардаму ба вай мегӯям: «Падар! Ман дар пеши Худо ва шумо гунаҳкорам 19ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо номида шавам. Маро ҳамчун яке аз мардикоратон қабул кунед»“. 20Баъд ӯ хеста ба хонаи падараш равона шуд. Вай ҳанӯз дар дурӣ буд, ки падараш ӯро дида, ба ҳоли писараш раҳмаш омад ва давида рафту фарзандашро ба оғӯшаш гирифта, бӯса кард. 21Писар ба вай гуфт: „Падар! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо номида шавам“. 22Аммо падар ба хизматгоронаш гуфт: „Зудтар ҷомаи беҳтаринро оварда, ба ӯ пӯшонед. Ба дасташ ангуштарин ва ба пойҳояш пойафзор пӯшонед. 23Гӯсолаи беҳтаринро биёреду сар буред; мехӯрему хурсандӣ мекунем! 24Охир ин писарам мурда буд ва ҳоло зинда шуд, гумшуда буду ёфт шуд“. Пас онҳо ҷашне оростанд.
25Ҳамин вақт писари калонӣ дар киштзор буд. Ҳангоми баргаштан вай ба хона наздик шуда, садои мусиқӣ ва рақсу бозиро шунид. 26Пас яке аз хизматгоронро ҷеғ зада пурсид, ки дар он ҷо чӣ воқеа рӯй дода истодааст? 27Хизматгор ба ӯ ҷавоб дод: „Бародаратон омад ва падаратон ба хотире, ки ӯ зиндаву саломат баргашт, гӯсолаи беҳтаринро сар бурид“. 28Бародари калонӣ ба хашм омад ва нахост ба хона дарояд. Он гоҳ падараш берун баромада, ӯро илтимос кард. 29Вай бошад, ба падараш чунин ҷавоб дод: „Охир чандин сол аст, ки ман ба шумо мисли ғулом хизмат мекунам ва ҳеҷ вақт аз гуфтаатон берун набаромадаам, шумо бошед, ягон бор ба ман ҳатто бузғолаеро ҳам надодед, ки бо дӯстонам хурсандӣ карда тавонам. 30Вале барои ин писаратон, ки молу мулкатонро ҳамроҳи фоҳишаҳо хӯрда тамом карду баргашт, гӯсолаи беҳтаринро сар буридед“. 31Аммо падар ба ӯ гуфт: „Писарам, ту ҳамеша бо ман ҳастӣ ва ҳар чизе, ки ман дорам, аз они туст. 32Бояд шодиву хурсандӣ кунем, чунки бародарат мурда буду зинда шуд, гумшуда буду ёфт шуд“».

Šiuo metu pasirinkta:

Луқо* 15: KMO

Paryškinti

Dalintis

Kopijuoti

None

Norite, kad paryškinimai būtų įrašyti visuose jūsų įrenginiuose? Prisijunkite arba registruokitės