Луқо* 14
14
Шифо додани мард дар рӯзи шанбе
1Боре, дар рӯзи шанбе Исо дар хонаи яке аз сардорони фарисиён меҳмон шуд ва онҳо рафтори Ӯро мушоҳида мекарданд. 2Дар рӯ ба рӯйи Исо марде менишаст, ки баданаш варам карда буд. 3Исо ба устодони шариату фарисиён муроҷиат намуда гуфт: «Дар рӯзи шанбе касеро шифо додан мумкин аст ё не?» 4Онҳо хомӯш монданд, Ӯ бошад, ба бемор даст расонда шифо бахшиду ӯро ҷавоб дод. 5Сипас, ба онҳо гуфт: «Агар фарзанд ва ё барзагови яке аз шумо дар рӯзи шанбе ба чоҳ афтад, магар онро зуд берун намебароред?» 6Вале онҳо ба Ӯ ҷавобе дода натавонистанд.
Дарси хоксорӣ
7Исо мушоҳида мекард, ки меҳмонон мехостанд ба ҷойҳои болотар рафта шинанд, бинобар ин ба онҳо масалеро гуфт: 8«Вақте ки ба тӯйи арӯсӣ даъват мешавӣ, аз боло гузашта нашин, чун шояд шахсе даъват шуда бошад, ки аз ту обрӯмандтар аст. 9Он гоҳ соҳибхонае, ки ҳар дуи шуморо даъват кардааст, омада ба ту нагӯяд: „Ҷоятро ба ӯ бидеҳ“. Он вақт шарм дошта, маҷбур мешавӣ, ки аз пойин гузашта шинӣ. 10Баръакс, вақте ки туро даъват мекунанд, омада дар ҷойи пойин бишин, то соҳибхона омада, ба ту гӯяд: „Дӯстам, болотар бишин“. Он гоҳ иззату эҳтироми ту дар назари ҳамаи меҳмонон ба ҷо оварда мешавад. 11Зеро ҳар кӣ худро калон мегирад, паст мешавад ва баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор мегирад, сарбаланд мешавад».
12Баъд ба соҳибхонае, ки Ӯро даъват карда буд, гуфт: «Вақте ки зиёфате ташкил мекунӣ, дӯстон, бародарон, хешон ва ҳамсояҳои бойи худро даъват накун, чунки онҳо низ туро даъват мекунанду некиатро бармегардонанд. 13Беҳтараш вақти зиёфат оростан камбағалону маъюбон ва шалҳову нобиноёнро даъват намо. 14Он гоҳ хушбахт хоҳӣ шуд, чунки онҳо некиатро баргардонда наметавонанд, вале дар рӯзе, ки некон зинда мешаванд, Худо некиатро ба ту бармегардонад».
Масал дар бораи зиёфати калон
15Инро шунида яке аз меҳмонон ба Исо гуфт: «Хушбахт аст он касе, ки дар Подшоҳии Худо зиёфат бихӯрад!»
16Аммо Исо ба ӯ гуфт: «Марде зиёфати калоне ороста, мардуми зиёдро даъват намуд. 17Чун вақти зиёфат расид, хизматгорашро фиристод, то ба даъватшудагон бигӯяд: „Биёед, аллакай ҳама чиз тайёр аст“. 18Ҳамин вақт ҳама, яке аз пайи дигар ба узрхоҳӣ даромаданд. Якумаш гуфт: „Мебахшед. Ман замин харидам ва бояд рафта, онро бинам. Хоҳиш мекунам, маро бубахшед“. 19Дигаре гуфт: „Мебахшед. Ман панҷ ҷуфт барзагов харидам ва ҳоло барои санҷидани онҳо меравам“. 20Саввумӣ гуфт: „Ман нав зан гирифтам, бинобар ин рафта наметавонам“. 21Хизматгор баргашта ин хабарро ба хоҷааш расонд. Он гоҳ хоҷа дар ғазаб шуда, ба хизматгораш фармон дод: „Зудтар ба кӯчаву тангкӯчаҳои шаҳр рафта, камбағалон, маъюбон, кӯрон ва шалҳоро ба ин ҷо биёр“. 22Баъд аз чанде хизматгор омада, гуфт: „Хоҷаам! Фармонатонро иҷро намудам, вале боз ҳам ҷойҳои холӣ ҳастанд“. 23Сипас, хоҷа ба хизматгор гуфт: „Берун аз шаҳр рав ва қад-қади роҳҳои тангу васеъ гашта, мардумро ба омадан розӣ кун, то ки хонаам пур шавад.
24Ба шумо мегӯям, ҳеҷ яке аз он шахсоне, ки даъват шуда буданд, мазаи зиёфати маро нахоҳад чашид“».
Исоро пайравӣ намудан
25Ҳамроҳи Исо мардуми бисёре мерафтанд ва Ӯ ба онҳо рӯ оварда гуфт: 26«Касе, ки пеши Ман меояду Маро бештар аз падару модараш, зану фарзандонаш, бародарону хоҳаронаш ва зиёдтар аз ҷони худ дӯст намедорад, шогирди Ман шуда наметавонад. 27Касе ки салиби азобу маргашро бо худ набардораду аз пайи Ман наояд, шогирди Ман шуда наметавонад. 28Кадоме аз шумо манорае сохтанӣ шуда аввал нишаста харҷи онро ҳисоб намекунад, то бифаҳмад, ки имконияти ба анҷом расондани сохтмонро дорад ё не? 29Зеро агар пойдеворро гузошта, он сохтмонро ба охир расонда натавонад, ҳамаи онҳое, ки инро мебинанд, ба ӯ хандида 30мегӯянд: „Ин мард сохтмонро сар карду ба тамом кардани он қувваташ нарасид.“ 31Ҳамчунин подшоҳе пеш аз муҳофизат кардани худ аз ҳуҷуми подшоҳи дигар, аввал бояд нишаста, нағзакак фикр кунад: „оё метавонам бо даҳ ҳазор сарбози худ ба подшоҳе, ки бо бист ҳазор сарбозаш бар зидди ман меояд, муқобилат нишон диҳам?“ 32Пас, агар натавонад, ҳанӯз ки душманаш дур аст, сафиронашро барои сулҳ бастан мефиристад. 33Айнан ҳамин тавр ҳеҷ яке аз шумо то аз тамоми чизу чораи худ даст накашед, наметавонед шогирди Ман бошед.
Сифати намак
34Намак чизи хуб аст, вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад? 35Он дигар барои ҳеҷ чиз ба кор намеояд: бо он ҳатто заминро пору карда намешавад. Онро танҳо бароварда мепартоянд.
Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!»
Šiuo metu pasirinkta:
Луқо* 14: KMO
Paryškinti
Dalintis
Kopijuoti
Norite, kad paryškinimai būtų įrašyti visuose jūsų įrenginiuose? Prisijunkite arba registruokitės
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад