Луқо* 13
13
Даъват ба тавба
1Дар ҳамин вақт баъзеҳо ба назди Исо омада, дар бораи ҷалилиёне нақл карданд, ки ҳоким Пилотус онҳоро ҳангоми қурбонӣ карданашон кушт. 2Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба гумонатон ин ҷалилиён аз ҷалилиёни дигар гунаҳкортар буданд, ки бо онҳо чунин ҳодиса рӯй дод? 3Ба шумо мегӯям, не! Вале, агар тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст накашед, ҳамаатон монанди онҳо нобуд мешавед. 4Ё ба фикратон он ҳаждаҳ нафаре, ки манораи деҳаи Шилуаҳ ба болояшон чаппа шуда мурданд, аз ҳамаи сокинони Уршалим гунаҳкортар буданд? 5Ба шумо мегӯям, не! Вале, агар тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст накашед, ҳамаатон монанди онҳо мемуред».
Масал дар бораи дарахти анҷири бемева
6Исо чунин масалеро гуфт: «Як мард дар токзори худ дарахти анҷире шинонда буд. Вай барои чиндани мева пеши дарахт омад, вале чизе наёфт. 7Пас, ба боғбон гуфт: „Ман се сол боз барои мева гирифтан меояму як дона ҳам намеёбам. Онро бурида парто! Чаро заминро беҳуда банд мекунад?“ 8Вале боғбон ҷавоб дод: „Хоҷа! Як соли дигар онро набуред. Ман гирдашро побел карда, ба замин пору меандозам. 9Агар соли оянда мева диҳад, хуб мешавад ва агар надиҳад, баъд бурида партоед ҳам мешавад“».
Шифо додани зан дар рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат
10Рӯзи шанбе Исо дар яке аз ҷамоатхонаҳо мардумро таълим медод. 11Дар он ҷо зане буд, ки рӯҳи нопок, яъне ҷин ӯро ҳаждаҳ сол боз қадхамида карда буд ва ӯ ҳеҷ қоматашро рост карда наметавонист. 12-13 Исо инро дида, ӯро ба наздаш даъват кард ва дастонашро бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй зан! Ту аз бемориат раҳоӣ ёфтӣ». Қомати зан дарҳол рост шуда, вай Худоро ҳамду сано хонд.
14Сардори ҷамоатхона, аз он ки Исо дар рӯзи шанбе занро шифо бахшид, хашмгин шуда, ба мардум гуфт: «Барои кор кардан шаш рӯз ҳаст ва бояд на дар рӯзи шанбе, балки дар яке аз ҳамин рӯзҳо омада, шифо ёбед». 15Вале Худованд Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй дурӯягон! Магар ҳар яки шумо дар рӯзи шанбе банди барзагов ё хари худро кушода онҳоро барои обдиҳӣ аз оғил берун намебароред? 16Ҳол он ки ин зан аз авлоди Иброҳим аст ва шайтон ӯро ҳаждаҳ сол боз дар бандҳои худ нигоҳ медошт! Пас, наход мумкин набошад, ки ӯ дар рӯзи шанбе аз ин бандҳо озод шавад?!»
17Бо ин суханонаш Ӯ душманонашро шарманда кард ва тамоми мардум аз корҳои аҷибе, ки Ӯ мекард, шод мешуданд.
Масал дар бораи тухми хардал ва хамиртуруш
18Исо гуфт: «Подшоҳии Худо ба чӣ монанд аст? Ман онро бо чӣ муқоиса кунам? 19Он ба тухми хардал монанд аст, ки шахсе гирифта, дар боғи худ мекорад. Он рӯида, дарахт мешаваду парандаҳо дар миёни шохаҳояш лона мегузоранд».
20Боз гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунам? 21Он ба мисли хамиртурушест, ки зане онро гирифта, бо як халта орд омехта, хамир кард ва тамоми хамир расид».
Дари танг
22Исо ба сӯи Уршалим равона буд ва дар шаҳру деҳаҳо гашта мардумро таълим медод. 23Шахсе аз Ӯ пурсид: «Хоҷаам! Наход ки шумораи ками одамон наҷот ёбанд?» Исо ба мардум гуфт: 24«Кӯшишу ғайрат кунед, то аз дари танг дароед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисёр касон кӯшиш мекунанд, ки аз он дар дароянд, вале даромада наметавонанд. 25Вақте ки соҳибхона хеста дарро маҳкам мекунад, шумо дар берун мемонед ва дарро кӯфта мегӯед: „Хоҷа! Дарро бароямон кушоед!“ Вале Ӯ ба шумо чунин ҷавоб медиҳад: „Ман намедонам шумо аз куҷо ҳастед!“ 26Он вақт шумо мегӯед: „Мо ҳамроҳи Ту мехӯрдему менӯшидем. Ту дар кӯчаҳои мо мардумро таълим медодӣ“. 27Вале Ӯ ба шумо ҷавоб хоҳад дод: „Ман намедонам шумо аз куҷо ҳастед, дур шавед аз ман, эй ҳамаи бадкорон!“ 28Вақте ки шумо дар Подшоҳии Худо Иброҳим, Исҳоқ, Яъқуб ва ҳамаи пайғамбаронро мебинеду худатон аз он ҷо ронда мешавед, аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунед.
29Мардум аз ҳар гӯшаву канори дунё омада, дар Подшоҳии Худо сари як дастархон менишинанд 30ва баъзе аз онҳое, ки ҳоло охирон ҳастанд, аввалин мешаванд ва онҳое, ки аввалин ҳастанд, охирон мешаванд».
Дилсӯзии Исо дар ҳаққи Уршалим
31Ҳамин вақт чанд нафар аз фарисиён ба назди Исо омада гуфтанд: «Аз ин ҷо баромада рав, чунки ҳоким Ҳиродус мехоҳад Туро кушад». 32Исо ба онҳо гуфт: «Рафта, ба он рӯбоҳ гӯед, ки Ман имрӯзу пагоҳ ҷинҳоро берун карда, мардумро шифо медиҳам ва рӯзи сеюм корамро тамом мекунам. 33Вале Ман бояд имрӯз, пагоҳ ва ҳам баъд аз пагоҳ роҳамро давом диҳам, зеро ин хел шуданаш мумкин нест, ки пайғамбар берун аз Уршалим кушта шавад.
34Эй Уршалим, Уршалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди Худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ! 35Пас ҳоло хонаат холӣ ва бесоҳиб мемонад. Ба шумо мегӯям, ки то „Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд!“#13:35 Забур 117:26 нагӯед, Маро нахоҳед дид».
Šiuo metu pasirinkta:
Луқо* 13: KMO
Paryškinti
Dalintis
Kopijuoti
Norite, kad paryškinimai būtų įrašyti visuose jūsų įrenginiuose? Prisijunkite arba registruokitės
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад