Луқо* 16
16
Назоратчии зирак
1Ҳамчунин Исо ба шогирдонаш гуфт: «Як марди сарватманд назоратчие дошт ва ба сарватманд шикоят карданд, ки назоратчиаш молу мулки ӯро беҳуда сарф мекунад. 2Хоҷааш вайро ҷеғ зада гуфт: „Ман дар бораи ту чиҳо мешунавам? Ба ман ҳисобот деҳ, ки чӣ корҳо кардаӣ, чунки дигар назоратчии ман шуда наметавонӣ“. 3Он гоҳ назоратчӣ аз дил гузаронд: „Чӣ кор кунам? Хоҷаам маро аз кор меронад. Ман аз ӯҳдаи каландзанӣ намебароям ва аз гадоӣ кардан ҳам шарм медорам. 4Ёфтам чӣ бояд кунам. Бояд коре бикунам, ки вақти бекор монданам одамон маро ба хонаҳояшон роҳ диҳанд“. 5Вай қарздорони хоҷаашро як-як ҷеғ зад ва якумашро пурсид: „Ту аз хоҷаам чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“ 6Қарздор ҷавоб дод: „Сад хум равғани зайтун“. Назоратчӣ ба вай гуфт: „Ана забонхати ту, зуд нишаста, ба ҷойи сад панҷоҳ навис“. 7Баъд аз дигаре пурсид: „Ту чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“ Ӯ ҷавоб дод: „Сад халта гандум“. Назоратчӣ гуфт: „Ана забонхати ту, ба ҷойи сад ҳаштод навис“. 8Вале хоҷааш назоратчии фиребгарро таъриф кард, ки зиракиашро ба кор бурда, чунин кардааст. Охир одамони ин дунё дар муносибат бо онҳое, ки мисли худашон ҳастанд, назар ба одамони нур, ки аз они Подшоҳии Худо ҳастанд, оқилтаранд.
9Пас, Ман ба шумо мегӯям: Пулу моли ин дунёро ба он сарф намоед, ки барои худ дӯстонро пайдо бикунед, то дар вақти тамом шудани сарвататон онҳо шуморо дар хонаҳои абадӣ қабул кунанд. 10Касе, ки дар кори майда вафодор бошад, дар кори калон ҳам вафодор мемонад. Ҳамчунин касе, ки дар кори майда беинсоф бошад, дар кори муҳим ҳам беинсофӣ мекунад. 11Пас, агар ба шумо сарвати ин дунёро бовар карда нашавад, кӣ ба шумо сарвати ҳақиқиро бовар мекунад? 12Ва агар ба шумо моли бегонаро бовар карда нашавад, кӣ моли худи шуморо, ба шумо медиҳад?
13Ҳеҷ хизматгор ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул».
Баъзе гуфтаҳои Исо
14Фарисиён, ки пулпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Исоро масхара карданд. 15Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳамон одамоне ҳастед, ки худро дар пеши мардум беайб нишон медиҳед, лекин Худо аз дилҳои шумо бохабар аст. Чизеро, ки одамон олидараҷа мешуморанд, дар назари Худо нафратовар аст.
16Шариати Мусо ва навиштаҳои пайғамбарон то замони Яҳёи Таъмиддиҳанда амал мекарданд. Аз вақти Яҳё сар карда хушхабари Подшоҳии Худо эълон карда мешаваду ҳама кӯшиш мекунанд, ки зӯран вориди он Подшоҳӣ гарданд. 17Вале нест шудани замину осмон осонтар аст аз он, ки ҳатто нуқтае аз ин шариат бекор карда шавад.
18Ҳар кӣ аз занаш ҷудо шуда, зани дигар гирад, зино мекунад ва ҳар кӣ бо зани аз шавҳараш ҷудошуда хонадор шавад, зинокор аст.
Марди сарватманд ва Элъозор
19Як замонҳо марди сарватманде зиндагӣ мекард, ки либоси қиматбаҳо мепӯшиду ҳар рӯз хӯроки шоҳона мехӯрд. 20Элъозор ном камбағале, ки баданаш пур аз захмҳо буд, дар назди дарвозаи марди сарватманд дароз кашида мехобид 21ва орзу мекард, ки шикамашро бо пасмондаҳои дастархони бой сер кунад. Ҳатто сагҳо омада, захмҳои ӯро мелесиданд. 22Вақте ки Элъозор мурд, фариштагон ӯро бурда, ба паҳлуи Иброҳим шинонданд. Марди сарватманд низ мурд ва ӯро гӯронданд. 23Ҳангоме ки ӯ дар дӯзах азоб мекашид, ба боло нигоҳ кард ва аз дур Иброҳимро дид, ки Элъозор дар паҳлӯяш менишаст. 24Он сарватманд фарёд зада гуфт: „Эй падарам Иброҳим! Ба ман раҳм кунед ва Элъозорро бифиристед, то нӯги ангушташро ба об тар карда, забонамро камтар нам кунад. Ман дар ин оташ азоб мекашам“. 25Вале Иброҳим чунин ҷавоб дод: „Ба хотир ор, писар, ки дар вақти зинда буданат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Элъозор шуда буд. Ҳоло бошад, вай дар ин ҷо роҳат меёбаду ту азоб мекашӣ. 26Илова бар ин, байни мову шумо чунон ғори калоне вуҷуд дорад, ки агар касе аз ин тараф ба пеши шумо гузаштан хоҳад ҳам, наметавонад. Ҳамчунин аз он ҷо касе пеши мо гузашта наметавонад“. 27Марди сарватманд гуфт: „Ин тавр ки бошад, аз шумо илтимос мекунам, эй падар, ки Элъозорро ба хонаи падари ман фиристед. 28Охир ман панҷ бародар дорам. Бигзор онҳоро огоҳ кунад, ки ба ин ҷойи азоб наафтанд“. 29Иброҳим ба ӯ гуфт: „Онҳо навиштаҳои Мусо ва дигар пайғамбаронро доранд. Бигзор ба суханони онҳо гӯш диҳанд“. 30Аммо мард гуфт: „Не, падарам Иброҳим! Танҳо агар яке аз мурдагон наздашон равад, онҳо тавба карда, аз гуноҳ даст мекашанд“. 31Иброҳим ҷавоб дод: „Модоме ки онҳо ба суханони Мусою пайғамбарон гӯш намедиҳанд, ҳатто агар мурдае зинда шавад ҳам онҳо бовар нахоҳанд кард“».
Šiuo metu pasirinkta:
Луқо* 16: KMO
Paryškinti
Dalintis
Kopijuoti
Norite, kad paryškinimai būtų įrašyti visuose jūsų įrenginiuose? Prisijunkite arba registruokitės
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад