Луқо* 17

17
Баъзе гуфтаҳои Исо
1Ба шогирдонаш бошад, Исо чунин гуфт: «Васвасаҳо пайдо хоҳанд шуд, вале вой бар ҳоли он касе, ки ба воситаи вай васвасаҳо ба миён меоянд. 2Барои вай беҳтар мешуд, ки ба гарданаш санги осиёбро овехта, ба баҳр партоянд аз он ки вай яке аз ин пайравони хурдтаринро гумроҳ кунад.
3Пас, эҳтиёт бошед! Агар бародаратон бар шумо гуноҳе бикунад, ӯро насиҳат кунед ва агар тавба карда, аз гуноҳ даст кашад, ӯро бахшед. 4Агар ӯ рӯзе ҳафт бор гуноҳ кунад ва ҳафт маротиба „Тавба кардам“ гӯяд, ӯро бахшед».
5Фиристодагон ба Худованд Исо гуфтанд: «Имони моро зиёдтар кун». 6Худованд гуфт: «Агар шумо ҳатто ба андозаи донаи хардал имон медоштед, ба ин дарахти тут „Решакан шаву ба баҳр шинонда шав“ гуфта метавонистед ва вай ба шумо итоат мекард.
7Фарз кардем, ки ғуломи шумо ба шудгори замин ва ё ба чӯпонӣ машғул аст. Магар вақти аз киштзор баргаштанаш шумо ба вай мегӯед, ки зуд омада назди дастархон бишинад? 8Магар ба ӯ чунин намегӯед: „Хӯроки шомро тайёр кун ва то вақте ки ман мехӯраму менӯшам, миёнатро маҳкам баста, ба ман хизмат кун. Баъдтар худат мехӯрӣ ва менӯшӣ“? 9Охир, шумо ба ғуломатон барои иҷро кардани фармонҳоятон ташаккур намегӯед-ку? 10Пас, шумо низ, баъд аз он ки фармонҳои ба шумо додашударо иҷро мекунед, бигӯед: „Мо ғуломи ночиз ҳастему танҳо вазифаи худро иҷро кардем“».
Шифо ёфтани даҳ нафар аз бемории пӯст
11Исо, ки ба Уршалим равона буд, қад-қади сарҳади байни Сомараву Ҷалил роҳ мерафт. 12Ҳангоми ба як деҳа даромадан, бо даҳ касе, ки бемории пӯст дошт, рӯ ба рӯ шуд. Онҳо каме дур истода 13дод заданд: «Эй Исо, Хоҷа, ба мо раҳм кун!» 14Исо онҳоро дида, гуфт: «Рафта худро ба коҳинон нишон диҳед». Онҳо рафтанд ва дар роҳ пок шуданд. 15Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, бо овози баланд Худоро ситоишкунон баргашт 16ва худро пеши пойҳои Исо партофта, ба Ӯ миннатдорӣ баён кард. Он мард аз Сомара буд. 17Исо пурсид: «Магар даҳ нафар аз беморияшон пок нашудаанд? Нуҳ нафари дигар куҷоянд? 18Пас, наход ғайр аз ин марди ғайрияҳудӣ ягон нафаре аз онҳо барнагашт, ки Худоро ҳамду сано хонад?» 19Баъд ба ӯ гуфт: «Бархезу бирав, туро имонат шифо дод».
Омадани Подшоҳии Худо
20Фарисиён аз Исо пурсиданд, ки кай Подшоҳии Худо фаро мерасад? Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Омадани Подшоҳии Худо ба назар намоён нест. 21Касе ба шумо намегӯяд: „Нигоҳ кунед, вай дар ин ҷост“ ва ё „Вай дар он ҷост!“ Охир, Подшоҳии Худо аллакай дар байни шумост».
22Вале Исо ба шогирдонаш гуфт: «Вақте мерасад, ки ба дидани яке аз рӯзҳои Писари Одамизод зор мешавед, вале онро намебинед. 23Ба шумо мегӯянд: „Вай дар он ҷост!“ ё „Вай дар ин ҷост!“, аз қафояшон надавед. 24Зеро Писари Одамизод дар рӯзи омаданаш мисли раъду барқе мешавад, ки дурахшида осмонро аз як сӯ то сӯи дигар равшан мекунад. 25Вале аввал Ӯ бояд азоби бисёре кашида, аз тарафи насли ин замон рад карда шавад. 26Чи тавре ки дар замони Нӯҳ пайғамбар буд, замони омадани Писари Одамизод низ ҳамон тавр мешавад. 27Зеро то рӯзи ба киштӣ даромадани Нӯҳ одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мебаромаданд, вале баъд тӯфон бархоста, ҳамаро несту нобуд кард. 28Ҳамчунин монанди замони Лут хоҳад буд, ки одамон мехӯрданду менӯшиданд, мехариданду мефурӯхтанд, мекоштанду иморат месохтанд. 29Вале рӯзе, ки Лут аз шаҳри Садум баромад, аз осмон оташу сулфур борида, ҳамаро нест кард. 30Рӯзе, ки Писари Одамизод зоҳир мегардад, низ ҳамон тавр хоҳад буд. 31Агар касе он вақт дар болои бом ва чизу чорааш даруни хона бошад, барои гирифтани онҳо пойин нафарояд. Агар касе дар саҳро бошад, ба хонааш барнагардад. 32Зани Лутро ба хотир оваред. 33Касе ки ҳаёташро эмин нигоҳ доштанӣ аст, онро аз даст медиҳад, вале касе ки ҳаёташро фидо мекунад, онро эмин нигоҳ медорад. 34Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре, ки дар як ҷогаҳ хобанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад. 35-36 Аз ду зане, ки дар як осиёб гандум орд мекунанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад».
37Он гоҳ шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Эй Хоҷа, ин дар куҷо ба амал меояд?» Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар ҷое ки ҷасад аст, парандаҳои лошахӯр дар он ҷо ҷамъ мешаванд».

Šiuo metu pasirinkta:

Луқо* 17: KMO

Paryškinti

Dalintis

Kopijuoti

None

Norite, kad paryškinimai būtų įrašyti visuose jūsų įrenginiuose? Prisijunkite arba registruokitės