Юҳанно* 16

16
1Исо давом дод: «Ман инро ба шумо барои он гуфтам, ки ба шубҳа афтода, гумроҳ нашавед. 2Шуморо аз ҷамоатхонаҳо пеш мекунанд. Ҳатто чунон замоне фаро мерасад, ки кушандагони шумо фикр мекунанд, ки бо ин корашон ба Худо хизмат мекунанд. 3Онҳо аз сабаби он чунин рафтор мекунанд, ки на Падар ва на Маро мешиносанд. 4Аммо Ман ин чизҳоро ба шумо барои он гуфтам, ки ҳангоми расидани ин вақт шумо ба хотир оред, ки Ман дар бораи онҳо ба шумо гуфта будам.
Кори Рӯҳулқудс
Аз аввал дар бораи ин чизҳо ба шумо нагуфтам, чунки ҳамроҳи шумо будам. 5Акнун пеши он Касе меравам, ки Маро фиристодааст. Вале ҳеҷ касе аз шумо ба Ман савол намедиҳад, ки „Ту ба куҷо меравӣ?“, 6чунки суханони Ман дилҳои шуморо пур аз ғам карданд. 7Аммо Ман ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои фоидаи шумост. Зеро, агар Ман наравам, Пуштибон пеши шумо намеояд ва агар биравам, Ӯро ба назди шумо мефиристам. 8Вақте ки Ӯ меояд, фикрронии нодурусти ин ҷаҳонро дар бораи гуноҳ, росткорӣ ва ҳукмкунӣ фош мекунад: 9гуноҳ дар ин аст, ки онҳо ба Ман имон намеоваранд, 10росткорӣ дар ин аст, ки Ман ба пеши Падарам меравам ва шумо дигар Маро намебинед, 11ҳукмкунӣ аз он иборат аст, ки ҳукмрони ин ҷаҳон аллакай ҳукм шудааст.
12Ман боз бисёр чизи ба шумо гуфтанӣ дорам, аммо алҳол шумо тоқати шунидани онро надоред. 13Вақте ки Рӯҳи ростӣ меояд, Ӯ шуморо сӯи тамоми ростӣ роҳнамоӣ мекунад, зеро Ӯ аз Худ чизе намегӯяд, балки он чиро, ки мешунавад, ба шумо мегӯяд. Ӯ ба шумо дар бораи ҳодисаҳои оянда хабар медиҳад. 14Ӯ Маро шуҳрату ҷалол медиҳад, зеро Ӯ гуфтаҳои Маро гирифта, ба шумо нақл мекунад. 15Ҳар чи Падар дорад, аз они Ман аст. Аз ин сабаб Ман гуфтам, ки Ӯ гуфтаҳои Маро гирифта, ба шумо нақл мекунад.
Ғаму ғусса ба шодӣ табдил меёбад
16Баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид». 17Он гоҳ баъзе аз шогирдон ба ҳамдигар гуфтанд: «Ӯ „баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид“ ва „чунки Ман ба пеши Падар меравам“ гуфта, чиро дар назар дорад? 18Ӯ „андаке“ гуфта чиро дар назар дорад? Мо намефаҳмем, ки Ӯ дар бораи чӣ гуфта истодааст».
19Исо фаҳмид, ки онҳо ба Ӯ савол доданӣ ҳастанд, бинобар ин гуфт: «Шумо аз якдигар мепурсед, ки „баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид“ гуфта, чиро дар назар доштам? 20Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки шумо гиря карда, андӯҳгин мешавед, вале ҷаҳон шодӣ мекунад. Шумо ғамгин мешавед, аммо ғами шумо ба шодӣ мубаддал мегардад. 21Ҳангоми таваллуди кӯдак зан ғамгин мешавад, чун соати азоби вай расидааст, вале вақте ки кӯдакро таваллуд мекунад, дарду азобро фаромӯш карда, шодӣ мекунад, ки инсоне ба дунё омадааст. 22Инак, шумо ҳам ҳоло ғамгин ҳастед, аммо Ман шуморо боз мебинам ва дилҳои шумо шод мегарданд ва он шодиро ҳеҷ кас аз шумо гирифта наметавонад.
23Он рӯз шумо аз Ман чизе намепурсед. Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ҳар чиро ки бо номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо хоҳад дод. 24То ҳол шумо аз номи Ман чизеро талаб накардаед. Талаб кунед ва ба даст меоваред ва шодии шумо пурра мешавад.
Ғалаба бар ҷаҳон
25Ман дар ин бора ба шумо бо масалҳо гуфтам, лекин замоне фаро мерасад, ки ба шумо на бо масалҳо, балки кушоду равшан дар бораи Падар нақл мекунам. 26Дар он рӯз бо номи Ман аз Ӯ талаб мекунед. Ман намегӯям, ки барои шумо аз Падар талаб мекунам, 27зеро Худи Падар шуморо дӯст медорад, ба сабаби он ки шумо Маро дӯст доштед ва имон овардед, ки Ман аз ҷониби Худо омадаам. 28Ман аз ҷониби Падар ба ин ҷаҳон омадаам ва ин ҷаҳонро тарк карда, ба назди Падар меравам».
29«Акнун Ту кушоду равшан ва бе масалҳо гап зада истодаӣ, – гуфтанд ба Ӯ шогирдон. 30– Ҳоло мо фаҳмидем, ки Ту ҳама чизро медонӣ ва ҳоҷати аз Ту пурсидан нест. Бино бар ин, мо имон дорем, ки Ту аз ҷониби Худо омадаӣ». 31«Акнун имон овардед? – гуфт дар ҷавоби онҳо Исо. 32– Инак вақту соате меояд ва он аллакай фаро расидааст, ки ҳамаи шумо пароканда шуда ба хонаҳои худ меравед ва Маро танҳо мегузоред. Вале Ман танҳо нестам, зеро Падар ҳамроҳи Ман аст. 33Ман ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки шумо аз Ман оромӣ пайдо кунед. Дар дунё шуморо азобу уқубат интизор аст, вале шумо далер бошед: Ман бар ин ҷаҳон ғолиб шудаам!»

Zur Zeit ausgewählt:

Юҳанно* 16: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.