Юҳанно* 15

15
Токи ҳақиқӣ ва шохаҳои он
1Исо суханашро давом дода гуфт: «Ман токи ҳақиқӣ ҳастам ва Падари Ман токпарвар аст. 2Ҳар шохаеро, ки дар Ман ҳосил намедиҳад, Ӯ бурида мепартояд ва ҳар шохаи ҳосилдиҳандаро хомток мекунад, то меваи бештаре ба бор оварад. 3Шумо аллакай ба воситаи суханоне, ки Ман ба шумо гуфтаам, пок шудаед. 4Дар Ман бимонед, чунон ки Ман дар шумо ҳастам. Ҳамон тавр ки шоха агар дар ток набошад, аз худ ҳосил ба бор оварда наметавонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед, аз худ самар оварда наметавонед. 5Ман ток ҳастам ва шумо шохаҳо ҳастед. Танҳо онҳое, ки дар Ман ҳастанд ва Ман дар онҳо ҳастам, ҳосили фаровон ба бор меоваранд, чунки бе Ман шумо ҳеҷ коре карда наметавонед. 6Ҳар кӣ дар Ман намонад, мисли шоха партофта шуда, баъд хушк мешавад. Чунин шохаҳоро ҷамъ карда, ба оташ мепартоянду месӯзонанд. 7Агар шумо дар Ман бимонед ва суханони Ман дар шумо бимонанд, ҳар чизеро, ки талаб кунед, бароятон иҷро мешавад! 8Падари Ман бо он шуҳрату ҷалол меёбад, ки шумо самари зиёд меоваред ва бо ин нишон медиҳед, ки шогирдони Ман ҳастед.
9Чӣ тавре ки Падар Маро дӯст медорад, ҳамон тавр Ман ҳам шуморо дӯст медорам. Дар муҳаббати Ман зиндагӣ кунед! 10Ман фармонҳои Падарамро иҷро кардам ва дар муҳаббаташ зиндагӣ мекунам. Ҳамон тавр шумо низ агар фармонҳои Маро иҷро кунед, дар муҳаббати Ман зиндагӣ мекунед. 11Ман инро ба шумо барои он гуфтам, ки шодии Ман дар шумо бошад ва шодиатон комил гардад. 12Фармони Ман ин аст: чунон ки Ман шуморо дӯст медорам, ҳамон тавр шумо якдигарро дӯст доред. 13Вақте ки касе ҷонашро барои дӯстонаш фидо мекунад, аз ин муҳаббати бузургтаре нест. 14Агар фармонҳои Маро иҷро кунед, шумо дӯстони Ман ҳастед. 15Ман дигар шуморо хизматгор наменомам, зеро хизматгор намедонад, ки хоҷаи ӯ ба чӣ кор машғул аст. Лекин Ман шуморо дӯстони Худ мехонам, чунки ҳама чизи аз Падар шунидаамро ба шумо гуфтаам. 16Шумо Маро интихоб накардаед, балки Ман шуморо интихоб карда, таъйин намудаам, ки рафта мева биёред, ки то абад мемонад. Он гоҳ ҳар чи ба номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо медиҳад. 17Пас, фармони Ман барои шумо ин аст, ки ҳамдигарро дӯст доред.
Нафрати ҷаҳон
18Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, донед, ки пеш аз шумо аз Ман нафрат дошта буд. 19Агар шумо аз ин ҷаҳон мебудед, ҷаҳон шуморо ҳамчун аз они худ дӯст медошт. Вале аз сабаби он ки Ман шуморо аз ин ҷаҳон интихоб карда гирифтам ва шумо аз ин ҷаҳон нестед, ин ҷаҳон аз шумо нафрат дорад. 20Дар хотир доред, ки Ман ба шумо чӣ гуфта будам: „Хизматгор аз хоҷаи худ бузургтар нест“. Пас, агар Маро ғаму озор дода бошанд, шуморо низ ғаму озор медиҳанд. Агар суханони Маро иҷро карда бошанд, суханони шуморо низ иҷро мекунанд. 21Аммо мардум ҳамаи инро бо шумо ба хотири Ман мекунанд, чунки Фиристандаи Маро намешиносанд. 22Агар Ман ба ҷаҳон намеомадам ва ба онҳо сухане намегуфтам, онҳо гуноҳе намедоштанд, вале акнун барои сафед кардани гуноҳи худ баҳона надоранд. 23Касе, ки аз Ман нафрат мекунад, аз Падари Ман низ нафрат дорад. 24Агар Ман дар байни онҳо он корҳоеро, ки касе накардааст, намекардам, онҳо гуноҳ намедоштанд. Вале акнун онҳо он корҳоро диданд ва бо вуҷуди ин аз Ман ва ҳам аз Падарам нафрат доранд. 25Ин барои иҷро шудани гуфтаҳои навиштаҷоти онҳо ба амал меояд, ки гуфта шудааст: „Бесабаб аз ман нафрат доштанд“.#15:25 Забур 34:19; 68:5
26Вале Ман ба шумо Пуштибон, яъне Рӯҳи ростиро мефиристам. Ӯ аз ҷониби Падар меояд ва дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. 27Инчунин шумо ҳам шаҳодат медиҳед, зеро шумо аз рӯзҳои аввал бо Ман будед».

Zur Zeit ausgewählt:

Юҳанно* 15: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.