Юҳанно* 17

17
Исо барои шогирдонаш дуо мекунад
1Баъд аз ин суханон Исо ба сӯи осмон нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, вақт фаро расид. Писари Худро шуҳрату ҷалол деҳ, то ки Писар Туро шуҳрату ҷалол бидиҳад, 2чунки Ту бар сари ҳамаи одамон ба Ӯ қудрат додаӣ, то ки Ӯ низ ба ҳамаи касоне, ки ба Ӯ бахшидаӣ, ҳаёти абадӣ диҳад. 3Зеро ҳаёти абадӣ ин аст, ки Туро, Худои ягонаи ҳақиқӣ ва Исои Масеҳро, ки Ту фиристодаӣ, шиносанд. 4Ман бо анҷом додани он коре, ки Ту ба Ман супорида будӣ, Туро дар рӯйи замин шуҳрату ҷалол додам. 5Акнун эй Падар дар назди Худ Маро бо он шуҳрату ҷалоле, ки Ман пеш аз пайдоиши олам дар назди Ту доштам, ҷалол бидеҳ.
6Ман номи Туро ба он касоне, ки Ту аз ҷаҳон гирифта, ба Ман бахшидаӣ, маълум кардам. Онҳо аз они Ту буданду Ту онҳоро ба Ман бахшидӣ ва онҳо каломи Туро риоя карданд. 7Акнун онҳо медонанд, ки ҳама чизи ба Ман додаат, аз они Туст. 8Зеро он каломеро, ки Ту ба Ман додӣ, Ман ба онҳо расондам ва онҳо қабул карда, дар ҳақиқат фаҳмиданд, ки Ман аз назди Ту омадаам ва боварӣ доранд, ки Ту Маро фиристодаӣ.
9Ман барои онҳо дуо мекунам. Ман на барои ҷаҳон, балки барои онҳое дуо мекунам, ки Ту ба Ман додаӣ, чунки онҳо аз они Туанд. 10Зеро ҳамаи онҳое, ки Ман дорам, аз они Туанд ва онҳое, ки Ту дорӣ, аз они Ман ҳастанд ва ба воситаи онҳо Ман шуҳрату ҷалол ёфтам. 11Ман акнун аз ин ҷаҳон меравам ва ба назди Ту бармегардам, вале онҳо дар ин ҷаҳон мемонанд. Эй Падари Пок, бо қудрати номи Худ, ки Ту ба Ман додаӣ, онҳоро муҳофизат бикун, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту бо ҳам як ҳастем. 12То вақте ки Ман бо онҳо будам, онҳоро бо қудрати номи Ту, ки ба Ман бахшидаӣ, муҳофизат ва нигаҳбонӣ кардам. Аз онҳо касе ҳам ҳалок нашуд, ғайр аз як нафар, ки бояд ҳалок мешуд, то ки гуфтаҳои навиштаҷот ба амал оянд. 13Вале акнун Ман назди Ту меравам ва ин чизҳоро ҳанӯз ки дар ин ҷаҳон ҳастам, мегӯям, то ки дилҳои онҳо аз шодии Ман пур шаванд. 14Ман каломи Туро ба онҳо расондаам ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, ҳамон тавр ки Ман ҳам аз ин ҷаҳон нестам. 15Ман талаб намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, аммо мехоҳам, ки онҳоро аз шайтон муҳофизат намойӣ. 16Онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман ҳам аз ин ҷаҳон нестам. 17Ба воситаи ҳақиқат онҳоро барои Худ ҷудо кун, каломи Ту ҳақиқат аст. 18Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодаӣ, ҳамин тавр Ман ҳам онҳоро ба ҷаҳон фиристодаам. 19Ман ба хотири онҳо Худро ба Ту бахшидам, то ки онҳо низ ба воситаи ҳақиқат худро ба Ту бахшида тавонанд.
20Ман на фақат барои онҳо дуо мекунам, балки барои касоне ҳам, ки ба воситаи суханони онҳо ба Ман имон меоваранд. 21Бигзор ҳамаи онҳо як шаванд. Бигзор, чӣ тавре ки Ту, Падар дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту ҳастам, онҳо низ дар Мо бошанд, то ҷаҳон имон оварад, ки Маро Ту фиристодаӣ. 22Ман ба онҳо ҳамон шуҳрату ҷалолеро додаам, ки Ту ба Ман додаӣ, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту як ҳастем. 23Ман дар онҳо ҳастам ва Ту дар Ман ҳастӣ, то ки онҳо дар ягонагии комил бошанду ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодаӣ ва ҳамон тавре ки Маро дӯст медорӣ, онҳоро низ дӯст медорӣ.
24Эй Падар, мехоҳам, онҳоеро, ки Ту ба Ман бахшидаӣ, ҳамроҳи Ман дар он ҷое бошанд, ки Ман мешавам ва он шуҳрату ҷалолеро бубинанд, ки Ту ба Ман додаӣ, зеро Ту Маро пеш аз офариниши олам дӯст доштаӣ. 25Эй Падари одил, ҷаҳон Туро нашинохт, вале Ман Туро мешиносам ва онҳо медонанд, ки Ту Маро фиристодаӣ. 26Ман ба онҳо Туро ошкор кардам ва боз ҳам ошкор мекунам, то он муҳаббате, ки Ту нисбат ба Ман дорӣ, дар онҳо низ бошад ва Ман ҳам дар онҳо бошам».

Zur Zeit ausgewählt:

Юҳанно* 17: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.