Корнома* 9

9
Имон овардани Шоул
1Шоул шогирдони Худовандро бо куштан метарсонд. Ӯ назди саркоҳин омада, 2хоҳиш намуд, ки ба вай барои ҷамоатхонаҳои шаҳри Димишқ номаҳо нависта диҳад, то ҳар касеро, ки пайрави ин Роҳ ёбад, хоҳ мард бошад, хоҳ зан, баста ба Уршалим орад.
3Ҳангоми роҳ рафтан, дар наздикии шаҳри Димишқ, ногаҳон аз осмон нуре пайдо шуда, Шоулро фаро гирифт. 4Ӯ ба замин афтода, овозе шунид, ки мегуфт: «Шоул, Шоул! Чаро Маро озор медиҳӣ?»
5Шоул пурсид: «Эй Аълоҳазрат, Ту кистӣ?»
Овоз дар ҷавоб гуфт: «Ман ҳамон Исоям, ки озораш медиҳӣ. 6Акнун аз ҷоят хеста, ба шаҳр даро. Дар он ҷо ба ту як кас мегӯяд, ки чӣ бояд кунӣ».
7Ҳамсафарони Шоул мисли гунг меистоданд, чунки овозро мешуниданд, аммо касеро намедиданд. 8Шоул аз замин бархоста, чашмонашро кушод, лекин чизеро дида наметавонист. Сипас, вайро аз дасташ гирифта ба Димишқ оварданд. 9Дар он ҷо се рӯз нобино монд ва чизе намехӯрду наменӯшид.
10Инак, дар шаҳри Димишқ Ҳанониё ном шогирде буд. Худованд ба вай аён шуда гуфт: «Ҳанониё!»
Ҳанониё дар ҷавоб гуфт: «Лаббай, Худованд».
11Худованд гуфт: «Бархез ва ба кӯчае, ки Рост ном дорад, бирав! Дар он ҷо хонаи Яҳудоро ёфта, мардеро аз шаҳри Тарсус бипурс, ки Шоул ном дорад. Вай ҳозир дуо мекунад, 12ва ба ӯ аён шуд, ки Ҳанониё ном марде омада, бар ӯ даст гузошта, чашмонашро бино мекунад».
13Ҳанониё гуфт: «Худовандо! Дар бораи ин одам аз бисёр касон шунидам, ки дар Уршалим ба пайравони Ту хеле бадӣ кардааст. 14Дар ин шаҳр низ ӯ аз коҳинони калон иҷозат дорад, ки ҳамаи онҳоеро, ки номи Туро ба забон мегиранд, дастгир намояд».
15Аммо Худованд гуфт: «Бирав! Зеро Ман вайро ҳамчун асбоби Худ интихоб кардаам, то ки номи Маро назди ғайрияҳудиён, подшоҳон ва исроилиён эълон намояд. 16Ман ба ӯ нишон медиҳам, ки ба хотири номи Ман бояд чӣ қадар азоб кашад».
17Ҳанониё рафта, он хонаро ёфту даромад ва бар Шоул даст гузошта гуфт: «Бародар Шоул, Худованд Исо, ки дар роҳ ба ту зоҳир шуд, маро ба наздат фиристод, то ки чашмонат бино шаванд ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ».
18Ҳамон лаҳза аз чашмони Шоул гӯё пардае гирифта шуд ва ӯ бино гардид.
Сипас, Шоул бархеста, таъмид гирифт ва 19хӯрок хӯрда, қувват ёфт.
Шоул дар шаҳри Димишқ
Шоул якчанд рӯз бо шогирдони Исо дар Димишқ монд. 20Вай дарҳол ба ҷамоатхонаҳои яҳудиён рафта, дар бораи Исо гап зад, ки Ӯ Писари Худост. 21Шунавандагон ҳайрон шуда мегуфтанд: «Ин ҳамон одам нест, ки дар Уршалим пайравони ин Шахсро нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ барои ҳамин наомадааст, ки онҳоро дастгир намуда, назди коҳинони калон барад?»
22Шоул рӯз ба рӯз дар эълон кардани хушхабар пурзӯртар мешуд. Вай ба яҳудиёни Димишқ Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо будани Исоро чунон исбот менамуд, ки онҳо дар ҷавоб чизе гуфта наметавонистанд.
23Баъди гузаштани якчанд рӯз яҳудиён қасд карданд, ки Шоулро бикушанд. 24Аммо Шоул аз нияти онҳо хабардор шуд. Азбаски онҳо бо ин мақсад шабу рӯз назди дарвозаи шаҳр истода, ӯро мепоиданд, 25ҳамроҳонаш шабона ӯро ба сабаде гузошта, аз сӯрохии девори шаҳр пойин фуроварданд.
Шоул дар шаҳри Уршалим
26Шоул ба шаҳри Уршалим омада, хост, ки ба шогирдони Исои Масеҳ ҳамроҳ шавад, аммо онҳо аз ӯ тарсиданд. Онҳо бовар намекарданд, ки Шоул шогирди Масеҳ шудааст. 27Лекин Барнаббо ӯро ба назди фиристодагон оварда, ба онҳо нақл намуд, ки чӣ тавр Шоул дар роҳ Худовандро дидаасту Худованд бо ӯ гап задааст ва чӣ гуна вай дар шаҳри Димишқ дар бораи Исо далерона гап мезад.
28Ҳамин тавр Шоул бо шогирдон дар Уршалим рафтуомад карда, дар бораи Худованд далерона гап мезад. 29Вай бо баъзе яҳудиёни юнонизабон гуфтугӯ ва баҳс менамуд, аммо онҳо аз пайи куштани ӯ буданд. 30Имондорон аз ин бохабар шуда, ӯро ба бандари шаҳри Қайсария бурданд ва аз он ҷо ба шаҳри Тарсус гусел карданд.
31Он рӯзҳо аҳли ҷамоати имондорон дар тамоми сарзамини Яҳудияву Ҷалилу Сомара оромӣ ёфта, худотарсона зиндагӣ мекарданду бо ёрии Рӯҳулқудс пурзӯр ва зиёд мешуданд.
Шифо ёфтани Аниёс
32Петрус тамоми ноҳияро гашта, ба назди имондорони шаҳри Лудда омад. 33Дар он ҷо Аниёс ном мардеро дид, ки ҳашт сол боз шал дар ҷогаҳаш мехобид. 34Петрус ба вай гуфт: «Аниёс, Исои Масеҳ туро шифо медиҳад. Бархезу ҷогаҳатро ҷамъ кун».
Марди шал дарҳол аз ҷояш хест. 35Мардуми шаҳри Лудда ва дашти Шорӯн ӯро сиҳат дида, ба Худованд рӯй оварданд.
Зинда шудани Тобито
36Ҳамчунин дар шаҳри Ёфо Тобито ном шогирди Исо зиндагӣ мекард, ки маънои номаш «ғизол» аст. Ӯ зани некукор буда, хайроти зиёд мекард. 37Рӯзе вай бемор шуда мурд. Ҷасади ӯро шуста, дар болохона гузоштанд.
38Шогирдон чун шуниданд, ки Петрус дар шаҳри Лудда аст, ки ба шаҳри Ёфо наздик буд, ду касро ба наздаш фиристода, хоҳиш намуданд, ки зуд ба пеши онҳо биёяд. 39Петрус дарҳол бо онҳо рафт.
Чун расид, ӯро ба болохона бароварданд. Дар болохона бевазанон Петрусро иҳота намуда, гирякунон, ҷомаву куртаҳои дар зиндагияш дӯхтаи Ғизолро ба ӯ нишон медоданд. 40Лекин Петрус хоҳиш намуд, ки онҳо берун бароянд. Сипас, зону зада, дуо кард ва ба ҷасад нигариста гуфт: «Тобито, бархез!»
Тобито чашмонашро кушода, Петрусро дид ва аз ҷояш хеста, нишаст. 41Петрус ӯро аз дасташ гирифта ба по хезонд ва имондоронро ҳамроҳи бевазанон даъват карда, ӯро зинда нишон дод. 42Ин воқеа дар тамоми Ёфо овоза шуд ва одамони бисёре ба Худованд Исо имон оварданд.
43Петрус муддате дар шаҳри Ёфо монд ва дар хонаи Шимъуни чармгар зиндагӣ кард.

Zur Zeit ausgewählt:

Корнома* 9: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.