Корнома* 10

10
Фаришта ба Корнилиюс гап мезанад
1Дар шаҳри Қайсария марде бо номи Корнилиюс зиндагӣ мекард. Ӯ мирисади лашкаре буд, ки Италиявӣ ном дошт. 2Корнилиюс ва тамоми хонаводааш одамони диндору худотарс буданд. Ӯ ба мардум бисёр хайр менамуд ва ҳамеша ба Худо дуо мекард. 3Рӯзе, тақрибан соати се, ба Корнилиюс фариштаи Худо аён шуд ва ба ӯ наздик омада, гуфт: «Корнилиюс!»
4Ӯ тарсон, аз фаришта чашм наканда, гуфт: «Лаббай, эй Аълоҳазрат».
Фаришта ба вай гуфт: «Худо дуоятро шунид ва хайроти туро қабул кард. 5Акнун ба шаҳри Ёфо одам бифирист, то ки Шимъуни лақабаш Петрусро ба наздат даъват кунад. 6Ҳоло ӯ дар хонаи Шимъуни чармгар, ки дар соҳили баҳр мебошад, меҳмон аст».
7Вақте фариштае, ки бо ӯ гап мезад, нопадид шуд, Корнилиюси мирисад ду хизматгор ва як сарбози диндорашро, ки дар хизмати ӯ буд, ҷамъ овард. 8Мирисад тамоми ҳодисаро ба онҳо баён кард ва онҳоро ба шаҳри Ёфо фиристод.
Худо ба Петрус хобе мефиристад
9Рӯзи дигар, нисфирӯзӣ, ҳангоме ки одамони Корнилиюс ба шаҳр наздик мешуданд, Петрус барои дуо болои бом баромад. 10Дар он ҷо ӯ гурусна монд ва хост, чизе бихӯрад. Аммо ҳанӯз хӯрок тайёр нашуда, Петрус ба ҳолати бехудӣ афтод. 11Ӯ дид, ки осмон кушода шуда, аз он чизе ба монанди дастархони калон, ки аз чор гӯшааш овезон буд, ба замин мефарояд. 12Даруни он аз ҳар гуна ҳайвоноти чорпо, хазандагон ва парандагони осмон пур буд. 13Сипас, ӯ овозе шунид, ки мегуфт: «Петрус, хез, куш ва хӯр!»
14Петрус ҷавоб дод: «Ҳаргиз, Худовандо! Ман дар умрам ягон чизи ҳаром ё нопок нахӯрдаам».
15Овоз бори дигар гуфт: «Он чиро, ки Худо ҳалол кардааст, ҳаром нашумор».
16Ин ҳодиса се бор такрор шуд. Сипас, дастархон зуд ба осмон рафт.
17Петрус ҳанӯз дар фикри чизҳои аёншуда буд, ки одамони Корнилиюс хонаи Шимъунро ёфта, ба дарвоза наздик шуданд. 18Онҳо фарёд карданд: «Шимъуне, ки лақабаш Петрус аст, дар ҳамин ҷост?»
19Он гоҳ Рӯҳулқудс ба Петрус, ки ҳанӯз дар бораи чизҳои дидааш фикр мекард, гуфт: «Туро се одам ҷустуҷӯ мекунанд. 20Бархеста, ба наздашон фуро ва бе ягон шубҳа бо онҳо бирав, чунки онҳоро Ман фиристодам».
21Петрус фуромада, ба онҳо гуфт: «Манам он касе, ки меҷӯед. Чӣ хизмат?»
22Онҳо ҷавоб доданд: «Мо аз ҷониби Корнилиюси мирисад омадем, ки марди росткору худотарс буда, дар байни тамоми яҳудиён номи нек дорад. Фариштаи муқаддас ба ӯ фармудааст, ки шуморо ба хонааш даъват намуда, суханонатонро шунавад».
23Пас Петрус онҳоро ба хона таклиф карда, меҳмондорӣ кард.
Рӯзи дигар Петрус бо онҳо ба роҳ даромад. Баъзе имондорони шаҳри Ёфо ба вай ҳамроҳ шуданд. 24Пас аз як рӯз онҳо ба Қайсария расиданд. Корнилиюс хешу табору дӯстони наздикашро ҷамъ оварда, интизори Петрус ва ҳамроҳонаш буд. 25Вақте ки Петрус ба ҳавлӣ даромад, Корнилиюс назди пойҳои ӯ афтода, саҷда кард. 26Аммо Петрус ӯро хезонда, гуфт: «Бархез, ман ҳам одам ҳастам».
27Сипас, Петрус бо Корнилиюс гапзанон ба хона даромада, дид, ки мардуми зиёде ҷамъ омадаанд. 28Инак ба онҳо гуфт: «Чунон ки медонед, ба яҳудиён бо ғайрияҳудиён рафтуомад кардану ба хонаи онҳо даромадан манъ аст. Аммо Худо ба ман нишон дод, ки касеро ифлос ё нопок наҳисобам. 29Бинобар ин, вақте ки даъват карданд, бечуну чаро омадам. Акнун гӯед, ки ба ман чӣ кор доштед?»
30Корнилиюс ҷавоб дод: «Чор рӯз пеш ман дар хонаам дуо мекардам. Соат мисли ҳозир наздики се буд. Баногоҳ дар наздам марде пайдо шуд, ки либоси дурахшон дар бар дошт. 31Ӯ ба ман гуфт: „Корнилиюс, Худо дуои туро шунид ва хайроти туро қабул кард. 32Акнун ба шаҳри Ёфо одам фиристода, Шимъунро, ки лақабаш Петрус аст, даъват бикун. Ҳоло ӯ дар хонаи Шимъуни чармгар, ки дар соҳили баҳр мебошад, меҳмон аст“. 33Бино бар ин, дарҳол ба наздат одам фиристодам ва ту нағз кардӣ, ки омадӣ. Ҳоло мо ҳама дар ҳузури Худо ҷамъ омадем, то ҳар чи ки Худованд ба ту фармудааст, бишнавем».
34Петрус суханашро сар кард: «Ана акнун фаҳмидам, ки дар ҳақиқат Худо ба касе рӯйбинӣ намекардааст, 35балки одамони худотарсу росткорро аз ҳама халқҳо қабул мекардааст. 36Хушхабари сулҳу осоиш ба воситаи Худованди ҳамагон – Исои Масеҳ дода шуд ва шумо аз ин паём, ки Худо ба халқи Исроил фиристод, бохабар ҳастед. 37Шумо медонед, пас аз он ки Яҳё одамонро ба таъмид даъват намуд, аз сарзамини Ҷалил сар карда, то саросари сарзамини Яҳудия чӣ рӯй дод. 38Яъне медонед, ки Худо ба Исои Носирӣ Рӯҳулқудс ва қувва бахшид. Исо ҳар сӯ сафар карда, корҳои нек анҷом дод ва ҷинзадагонро раҳо кард, чунки Худо бо Ӯ буд. 39Мо худ ба ҳама коре, ки Ӯ дар кишвари яҳудиён ва шаҳри Уршалим кард, шоҳид ҳастем. Исои Масеҳро ба салиб овехта куштанд, 40вале Худо Ӯро дар рӯзи сеюм зинда кард ва ба одамон зоҳир намуд. 41Аммо на ба тамоми халқ, балки танҳо ба шоҳидоне, ки Худо пешакӣ интихоб намуд, яъне ба мо, ки пас аз зинда шуданаш бо Ӯ мехӯрдему менӯшидем. 42Сипас, Ӯ ба мо фармон дод, ки ба мардум чунин эълон намуда шаҳодат диҳем: Исои Масеҳ ҳамон Таъйиншудаи Худост, ки зиндагону мурдагонро доварӣ мекунад. 43Ҳамаи пайғамбарон дар бораи Ӯ шаҳодат додаанд, ки касе ба Ӯ имон оварад, ба воситаи номи Ӯ гуноҳҳояш бахшида мешавад».
Рӯҳулқудс ғайрияҳудиёнро фаро мегирад
44Ҳанӯз Петрус суханашро тамом накарда, Рӯҳулқудс бар ҳамаи шунавандагони каломи Худо фуруд омад. 45Яҳудиёни имондор, яъне ҳамроҳони Петрус дар ҳайрат афтоданд, ки Рӯҳулқудс ҳатто ба ғайрияҳудиён ато мешудааст. 46Зеро онҳо бо гӯшҳои худ мешуниданд, ки ғайрияҳудиён бо ҳар гуна забонҳо гап мезананду Худоро ситоиш мекунанд. Сипас, Петрус гуфт: 47«Чунон ки Рӯҳулқудс ба мо ато шуда буд, ба инҳо низ дода шуд. Оё акнун касе метавонад, ба онҳо зиддият намояд, ки таъмид гиранд?»
48Инро гуфта, Петрус фармуд, ки онҳо ба номи Исои Масеҳ таъмид гиранд. Сипас, аз Петрус хоҳиш намуданд, ки якчанд рӯз бо онҳо бимонад.

Zur Zeit ausgewählt:

Корнома* 10: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.