Корнома* 8

8
Азобҳо имондоронро пароканда мекунад
1Шоул низ тарафдори куштани Истефанус буд.
Аз ҳамон рӯз сар карда дар шаҳри Уршалим аҳли ҷамоати имондоронро сахт озор медоданд. Ғайр аз фиристодагон ҳамаи имондорон ба шаҳру деҳоти сарзамини Яҳудия ва Сомара пароканда шуданд. 2Ҳамзамон мардони худотарс омада, Истефанусро ба хок супурданд ва барои ӯ мотам гирифта, сахт гиря карданд. 3Шоул бошад аз пайи нобуд кардани аҳли ҷамоати масеҳиён буд. Ӯ хона ба хона гашта мардону занонро кашола карда, бурда ба зиндон меандохт.
4Дар баробари ин парокандашудагон, ба ҳар ҷое ки мерафтанд, хушхабар мерасонданд. 5Филиппуси шогирди Исо низ дар яке аз шаҳрҳои Сомара ба одамон дар бораи Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо гап мезад. 6Вақте ки мардум суханони Филиппусро шуниданд ва диданд, ки муъҷизаҳо нишон медиҳад, ба суханонаш якдилона ва бодиққат гӯш медоданд. 7Рӯҳҳои нопок бо доду фиғон аз ҷинзадагон берун мешуданд. Маъюбону шалҳои зиёде шифо меёфтанд ва 8дар тамоми шаҳр хурсандии бузурге ҳукмфармо буд.
Беҳурматии Шимъуни ҷодугар ба Худо
9Он вақт дар шаҳр Шимъун ном марде буд, ки мардуми Сомараро бо ҷодугарӣ дар ҳайрат мегузошт ва худро чун шахси бузург вонамуд мекард. 10Ҳама хурду калон ба ӯ бодиққат гӯш мекарданд ва мегуфтанд, ки вай қувваи бузурги Худост. 11Шимъун солҳои зиёд ҳамаро бо сеҳру ҷодуи худ ҳайрон мекард ва аз ин сабаб мардум ба ӯ бодиққат гӯш мекарданд. 12Вале чун ба хушхабари Филиппус дар бораи Подшоҳии Худо ва Исои Масеҳ гӯш дода, имон оварданд, мардону занон таъмид гирифтанд. 13Шимъун ҳам бовар кард. Вай низ таъмид гирифта, аз Филиппус дур намешуд, зеро аз дидани чунин муъҷизаву аломатҳои бузург дар ҳайрат монда буд.
14Дар шаҳри Уршалим фиристодагон чун шуниданд, ки мардуми Сомара ба каломи Худо имон оварданд, ба наздашон Петрусу Юҳанноро фиристоданд. 15Онҳо расидан замон барои имондорони сомарӣ дуо карданд, то ба онҳо низ Рӯҳулқудс ато шавад, 16зеро дар Сомара ҳанӯз Рӯҳулқудс ба касе фуруд наомада буд. Онҳо фақат ба номи Худованд Исо таъмид гирифта буданд. 17Сипас, фиристодагон бар онҳо даст гузоштанд ва ба онҳо Рӯҳулқудс дода шуд. 18Шимъун чун дид, ки ба воситаи дастгузории фиристодагон Рӯҳ дода мешавад, ба онҳо пул оварда, 19гуфт: «Ба ман ҳам чунин қудрат диҳед, то ба ҳар кас, ки даст гузорам, Рӯҳулқудс дода шавад».
20Аммо Петрус дар ҷавоб гуфт: «Пулат аз сарат монад. Ту гумон мекунӣ, ки туҳфаи Худоро бо пул харида метавонӣ?! 21Дар ин масъала ба ту ҳаққу ҳиссае нест, чунки дилат дар назари Худо сиёҳ аст. 22Аз бадии кардаат тавба намуда, ба Худованд дуо кун, шояд ин нияти бади дилатро бубахшад. 23Мебинам, ки дилат пур аз ҳасад ва ту пойбанди гуноҳ ҳастӣ».
24«Дар ҳаққи ман ба Худованд дуо кунед, – хоҳиш кард Шимъун, – то аз он чи гуфтед, чизе ба сарам наояд».
25Сипас, фиристодагон дар бораи Исои Масеҳ шаҳодат дода, каломи Худовандро паҳн карданд ва гашта ба Уршалим равона шуданд. Онҳо роҳравон дар бисёр деҳоти сарзамини Сомара хушхабар мерасонданд.
Имон овардани хазинадор
26Фариштаи Худованд ба Филиппус чунин гуфт: «Бархезу бо роҳи биёбон, ки аз Уршалим ба шаҳри Ғазза меравад, ба ҷануб бирав».
27-28 Ӯ бархоста равона шуд. Дар роҳ ӯ марди ҳабашиеро дид, ки барои парастиш ба Уршалим сафар карда, акнун ба ватанаш бармегашт. Он мард хизматгор ва нигаҳбони хазинаи Кандока – маликаи кишвари Ҳабашистон буд. Вай бар аробааш нишаста, китоби пайғамбар Ишаъёро мехонд. 29Рӯҳулқудс ба Филиппус гуфт: «Ба ароба наздик шуда, баробари он бирав».
30Филиппус давида ба он наздик шуд ва шунид, ки марди ҳабашӣ китоби пайғамбар Ишаъёро мехонад. Филиппус аз вай пурсид: «Оё маънои он чиро, ки мехонӣ, мефаҳмӣ?»
31Марди ҳабашӣ ҷавоб дод: «Агар касе ба ман нафаҳмонад, чӣ хел фаҳмам?» Пас аз Филиппус хоҳиш намуд, ки ба ароба савор шуда, бо вай нишинад. 32Порчае, ки марди ҳабашӣ аз навиштаҷот мехонд, ин буд:
«Ӯ чун гӯсфанде, ки ба куштан бурда мешавад, хомӯш буд
ва мисли баррае дар назди пашмтарошон даҳонашро накушод.
33Ӯро паст заданд ва аз рӯйи инсоф ҳукм накарданд.
Кӣ метавонад дар бораи насли Ӯ сухан гӯяд?
Зеро ҳаёти Ӯ аз замин канда шуд»#8:33 Ишаъё 53:7-8.
34Хазинадор аз Филиппус пурсид: «Хоҳиш мекунам, бигӯ, ки ин суханро пайғамбар дар бораи худаш гуфтааст ё каси дигар?»
35Филиппус аз ҳамин порчаи навиштаҷот сар карда ба вай дар бораи Исо хушхабар расонд. 36-37 Инак, роҳравон онҳо ба ҷойи серобе расиданд ва хазинадор гуфт: «Ана об! Чаро таъмид нагирам?!»
38Сипас, ӯ фармуд, ки аробаро боздорад ва ҳар ду – Филиппус ва хазинадор, ба об даромаданд. Филиппус ӯро таъмид дод. 39Чун аз об баромаданд, Рӯҳи Худованд Филиппусро гирифта бурд. Хазинадор дигар ӯро надид ва роҳашро хурсандона давом дод. 40Филиппус бошад, дар шаҳри Ашдӯд пайдо шуд. Ӯ шаҳр ба шаҳр гашта то рӯзе, ки ба шаҳри Қайсария расид, дар ҳама ҷо хушхабар эълон мекард.

Zur Zeit ausgewählt:

Корнома* 8: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.