Корнома* 7

7
Истефанус ба шӯрои пирон сухан мегӯяд
1Сипас, саркоҳин аз Истефанус пурсид: «Ин гап рост аст?»
2Истефанус дар ҷавоб гуфт: «Бародарон ва падарон, гӯш кунед! Вақте ки бобокалони мо Иброҳим дар кишвари Байнаннаҳрайн зиндагӣ мекард, яъне, пеш аз он ки ба шаҳри Ҳорон кӯчад, Худои Бузург ба ӯ зоҳир шуда гуфт: 3„Ватан ва хешу таборатро гузошта, ба замине, ки ба ту нишон медиҳам, бирав“#7:3 Ибтидо 12:1. 4Ҳамин тавр Иброҳим кишвари калдониён, яъне Байнаннаҳрайнро тарк намуда, дар Ҳорон истиқомат кард. Баъди вафоти падараш Худо ӯро аз он ҷо ба замине, ки шумо ҳоло дар он зиндагӣ мекунед, кӯчонид. 5Лекин аз он барои соҳибӣ карданаш ба андозаи як пайи пой ҳам ба ӯ замин надодааст, балки ваъда додааст, ки ин заминро ба ӯ ва сипас ба насли ӯ хоҳад бахшид. Гарчанде ки Иброҳим ҳанӯз фарзанд надошт, 6Худо ба ӯ чунин гуфт: „Насли ту дар сарзамини бегона ғариб хоҳад шуд. Онҳоро ғулом намуда, чорсад сол азоб медиҳанд. 7Лекин Ман халқеро, ки онҳоро ғулом мегардонад, ҷазо медиҳам ва баъд аз ин насли ту аз он кишвар баромада дар ин ҷо Маро парастиш мекунанд“#7:7 Ибтидо 15:13-14. 8Худо ҳамчун нишони паймон бо Иброҳим аҳди хатнаро баст. Бинобар ин, Иброҳим, вақте ки падари Исҳоқ шуд, ӯро дар ҳаштрӯзагиаш хатна кард. Дертар Исҳоқ падари Яъқуб шуд. Яъқуб бошад, падари дувоздаҳ ниёгони мо гардид.
9Падарони мо ҳасад бурда, додари худ Юсуфро ҳамчун ғулом ба Миср фурӯхтанд. Аммо Худо бо Юсуф буд 10ва ӯро аз ҳамаи ғамҳояш халос намуд. Худо ба Юсуф дар назари фиръавн, яъне подшоҳи Миср лутфу меҳрубонӣ ва ҳикмату ҳурмат бахшид. Бино бар ин, подшоҳ Юсуфро бар Миср ва дарбораш сардор таъйин кард. 11Инак дар тамоми сарзамини Миср ва Канъон гуруснагӣ сар зада, боиси азоби зиёде гардид. Падарони мо ба худ хӯроке намеёфтанд. 12Яъқуб чун шунид, ки дар Миср гандум будааст, падаркалонҳои моро бори аввал ба он ҷо фиристод. 13Лекин, вақте ки бори дуввум ба Миср омаданд, Юсуф худро ба онҳо ошкор кард ва хонаводаи Юсуф ба фиръавн маълум гардид. 14Сипас, Юсуф одам фиристод, то ки падараш Яъқубро бо тамоми хонаводааш, ки ҳамагӣ ҳафтоду панҷ кас буданд, даъват намояд. 15Яъқуб ба Миср омад ва дар он ҷо ӯ ва падаркалонҳои мо аз олам чашм пӯшиданд. 16Ҷасади онҳоро ба сарзамини Канъон – шаҳри Шакем бурда, дар қабре, ки Иброҳим аз писарони Ҳамур бо нуқра харида буд, гузоштанд.
17Чун вақти иҷро шудани ваъдаи Худо, ки ба Иброҳим дода буд, наздик шуд, халқи мо дар Миср меафзуд ва бузург мешуд. 18Рӯзе ба тахти кишвари Миср фиръавни нав, яъне шоҳи нав нишаст, ки Юсуфро намешинохт. 19Ӯ падарони моро ба танг меовард, фиреб медод ва маҷбур мекард, ки кӯдакони навзоди худро бароварда ба марг супоранд.
20Он рӯзҳо Мусо ба дунё омад. Ӯ кӯдаки хеле зебо буд. Се моҳ ӯро дар хонаи падараш нигаҳбонӣ карданд. 21Баъд берун бароварда, ба ҷое гузоштанд ва духтари фиръавн ӯро гирифта ҳамчун писари худ калон кард. 22Мусо тамоми ҳикмати Мисрро аз худ карда, дар гуфтору кирдор пурзӯр шуд. 23Дар чилсолагиаш хост бародарони худ, яъне исроилиёнро хабар гирад. 24Чун дид, ки марди мисрие як марди исроилиро азоб медиҳад, тарафдорӣ намуд ва аз шахси мисрӣ қасос гирифта ӯро кушт. 25Мусо фикр кард, ки бародаронаш мефаҳманд, ки Худо онҳоро ба воситаи ӯ наҷот медиҳад, аммо онҳо нафаҳмиданд. 26Рӯзи дигар Мусо дид, ки ду исроилӣ кашмакаш мекунанд, ва онҳоро оштӣ доданӣ шуда гуфт: „Эй мардҳо, чаро ҳамдигарро меранҷонед, охир шумо бародар ҳастед-ку?“
27Аммо марде, ки зӯрӣ мекард, Мусоро тела дода гуфт: „Кӣ туро бар мо раису довар мондааст?! 28Ё мехоҳӣ, ки маро ҳам мисли он мисрии дирӯза бикушӣ?!#7:28 Хуруҷ 2:14
29Мусо ин суханонро шунида, аз кишвари Миср гурехт ва дар сарзамини Мидён ғариб шуд. Дар он ҷо ду писари ӯ таваллуд шуд. 30Аз байн чил сол гузашт. Рӯзе дар биёбон – назди кӯҳи Сино фариштае аз миёни шӯълаҳои оташе, ки аз як бутта мебаромад, ба вай зоҳир шуд. 31Ин ҳодисаро дида Мусо ҳайрон шуд. Чун наздиктар мерафт, то ки онро беҳтар бинад, овози Худовандро шунид: 32„Ман Худои падаронат – Худои Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам“#7:32 Хуруҷ 3:6. Мусо аз тарс меларзид ва ҳатто ба он нигоҳ карда наметавонист. 33„Пойафзолатро каш, – гуфт Худованд, – зеро ҷойи истодаат муқаддас аст. 34Ман тангии халқамро дар Миср бо чашми Худ дидам ва оҳу нолаи онҳоро шунида фуруд омадам, то ки онҳоро халос кунам. Акнун биё, Ман туро ба Миср мефиристам“#7:34 Хуруҷ 3:5, 7-8, 10.
35Худо ба воситаи фариштае, ки дар буттаи сӯхтаистода зоҳир шуд, Мусоро ҳамчун раис ва халосгар ба назди исроилиён фиристод, худи ҳамон Мусоро, ки онҳо „кӣ туро бар мо раису довар мондааст“ гуфта рад карда буданд. 36Ҳамин Мусо ҳам дар Миср, ҳам дар назди баҳри Сурх ва ҳам дар биёбон дар давоми чил сол муъҷизаву аломатҳои зиёд нишон дода, одамонро берун овард. 37Ҳамин Мусо ба исроилиён гуфта буд: „Худо аз байни халқатон ба шумо Пайғамбаре ба мисли ман ба миён хоҳад овард“#7:37 Такрори Шариат 18:15. 38Ҳамин Мусо мардумро дар биёбон ҷамъ овард. Сипас, дар кӯҳи Сино Худо ба воситаи фаришта бо вай гап зад, то ки Мусо каломи ҳаётбахши Худоро ба мо расонад. 39Аммо падарони мо ба Мусо итоат кардан нахостанд, балки ӯро рад намуда, дар дил хостанд, ки ба Миср баргарданд. 40Онҳо ба бародари Мусо Ҳорун чунин гуфтанд: „Барои мо худоёне бисоз, то ки пешопешамон бираванд. Охир, бо ин Мусо, ки моро аз Миср баровард, намедонем, чӣ ҳодиса рӯй дод!“#7:40 Хуруҷ 32:1, 23 41Он рӯзҳо исроилиён ба худ буте ба шакли гӯсола сохтанд ва ба он бут қурбонӣ карда, аз кори дасти худ шод шуданд ва рақсу бозӣ карданд. 42Аммо Худо аз онҳо рӯй гардонда вогузошт, ки онҳо ба парастиши ситорагони осмон сар кунанд. Чунон ки сухани Худо дар китоби пайғамбарон омадааст:
„Эй хонадони Исроил!
Оё дар давоми чил сол, ки дар биёбон будед,
қурбониву ҳадяҳоро ба Ман меовардед?
43Шумо хаймаи Малук, ситораи худоятон Рифон
– бутҳоеро, ки барои парастиш сохтед, бардошта мегаштед.
Бино бар ин, шуморо дар ҷое асир хоҳам кард,
ки аз кишвари Бобил дуртар бошад“.#7:43 Омӯс 5:25-27
44Охир, дар биёбон падаронамон хаймаи шаҳодат доштанд, ки Мусо онро бо фармони Худо аз рӯйи намунаи дидааш бунёд карда буд. 45Падаронамон онро таҳти роҳбарии Юшаъ ба сарзамини Канъон оварданд, ки халқҳои он ҷоро Худо пешопеши исроилиён бадар меронд. Инак, то замони шоҳ Довуд ҳамин хаймаи Худо дар байни мардум буд. 46Сипас, шоҳ Довуд, ки дар назари Худо лутфу меҳрубонӣ пайдо карда буд, аз Худо хоҳиш намуд, ки барои Ӯ, яъне барои Худои Яъқуб хонае бисозад. 47Дар охир на Довуд, балки шоҳ Сулаймон ба Ӯ хона бино кард. 48Аммо Худои Таоло дар хонаҳое, ки бо дасти одамизод сохта шудаанд, зиндагӣ намекунад. Дар ин бора аз забони пайғамбар чунин омадааст:
49„Осмон тахти Ман аст ва замин пойандозам.
Чӣ гуна хона барои Ман сохта метавонед? – мегӯяд Худованд.
– Куҷо ҷойи истироҳати Ман шуда метавонад?
50Оё ҳамаи инро дастони Ман наофаридаанд?“#7:50 Ишаъё 66:1-2
51Шумо мардуми саркаш ҳастед, ки дилу гӯшҳоятон хатна нашудааст. Шумо мисли падарони худ ҳамеша ба Рӯҳулқудс зиддият мекунед. 52Кадом пайғамбарро медонед, ки ӯро падарони шумо озор надода бошанд? Падарони шумо ҳамаи онҳоеро, ки омадани Росткорро пешгӯйӣ мекарданд, мекуштанд. Акнун шумо Худи Росткорро таслим карда куштед. 53Шумо шариатро, ки ба воситаи фариштагон бароятон дода шуда буд, қабул намудед, лекин онро иҷро накардед».
Истефанус кушта мешавад
54Ҳозирон ин суханро шунида аз хашм дандонҳояшонро ғиҷиррос мезанонданд. 55Истефанус, ки аз Рӯҳулқудс пур шуда буд, ба осмон нигоҳ карда, шукӯҳу ҷалоли Худоро дид ва Исоро, ки аз дасти рости Худо меистод.
56«Нигаред! – гуфт Истефанус, – осмонро кушода мебинам ва Писари Одамизодро, ки аз дасти рости Худо меистад».
57Аммо онҳо гӯшҳояшонро маҳкам карда, бо доду фарёд ба ӯ дарафтоданд. 58Сипас, ӯро аз шаҳр берун бароварда, сангсор карданд. Дар ин ҳангом он шоҳидони бардурӯғ, ки Истефанусро туҳмат карданд, ҷомаҳои худро пеши пойҳои ҷавонмарде гузошта буданд, ки Шоул ном дошт. 59Мардум Истефанусро сангсор мекарданд, лекин ӯ дуо мегуфт: «Эй Худованд Исо, рӯҳи маро қабул кун!»
60Сипас, ба зону афтода, бо овози баланд гуфт: «Худовандо, ин гуноҳро бар дӯши онҳо нагузор».
Инро гуфту ҷон дод.

Zur Zeit ausgewählt:

Корнома* 7: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.